Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД: "Нигора Қулиева бо 19 зарби корд кушта шудааст"


Мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 3-юми октябр гуфтанд, ки Маҷид Бердиев, сокини шаҳри Истаравшан, ҳамсари собиқаш Нигора Қулиеваро бо 19 зарби корд куштааст. Ҳодисаи куштори Нигора Қулиева соати 11-и рӯзи 2-юми октябр дар наздикии маркази тиҷоратии “НОНО”-и шаҳри Истаравшан рух дод.

Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон менависад, Маҷид Бердиев "ба ҷойи кори собиқ ҳамсараш, зани 40-сола, соҳибкор, ба кӯчаи Умарови шаҳри мазкур омада, аз сабаби ҳиссиёти рашк, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум намудан, бо корди хоҷагии дар дасташ буда, 19-маротиба ба аъзои бадани ӯ задааст.”

Ба гуфтаи манбаъ, зан дар ҷойи ҳодиса ҷони худро аз даст дода, шавҳараш боздошт ва алайҳи бо иттиҳоми одамкушӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар сурати исботи гуноҳ, Маҷид Бердиев аз 15 сол то ҳабси якумрӣ ба зиндон маҳкум мешавад. Ба иттилои Вазорати умури дохилӣ, Маҷид Бердиев қаблан низ бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ шуда буд.

XS
SM
MD
LG