Пайвандҳои дастрасӣ

Моҳира ба дидани фарзандонаш рафт ва 11 корд хӯрд


Моҳира Ятимова

Додситонии Душанбе ба таҳқиқи қатли бераҳмонаи модари се кӯдак шурӯъ кардааст. Додситонӣ мегӯяд, ки ба бозпурсии Бобоҷон Ширинов, гумонбари асосии қатли Моҳира Ятимоваи 33-сола шурӯъ кардааст, ки рӯзи 6-уми июн ҳамсари собиқашро ба қатл расонд.

Бобоҷон Ширинов, писари генерал Раҷабалӣ Ширинов, муовини собиқи раиси Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистонро рӯзи 7-уми июн дастгир карданд ва ӯро ба “куштор бо бераҳмии махсус” муттаҳам мекунанд.

Як манбаъ дар додситонии Душанбе рӯзи 8 -уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, Бобоҷон Ширинов дар пурсишҳои ибтидоӣ қатли ҳамсари собиқро эътироф карда, вале гуфтааст, ки “надонист, чӣ тавр ин амалро содир кардааст”. Ба қавли манбаи огоҳ, Ширинов, “Дар ҳолати бисёр бади равонӣ қарор дошт ва рафтору амалҳои худро идора карда наметавонист”.

Муфаттишон баъди бозпурсӣ барои мушаххас кардани вазъи равонии Ширинов аз табибон хостаанд, ки маълум кунанд, ки ӯ мушкилоти равонӣ дорад ва ё комилан сиҳат аст.

Вале гуфт, ин манбаъ, “аз рӯйи таҷриба, одами дорои мушкили равонӣ пас аз ҷиноят пинҳон намешавад”. Ба гуфтаи мақомот, Бобоҷон Ширинов баъди 11 корд задан ба ҳамсари собиқаш фирор кардааст ва ӯ рӯзи баъдӣ дастгир карданд.

КӮМАКИ ПАДАР БАРОИ ҶАЗО ГИРИФТАНИ ФАРЗАНД

Манбаи Радиои Озодӣ гуфт, ки дар боздошту таслими ҷавон падараш Раҷабалӣ Ширинов мусоидат кардааст. Яке аз дӯстони генерали тоҷик ҳам ба Радиои Озодӣ гуфт, генерал ҳангоми боздошти писараш дар ҳузури кормандони милиса гуфтааст, ки писараш ӯро дар зиндагӣ бисёр азоб дода, шарманда кардааст”.

Ба қавли дӯсти генерал Ширинов, ӯ гуфтааст, ҳар ҷазое, ки қонун нисбат ба писараш муносиб мебинад, қабул мекунад.

Наздикони Моҳира Ятимова баъди дафни духтарашон аҳволи хубе надоранд. Дар манзили Ятимовҳо, ки мотам доранд, мегӯянд, мушкили духтари онҳо дар зиндагии муштарак ва баъди он ҳам хеле зиёд буд.

Танҳо нафаре, ки омода шуд, дар бораи фоҷиа сӯҳбат кунад, Мунира Ятимова, хоҳари бузурги Моҳира буд, ки телефонӣ аз хориҷа ба саволҳои Радиои Озодӣ посух дод.

ТАЛОШҲОИ СЕСОЛА ВА БЕНАТИҶАИ МОДАР

Ба гуфтаи ӯ, ду соли охири баъди талоқ бо Бобоҷон Ширинов, хоҳараш талош дошт, ҳарсе фарзандро худаш тарбия кунад, вале ҳамсар бар хилофи қарори додгоҳ, ду фарзанди калонӣ – писарҳои 8 ва 10-соларо ба хонаи худ бурда, намегузошт, модарашонро бубинанд. Ин ду писар дар хонаи Шириновҳо зери назари ҳамсари дигари ӯ буданд.

“Писари хурдиаш, ки 8-сола мешавад, баъди ҷудо шудан аз модар лакнати забон пайдо кард.

Наздиконаш мегӯянд, Моҳира дар ду соли ахир ба сахтӣ тавонист, танҳо панҷ маротиба бо ду ҷигарбандаш дидорбинӣ кунад. Ба гуфтаи наздикони Моҳира, ӯ тамоми ин муддат барои ҳаққи тарбияи фарзандони наврасаш мубориза мебурд.

Бо ин ҳадаф ба сохторҳои зиёди давлатӣ, аз ҷумла ба додситонӣ ва ҳам кумитаи занон муроҷиат кард, аммо ҳамаи талошҳояш бенатиҷа буд. Бо вуҷуди қарори додгоҳ дар мавриди бо модар мондани кӯдакони наврас дар соли гузашта, ба иддаои наздикони Моҳира, шавҳари собиқ кӯдаконро аз модар ҷудо кард ва барои вохӯрии онҳо иҷоза намедод.

Ба нақли наздикони Ятимова, Бобоҷон як муддат, кӯдаконро аз мактаб ҳам дур кард, то модар онҳоро набинад. Мунира нақл мекунад, ки ҳар боре Моҳира талоши вохурӣ бо кӯдаконро мекард, лату куб мешуд.

ИЗДИВОҶЕ, КИ БА БАДБАХТӢ ОВАРД

Моҳира ва Бобоҷон ҳарду ҳамдарс буданд ва баъди хатми донишгоҳ соли 2007 издивоҷ карданд. Аммо ба гуфтаи Мунира, хоҳари бузурги Моҳира, хоҳараш аз аввал зиндагии хуб надошт ва шавҳараш ӯро азоб медод.

Ба гуфтаи Мунира, дар пайи лату куби шавҳар ҳатто пардаи гӯши Моҳира дарид. Латукӯбу шиканҷа боис шуд, ки баъди нӯҳ соли зиндагӣ Моҳира тарки хонаи шавҳар кард ва дар додгоҳ аз ӯ ҷудо шуд. Ба нақли хоҳар, шавҳараш ҳамон замон Моҳираро таҳдид кард, ки ӯ дигар кӯдакҳоро намебинад. Баъди ба хонаи худ бурдани ду писари калонӣ, писари хурдӣ, ки 4-сола аст, бо Моҳира монд.

БА РӮИ ХУДАТУ МОДАРАТ КИСЛОТА МЕПОШАМ

Барои бо худ гирифтани писаронаш, ба гуфтаи Мунира хоҳараш, худаш танҳо бидуни кӯмаки касе талош мекард ва ба сохторҳои мухталифи давлатӣ шикоят мекард. “Ҳама ҷо муроҷиат кард, аммо касе чора надид. Ба Кумитаи занон рафт, ёдам нест, ки ба кӣ муроҷиат кард он ҷо, аммо ба ӯ гуфтаанд, «ту хонаатро сахт қап ва рав зиндагӣ кун». Гуфтаанд, «чаро аз он хона рафтӣ?» Охир ӯ барои наҷоти ҷонаш аз он ҷо рафта буд.”

Мегуфт, дар рӯйи модар ва апаат кислота мепошам. Тамоми хонаводаро метарсонд, ки мекушад.

Ба нақли Мунира, шавҳари собиқи хоҳараш ҳамеша Моҳира ва хонаводаашро тариқи телефон таҳдид мекардааст. “Мегуфт, дар рӯйи модар ва апаат кислота мепошам. Тамоми хонаводаро метарсонд, ки мекушад” - гуфт, ӯ.

Мунира мегӯяд, ҳамеша дилаш барои хоҳараш хавотир буд ва пайваста дар сӯҳбатҳои телефонӣ Моҳираро таъкид мекард, ки эҳтиёт кунад.

ҶОЙИ КОР ВА УМЕД БАРОИ ДИДАНИ ФАРЗАНД

Моҳира як моҳ пеш соҳиби ҷойи кор шуда буд ва ба нақли хоҳараш рӯзи 6-уми июн мошини модарашро гирифта, гуфтааст бо дугонааш, ки ҳамсабақи уву Бобоҷон Ширинов буд, барои овардани писаронаш меравад. Гӯё касе аз наздикони шавҳари собиқ ба ӯ занг зада, гуфтааст, Бобоҷон розӣ аст, кӯдаконро ба модарашон баргардонад. Моҳира бо умеди овардани фарзандон ба хонаи шавҳари собиқ рафт ва ҳамингуна зиндагиаш бо фоҷиа анҷомид.

Маъмулан дар муноқишаҳои заношӯи ва ҳам баъди пош хурдани оилаҳо кӯдакони хонавода қурбониҳои аслии ин моҷароҳо мешаванд. Дар баъзе маврид ҳам ба гуфтаи ҷомеашиносон зану мард дар чунин ҳолатҳо аз ҳамдигар тавассути кӯдакон қассос мегиранд.

Маъмулан бо ин ҳадаф як ҷониб дидори кӯдакро бо ҷониби дигар манъ мекунад. Фарзона Шарифзода равоншиноси маркази “Бовари ба фардо” барои занон мегӯяд, дар ҳама ҳолат аз нигоҳи равонӣ ҷудо кардани кӯдакони хурдсол аз модар номумкин аст ва як зарбаи сахт ба равони тифл хоҳад буд.

ҚАТЛҲОИ БЕРАҲМОНАИ ҲАМСАРОНИ СОБИҚ

“Модар наздиктарин шахс барои кӯдак аст. Онҳо дар ин синн бештар ба модар ниёз доранд. Вақте кӯдак дар хурдсолӣ аз модар иҷборан ҷудо мешавад як ҳиси нафрату бадбинӣ нисбати одамон пайдо мекунад. Одамгурез мешавад. Бо одамон забон ёфта наметавонад. Худро ҳамчун шахсият нишон дода наметавонад. Ба рушди кӯдаак ва таҳсили ӯ таъсири манфӣ мерасонад” -мегӯяд, ӯ

Фарзона Шарифзода, равоншиноси маркази бӯҳронии “Боварӣ ба фардо” ки дар назди Кумитаи занон ва оила фаъолият дорад аз ҳодисаи Моҳира ва муроҷиати ӯ ба Кумитаи занон изҳори бехабарӣ кард, аммо гуфт, барои кормандони ин ниҳод ноумед берун кардани занони азиятдида манъ аст. Фарзона аз таҷрибаи кори худ бо занон дар ин ниҳод мегӯяд, онҳо дар ин авохир дар чанд қазия барои бо модар мондани кӯдакони хурдсол мусоидат карданд.

Қаблан, ҳодисаҳои куштори занон аз ҷониби собиқ ҳамсарон сабт шуда буд. Бар асоси иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон танҳо дар як соли ахир 10 куштор бо бераҳмии махсус сабт шудааст, ки мардон нисбат ба занон анҷом додаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG