Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Модарҷон, ваъдаи 100-дарсадӣ аст, кӯдаконро медиҳанд" – Ҷузъиёти қатли Моҳира. ВИДЕО


Акси Моҳира Ятимоваро наздиконаш дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд

Пас аз 6 рӯзи қатли Моҳира Ятимова, хонаводаи ҳамсари собиқаш Бобоҷон Ширинзода дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳеҷ интизор надоштанд, ки чунин фоҷеае рух медиҳад. Зани 33-солае, ки бо ҳамсари собиқ барои ҳаққи дидор бо ду писараш даъво дошт, шоми 6-уми июн ба қатл расид.

  • Моҳира Ятимова шоми шашуми июн бо 11 зарби корд кушта шуд. Бо гумони содир кардани ин куштор Бобоҷон Ширинзода, ҳамсари собиқ ва корманди пешини Додгоҳи олии Тоҷикистон боздошт гардидааст.
Модараш таъкид кардааст, ки "духтарҷон, рӯзадорӣ, бояд ифтор кунӣ, намозат мондааст. Гуфтааст: "модарҷон, ваъдаи саддарсадӣ аст, кӯдаконро медиҳанд" ва рафтааст.

Дар манзили Шириновҳо ҳам аксарият рӯҳафтода ва ғамзада ҳастанд. Писарони Моҳира Ятимова ҳам дар ҳамин ҷо ҳастанд. Мегӯянд, баъди ширкат дар маросими се рӯзи баъди хоксупорӣ, дар хонаи бобои падарӣ ҳастанд.

"Вақте ба ҳуш омадам, фоҷеа рух дода буд"

Хонум Эркамоҳ, ҳамсари генерал Раҷабалӣ Ширинов ва модари Бобоҷон Ширинзода, рӯзи 12-уми июн дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, аз ин ҳодиса мутаассиф аст: “Ҳеҷ падару модар намехоҳад фарзандаш ба чунин амал даст занад”.

Падари Моҳира дар бораи зиндагӣ ва қатли духтараш
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:04:29 0:00

Ӯ гуфт муноқишаи Бобоҷон бо ҳамсари собиқаш дар пеши чашми ӯ, дар рӯи ҳавлӣ ва дар “як лаҳзаи хеле кӯтоҳ”, рух дод. Мегӯяд, ҳангоми даъвои ҳамсарони собиқ дар дасти писараш “кордро надид”. “Онҳо бо зӯри даст занозанӣ мекарданд”, - ба ёд овард ӯ ва афзуд, вақте хост Бобоҷону Моҳираро аз ҳам ҷудо кунад, аз пойи кадоме аз онҳо зарб хӯрдаву аз ҳуш рафт.

Бобоҷон Ширинзода. Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ
Бобоҷон Ширинзода. Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

"Вақте ба ҳуш омадам, фоҷеа рух дода буд", - гуфт ӯ. Баъдан гӯиё худаш Моҳираро ба бемористон бурдааст.

Баҳс: Кӯдакон бо кӣ бимонад?

Наздикони Бобоҷон Ширинзода ҷузъиёти бештари ҷанҷоли байни собиқ ҳамсаронро шарҳ надода, танҳо гуфтанд, ки он рӯз Моҳира писари хурдиашро назди ду фарзанди дигараш, ки дар тарбияи падар буданд, оварда буд. Писари хурдии ӯ ҳамеша аз ҷудоӣ бо бародаронаш азият мекашидааст.

Ба иддаои хонаводаи Моҳира Ятимова, бо вуҷуди қарори ду сол пеши додгоҳ, ки кӯдаконро ба тарбияи модар монда буд, Бобоҷон Ширинзода онҳоро маҷбурӣ бо худ гирифта, аз дидор бо модар маҳрум карда буд. Дар сӯҳбати қаблӣ хоҳари Моҳира – Мунира Ятимова ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ду соли баъди талоқ модар танҳо панҷ бор тавонист ба дидори фарзандонаш бирасад.

Аммо хонаводаи Бобоҷон Ширинзода ин иддаоро рад карда мегӯянд, гӯё келини собиқи онҳо дар аввал аз кӯдакон даст кашида буд ва барои бо худ гирифтани кӯдакон ҳам аз онҳо кумаке нахост. Аҳлиддин Ятимов, падари Моҳира Ятимова, рӯзи 12-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, баръакс, духтараш аз аввал барои бо худ гирифтани кӯдакон мубориза мебурд.

"Моҳира бе фарзандонаш ҳеҷ буд"

Моҳира Ятимова
Моҳира Ятимова

Ба ин хотир, ӯ беш аз як сол дар додгоҳ барои гирифтани кӯдакон талош кард. Тамоми зинаҳои болоии додгоҳҳои Тоҷикистон ҳам дар ин баҳс аз Моҳира пуштибонӣ карда, моҳи ноябри соли 2017 бо қарори додгоҳи шаҳри Душанбе кӯдакон ба тарбияи модар гузошта шудаанд. Падар ҳам ҳақ дошт дар тарбияи онҳо ширкат кунад. Аммо ба гуфтаи Аҳлиддин Ятимов, Бобоҷон аз иҷрои қонун саркашӣ мекард. Ду фарзанди калонӣ – писарони 8 ва 10-соларо намегузоштааст, модарашонро бубинанд. Ин кӯдакон дар хонаи Шириновҳо зери назари ҳамсари дигари ӯ буданд.

“Моҳира бе фарзандонаш ҳеҷ буд. Ҳаст модаре, ки агар фарзанд масалан дар дасти падараш бошад, аз пасаш намегардад, аммо Моҳира наметавонист. Агар падараш кӯдаконро дар таҳи санг ҳам пинҳон мекард, дараки онҳоро меёфту кӯдаконро медид. Вақте падараш аз мактаби доимии кӯдакон онҳоро гирифта ба политехникум бурд, чӣ гуна онҳоро пайдо кард, худаш медонад. Аммо рафту фарзандонашро дид”, - гуфт Аҳлиддин Ятимов.

Додгоҳ: Ширинзода хилофи қонун амал мекунад

Дар зимн, дар қарори додгоҳи Душанбе аз соли 2017 оид ба муқаррар намудани ҷои зисти кӯдакон гуфта шудааст, ки “Ширинзода Б. худ корманди суд буда, бар хилофи талаботи қонун амал намуда истодааст. Зеро дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки фарзандони ноболиғ то 10-солагӣ бояд бо модар бошанд”.

Ҳамчунин, дар ҳамин қарор бо такя ба хулосаи ташхиси судиву психологӣ таъкид шудааст, ки ҷудо кардани кӯдакон аз модар ба рӯҳу равони онҳо таъсир мерасонад. Аҳлиддин Ятимов мегӯяд, духтараш ба тарбияи кӯдакон таваҷҷӯҳи ҷиддӣ медод ва аз ин ҷудоӣ ҳам ӯ ва ҳам кӯдакон азият мекашиданд.

Моҳира ва Бобоҷон ҳарду ҳамдарс буданд ва баъди хатми донишгоҳ соли 2007 издивоҷ карданд. Хонаводаи Бобоҷон Ширинзода мегӯянд, дар воқеъ Бобоҷону Моҳира бо ишқу ошиқӣ оиладор ва соҳиби 3 фарзанд шуданд. Моҳираро ин оила қабл аз издивоҷ ҳам хуб мешинохтааст, чун омаду рафт мекарданд.

9 сол зиндагии муштарак. Ҷанҷол аз чӣ сар шуд?

Эркамоҳ Ширинова, модари Бобоҷон мегӯяд, онҳо 9 сол бо ҳам зиндагӣ карданд ва муносибаташон ҳам дар аввал хуб буд. Писараш, ба гуфтаи ӯ, ҳар бегоҳ бо дастагуле ба назди ҳамсараш меомад. Ба гуфтаи ин мусоҳиби мо, ду соли пеш вақте ӯ аз сафари ҳаҷ баргашт, хонаводаи писараш аллакай аз ҳам пошида буд. Мегӯяд, намедонад чаро онҳо аз ҳам ҷудо шуданд.

Аммо хонаводаи Моҳира Ятимова мегӯянд, муноқишаву нофаҳмӣ дар оилаи духтарашон пас аз як муддати кӯтоҳи зиндагии муштарак, вақте хабар расид, ки Бобоҷон ҳамсари дигар ҳам дорад, шурӯъ шуд. “Аммо то ба охир ва ба хотири фарзандон Моҳира хост, ки оила побарҷо монад. Дар натиҷаи латту кӯби зиёд Моҳира писаронашро гирифта, ба хонаи мо омад. Баъдан моҳи ноябри 2016, вақте як бегоҳ хона омадам, кӯчи Моҳираро дар хона фаровардаст. Дертар, миёнаҳои моҳи ноябр ба ман занг зада гуфт, ки духтаратро талоқ додам. Гуфтам ин кори туст, ҳуқуқат аст. Баъд аз он сар шуд таҳдидҳои дубораю себора, ки ман ҳамаи паёмакҳояшро дорам. Таҳқир мекард”, - мегӯяд Аҳлиддин Ятимов, падари Моҳира.

Кумитаи занон: Моҳира ҳеч шикоят накардааст

Моҳира ба гуфтаи наздиконаш барои бисёрҳамсарӣ ва хушунату зӯроварӣ аз болои шавҳараш ба додситонӣ ва ҳам ба Кумитаи кор бо занон муроҷиат карда буд. Моҳира ба хонаводааш нақл кардааст, ки гӯё раҳбари кумитаи занон дар ҳузури собиқ шавҳараш ба ӯ гуфтааст, сабр кунад ва зиндагиро бо шавҳараш идома диҳад. Вале мақомот дар Кумитаи кор бо занон дарёфти шикоят аз Моҳира Ятимоваро рад карда, гуфтанд, баъди расонаӣ шудани ҳодисаи қатли Моҳира тамоми санадҳоро санҷиданд ва чунин шикояти сабтшударо дарёфт накарданд.

Дар зимн, ба нақли Аҳлиддин Ятимов, падари Моҳира, чанд лаҳза пеш аз ҳодисаи қатли духтараш, чанд маротиба ба телефони ӯ як ҳамсари дигари Бобоҷон занг зада гуфтааст, фарзандонаш беморанд ва падарашон розӣ аст онҳоро ба Моҳира баргардонад. Моҳира пас аз ин сӯҳбатҳо ва огоҳ шудан аз бемории кӯдаконаш, ки моҳҳо аз ӯ дур буданд, гиря кардааст. Баъдан ба нақли падари Моҳира шоми он рӯз ӯ бо хушҳолӣ ба модараш гуфтааст, ба ӯ ваъдаи қатъӣ додаанд, ки кӯдаконро барояш медиҳанд.

"Мурдаашро дар бемористони 1-ум Советский пайдо кардем"

Падар гуфт: “Аз кор омадам ва модараш гуфт, он ду соле ки аз ғами тифлонаш пажмурда гашта буд, ҳама як тараф шуд ва ҳамин, ки хабар ёфт фарзандонашро ба ӯ медиҳанд, тамоман дигар шуда буд. Модараш таъкид кардааст, ки «духтарҷон, рӯзадорӣ, ифтор мекунӣ, намозат мондааст. Гуфтааст: «модарҷон, ваъдаи саддарсадӣ аст, кӯдаконро медиҳанд» ва рафтааст. Соат 11-и шаб вақте аз таровеҳ омадам, пурсидам, ки канӣ Моҳира? Зеро ягон маротиба чунин ҳолат рух надода буд, ки Моҳира дер истад ва ё телефонаш ҷавоб надиҳад. Бо писарам ба сараш рафтем, ки мурдаашро аз беморхонаи маъруф ба Якум Советский пайдо кардем. Рафтем, ки барвақт ҷон додааст”.

Ҳодисаи қатли Моҳира Ятимова ҳоло Додситонии Душанбе таҳқиқ дорад. Додситонӣ мегӯяд, ба бозпурсии Бобоҷон Ширинзода, гумонбари асосии қатли Моҳира Ятимоваи 33-сола шурӯъ кардааст. Як манбаъ дар додситонии Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, Бобоҷон Ширинзода дар пурсишҳои ибтидоӣ қатли ҳамсари собиқро эътироф карда, вале гуфтааст, “надонист, ки чӣ тавр ин амалро содир кардааст”.

Кӯдаки севунимсола: Падарам модарамро бо корд зад

Дугонаи Моҳира ҳам, ки шоми 6-уми июн ҳамроҳ бо ӯ ба ҳавлии падару модари Бобоҷон Ширинзода рафтааст, яке аз ҷабрдидаҳои дигари ҳодиса гуфта мешавад. Ӯ ҳоло дар яке аз беморхонаҳои шаҳр бистарӣ аст ва аз сӯҳбат бо хабарнигорон худдорӣ кард.

Наздикони Моҳира Ятимоваро ҳоло ҳолати руҳии кӯдакон, ки ба гуфтаи онҳо ба эҳтимоли бештар фоҷеаи қатли модар дар пеши чашми кӯдакон рух додааст, нигарон кардааст. Фарзанди хурдии духтарашон, ки севуним сол дорад, чанд бор гуфтааст, «падараш бо корд модарашро зад ва хун ҷорӣ шуд». Ҳоло кӯдакон бо хонаводаи падарашон ҳастанд. Зоҳиран ҳоло дигар бо фавти Моҳира ва ба зиндон рафтани Бобоҷон, баҳси бо кӣ мондани кӯдакон аз байн рафт. Хонаводаи Моҳира даъвои гирифтани кӯдаконро надоранд, фақат мехоҳанд дар тарбияи онҳо саҳм гузоранд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG