Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ба ман хиёнат кардӣ". Тафсилоти куштори як зан аз сӯи шавҳар


Мақомоти додситонии Хатлон ба таҳқиқи қазияи қатли ваҳшиёнаи як зан аз сӯи шавҳараш шурӯъ кардаанд.

Мақомот мегӯянд, Арӯс Раззоқова, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ рӯзи 18-уми июн бо 11 зарби корд аз сӯи шавҳараш ба қатл расид. Баҳсҳо атрофи хиёнат ба қавли мақомоти тафтишотӣ аз омилҳои аслии сар задани ҳодиса будааст.

"Аз муҳоҷират баргашта ҳамсарашро ба хиёнат муттаҳам кард"

Як манбаъ дар мақомоти тафтишотии вилояти Хатлон бо шарти ифшо нашудани номаш гуфт, ваҳшиёна кушта шудани Арӯс Раззоқова аз сӯи шавҳар дар заминаи баҳсҳои хонаводагӣ рух додааст. Ба қавли манбаъ, Фаррух Халифаев чанде пеш аз муҳоҷират баргашт ва ҳамсарашро ба хиёнат муттаҳам намуд.

Раззоқова соҳиби чаҳор фарзанд буд ва барои таъмини онҳо дар ошхонае кор мекард. Ин хеши Арӯс Раззоқова аз ӯ ҳамчун зани покдоман ёд кард, ки доимо дар фикри тарбияи фарзандон буд.

Ҳамсӯҳбати мо гуфт, ҳодисаи қатли Арӯс Раззоқова шабона рух дод ва шавҳараш баъди қатли ӯ ихтиёран омада ба мақомоти интизомӣ таслим шуд. Фаррух Халифаев дар бозпурсиҳо сабаби куштори ҳамсарашро ба ҷанҷол рабт додааст.

"Халифаев баъди баргаштан аз муҳоҷират гӯё дар китф ва тани ҳамсараш баъзе доғҳоро дида ӯро ба хиёнат муттаҳам кард. Мегӯяд, ки "ту ба ман хиёнат кардӣ" ва шабона бо корди хоҷагӣ 11 маротиба ба бадани ӯ мезанад. Аз захмҳои бардошта Арӯс Раззоқова дар ҷои ҳодиса ҳалок мешавад", - гуфт манбаъ.

Фаррух Халифаев 42-сол дошта, ҳамсараш 10 сол аз ӯ хурдтар будааст. Онҳо дар маркази ноҳияи Ҳамадонӣ зиндагӣ мекарданд ва соҳиби чаҳор фарзанд будаанд.

Таҳқиқи ин қазияро Додситонии ноҳияи Ҳамадонӣ пеш мебарад ва алайҳи Фаррух Халифаев бо иттиҳоми куштор парванда боз шудааст. Мақомоти Додситонии ноҳияи Ҳамадонӣ мегӯянд, ҳодисаро мушикофона таҳқиқ доранд ва тамоми паҳлуҳои қазияро рӯшан хоҳанд кард.

“Раиси ноҳия: Халифаев баъди шунидани овозаҳо баргаштааст”

Қазияи куштори Арӯс Раззоқова дар ҳоле хабарсоз мешавад, ки дар ҳукумати ноҳияи Ҳамадонӣ мегӯянд, барои дубора сар назадани чунин ҳодисаҳо корбариро шуруъ кардаанд.

Бозоралӣ Одиназода, раиси ноҳияи Ҳамадонӣ рӯзи 22 июн дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дастур додааст, ки “бештар бо занон оид ба солимгардонии оила” вохӯриҳо баргузор кунанд.

Одиназода дар шарҳи ҳодисаи куштори дар ноҳияи зертобеаш рухдода гуфт, аз рӯи иттилои аввалияи онҳо ҳодиса бар сари гӯё “бевафоӣ” сар задааст.

Раиси ноҳияи Ҳамадонӣ афзуд, ҳарфи ахирро тафтишот муайян мекунад, вале аз рӯи шуниди онҳо, ҳодиса пас аз он сар задааст, ки мард дар бораи гӯё бевафоии ҳамсараш шунидааст.

“Гуё шавҳараш ин гапро шунида аз муҳоҷират бармегардад ва хонаи худаш нарафта, хонаи бародараш рафта мепояд. Гӯё собит карда баъд, ба фикрам, ин ҳодиса рух медиҳад ва баъди ҳодиса милисахона рафта таслим мешавад,” - гуфт раиси ноҳияи Ҳамадонӣ.

Бозоралӣ Одиназода ҳамчунин гуфт, нақша доранд, ки дар ҷаласаи фаъолони ноҳия низ, ки ҳафтаи оянда баргузор мешавад масъалаи куштори Арӯс Раззоқоваро баррасӣ кунанд.

“Раззоқова доимо дар фикри тарбияи фарзандон буд”

Фаррух Халифаев ҳамроҳ бо ҳамсар ва чаҳор фарзандаш дар маҳаллаи ба номи Маъруфхуҷа Баҳодурови маркази ноҳияи Ҳамадонӣ зиндагӣ мекарданд.

Шамсулло Неъматов, раиси ин маҳалла мегӯяд, онҳо ба инҷо як соли пеш кӯчида омада ва дар ҳавлие иҷоранишин буданд.

Ба қавли ин ҳамсуҳбати мо, дар ин як сол Фаррух Халифаев дар муҳоҷират дар Маскав буд ва ҳамсараш Арӯс Раззоқова дар ошхонае кор мекард.

Ҳавлии иҷорае, ки Фаррух Халифаев то рӯзи сар задани ҳодиса дар он зиндагӣ мекарданд, феълан баста аст. Чор фарзанди Халифаевро наздикони ӯ ба манзили худ бурдаанд.

Наздикони Арӯс Раззоқова мегӯянд, аз ҳодисаи қатли ӯ бисёр афсурдаанд ва намедонанд, ки чаро шавҳараш ба ӯ ин корро раво дид. Дар оилаи Раззоқова ҳамагӣ мотам доштанд. Падараш бо ашки гирён нахост бо мо суҳбат кунад. Ӯ чанд моҳи қабл ҳамсарашро аз даст дод ва ғами кушта шудани духтар болои он изофа шуд. Бародари Раззоқова дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия будааст.

Яке аз наздикони Арӯс Раззоқова бидуни зикри номаш гуфт, бо гузашти чор рӯз аз сар задани ҳодиса то ҳол барояшон сабабҳои он норӯшан аст.

Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, Раззоқова соҳиби чаҳор фарзанд буд ва барои таъмини онҳо дар ошхонае кор мекард. Ин хеши Арӯс Раззоқова аз ӯ ҳамчун зани покдоман ёд кард, ки доимо дар фикри тарбияи фарзандон буд.

Талошҳои мо барои гирифтани нуқтаи назари пайвадони Фаррух Халифаев бенатиҷа буд. Онҳо нахостанд дар ин бора суҳбат кунанд.

"Такрори қазияи Моҳира Ятимова"

Дар ду ҳафтаи ахир ин дуюмин ҳодисаи қатли ваҳшиёнаи ҳамсар бо 11 зарби корд дар Тоҷикистон мебошад. Шоми шашуми июн Моҳира Ятимова, як сокини Душанбе низ бо 11 зарби корд кушта шуд. Бо гумони содир кардани ин куштор Бобоҷон Ширинзода, ҳамсари собиқ ва корманди пешини Додгоҳи олии Тоҷикистон боздошт гардидааст.

Моҳира Ятимова бо ҳамсараш сари кӯдакон даъво дошт
Моҳира Ятимова бо ҳамсараш сари кӯдакон даъво дошт

Бобоҷон Ширинов, писари Раҷабалӣ Ширинов, собиқ муовини раиси Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон аст. Генерал Ширинов соли 2015 аз ин мақом барканор шуд. Қазияи мазкур баҳси доғеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард.

Бар асоси иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар давоми панҷ моҳи ахир беш аз даҳ ҳолати куштори ҳамсарон бо дасти шавҳарони собиқ сабт шудааст. Куштор дар Тоҷикистон бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ баррасӣ мешавад. Ин модда аз 8 то 25 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG