Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зӯроварӣ дар хона: Ҳамагӣ 4 парванда аз 100 шикоят


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Танҳо дар шаҳри Хуҷанд беш аз 100 нафар аз хушунати оилавӣ ба мақомот шикоят бурдаанд, вале танҳо алайҳи 4 мард бо иттиҳоми азобу уқубат додани ҳамсаронаш парванда боз кардаанд.

Дар ҳамоише дар шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи ҷилавгирӣ аз хушунати оилавӣ гуфта шуд, ки сари вақт ва дар чорчӯби қонун нарасидани мақомот ба мушкили ҷабрдидагон ва ба истилоҳ “оштӣ” додани зану шавҳар боис шуда, ки ин мушкил дар хонаводаҳои тоҷик зиёд ва “доғ” боқӣ мемонад.

Ҷилавгирӣ аз хушунати оилавӣ бо роҳи такмил ва иҷрои қонун ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа барои коҳиши ин мушкил дар як ҳамоише дар шаҳри Хуҷанд бо ибтикори “Маркази дифоъ аз ҳуқуқи инсон” вабо иштироки намояндагони мақомоти пулис, ваколатдори оид ба ҳуқуқи инсон, ҳуқуқшиносону вакилони мудофеъ ва коршиносони умури занон рӯзи 16 - уми ноябр мавриди баҳс қарор гирифт.

Наандешидани чораҳои муаассири қонунӣ ва саривақтӣ аз ҷониби пулис ва бепарвоии ҷомеа, аз нигоҳи масъулон ва коршиносони умури хушунати оилавӣ, боиси афзудани мавориди зӯроварӣ дар оилаҳои тоҷик мегардад. Ба гуфтаи онҳо, бештари қазияҳои зӯроварӣ дар оила, умдатан лату кӯби занон аз суи шавҳарон дар марҳалаҳои аввал фақат бо “гургоштӣ” - и ҷонибҳои мухолиф фарҷом ёфта,ҳамсарони ҷабрдида боз ҳам осебпазир боқӣ мемонанд.

Нозимҷон Турсунов, муовини сардори бахши кор бо ноболиғон ва ҷавонон дар раёсати корҳои дохилии Суғд мегӯяд, дар 9 моҳи аввали соли равон танҳо дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, ба мақомоти пулис беш аз 100 аризаи шаҳрвандон дар мавриди хушунати оилавӣ дастрас гашт. Вале ба гуфтаи вай, танҳо 4 парвандаи ҷиноӣ алайҳи мардони хонавода бо иттиҳоми “қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ” ва “азобу уқубат додан” боз карда шуд. Мусоҳибам афзуд, 35 нафар бо пардохти ҷарима халос хӯрданд ва беш аз 70 қазия, умдатан зӯроварии шавҳар алайҳи ҳамсар бо роҳи сулҳу салоҳи ҷонибҳо поён ёфт.

Шикоятҳои занон то додгоҳ намерасанд.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:37 0:00

Муҳофизони муҳаллии ҳуқуқи башар мегӯянд, дар ин гуна мавридҳо баъди ба ном “оштӣ”- и зану шавҳар дар идораи пулис хушунат дар оила ҳамчунон боқӣ монда ва дар баъзе маворид бо оқибатҳои сангине, мисли лату кӯби шадид ё куштори зан аз суи шавҳар ё худкушии яке аз онҳо поён меёбад.

Баррасии хушунати хонаводагӣ дар ҳамоише дар шаҳри Хуҷанд
Баррасии хушунати хонаводагӣ дар ҳамоише дар шаҳри Хуҷанд

Ба унвони мисол, моҳе қабл як марди 65 сола дар пайи ҷанҷолҳои оилавӣ сари соҳибӣ ба манзили меросӣ дар маркази шаҳри Хуҷанд дар ҳолати мастӣ бо табар хоҳари 61 соли худро дар ҳузури чандин нафар сар бурид.Ин дар ҳоле ки Маркази дифоъ аз ҳуқуқи инсон дар Хуҷанд мегӯяд, шикояти хоҳари кушташудаи ин хонавода қаблан то мақомот рафта, пулис метавонист ҷиҳати муҳофизати вай чораҳое биандешад. Аз нигоҳи ҳуқуқшиносони ин марказ - Назаршейх Назаров, яке аз ин гуна чораҳои пешбининамудаи қонун судури “амрномаи муҳофизат” аз ҷониби пулис алайҳи шахси хушунатдида аст, ки хеле кам ба иҷро мерасад.

Вай афзуд, “Ба ҷои ин нозири минтақавӣ аз тарафҳо, масалан - зану шавҳар як баёнот мегирад, вассалом. Ҳол он ки аз чунин беаҳамиятӣ шахси зӯровар дар оила ба сари ҷабрдида боз мушт мебардорад, фардо ба сараш ягон фалокати вазнин оварданаш мумкин аст. Ё ки ҷабрдида баъди як бору ду бор муроҷиат аз ҷабру зӯроварии шахси наздикаш ва чора надидани мақомот ба ягон амали бад, масалан худкушӣ даст мезанад. Ин гуна мисолҳо кам нестанд.”

Дар Тоҷикистон дар соли 2013 Қонун “Дар бораи пешгирӣ аз зӯроварӣ дар оила” қабул шуда, як банди он содир кардани “амрномаи муҳофизатӣ” – ро дар тӯли 24 шабонарӯзи баъди қабули аризаи ҷабрдида аз хушунати оилавӣ пешбинӣ мекунад.

Ба гуфтаи ҷаноби Назаров, “амрномаи муҳофизатӣ” шахси зӯровар дар оиларо ба таври хаттӣ дар тӯли 15 – 30 шабонарӯз аз тарки шаробнӯшӣ ё дигар одати бад, суҳбат, таҳдид, тамоси телефонӣ, таъқиб ва озору азияти шахси ҷабрдида дар ин муддат манъ мекунад. Дар ҳолати риоят нашудани он ва такрори зӯроварӣ нисбат ба ҳамсар ё дигар тан аз пайвандон мақомоти пулис ба ӯ ҷазои сахттар - ҷарима ва дар сурати боз ҳам такрори бадрафторӣ ҳабси кӯтоҳмуддат таъин мекунад. Вале мусоҳибам афзуд, ин чора умдатан рӯи коғаз мондааст ва нозирони минтақавии пулис аз он алайҳи хушунати оилавӣ тақрибан кор намебаранд.

Наргис Ҷӯраева, ҳуқуқшиноси маркази занони “Гулрухсор” дар Хуҷанд, ки ба занони дар оила озору зӯровардида паноҳгоҳ медиҳад ва ёриҳои ҳуқуқӣ мерасонад, бепарвоии ваколатдорони ҷомеаро аз “оилаҳои носолим” як сабаби афзуданимавридҳои зӯроварӣ дар чунин хонаводаҳои тоҷик медонад. Вай мегӯяд, “масалан, Қонун “Дар бораи пешгирӣ аз зӯроварӣ дар оила” ба сардорони маҳаллаҳо ваколат додааст, ки аз оилаҳои носолим, ки байни аъзои оила хушунату ҷанҷолҳо ҳаст, хабар бигиранд, аз ҳоли чунин оилаҳо бохабар бошанд ва ба хотири пешгирӣ аз зӯроварӣ дар чунин оилаҳо мақомоти дахлдорро расман дар ҷараён гузоранд. Чунки аз рӯи урфу одат, халқи тоҷик сирри хонаро ба берун баровардан намехоҳад. Масалан, як зан бо сару рӯи доғдор аз лату кӯби шавҳараш солҳо мегардад ва тоқат мекунад. Вале чаро сардорони маҳалла худро канор мегиранд ва хомӯшанд ва ҳатто нозири минтақавиии худро огоҳ намекунанд?”

Аммо аз нигоҳи бархе кормандони пулис, серкории аз ҳад зиёди онҳо, ҷалби онҳо ба ҳайси нозири тартибот дар ҷашну ҷашнвораҳо ва ҳамчун “натиҷаи корӣ” баршумурда нашудани пешгирӣ аз зӯроварию хушунат дар оила онҳоро ба зуд поён додани қазияҳои ҷанҷолу зӯровариҳо дар хонавода умдатан бо роҳи “оштӣ” додани зану шавҳар ё дигар пайвандон водор мекунад. Мушкили зӯроварӣ дар оила он гоҳ ҷиддӣ гирифта мешавад, ки кор аз кор гузаштаву зӯровар ҷабрдидаро маъюб карда ё ба қатл мерасонад.

XS
SM
MD
LG