Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳрум аз додгоҳҳои одилона: муҳоҷиронро аз Русия ихроҷ мекунанд


Кумитаи "Мусоидати шаҳрвандӣ" гузориши ихроҷи муҳоҷирон аз хоки Русияро нашр кард. Ба иттилои ин созмон, соли 2018 додгоҳҳои Русия 130 ҳазор чунин қарор содир кардаанд.

Ҳарчанд ин нишондод сол то сол коҳиш меёбад, бо ин вуҷуд болотар аз нишондодҳои соли 2013 боқӣ мемонад. Соли 2011 аз Русия ҳамагӣ 40 ҳазор шаҳрванди хориҷиро ихроҷ карда буданд.

"Чаро шумо аз Русия нарафтед?"

Додгоҳи ноҳияи Мешанскии шаҳри Маскав парвандаҳои ихроҷи шаҳрвандони Узбекистон, Тоҷикистон ва Арманистонро аз хоки Русия баррасӣ мекунад. Ҳамаи онҳо дар нақзи муқаррароти муҳоҷират гунаҳгор мешаванд. "Чаро шумо аз Русия нарафтед",-бо ин ҷумлаҳо додрас Юлия Данилчук мурофиаро шурӯъ мекунад. Дар идома худаш боз мепурсад: "Барои билет пул наёфтед?", "Санадҳоятон гум шуд?".

Ба толори додгоҳ муҳоҷиронро гурӯҳ-гурӯҳ ворид мекунанд. Додрас дар як вақт парвандаи нӯҳ нафарро баррасӣ мекунад. Баррасии ҳар як қазия на бештар аз панҷ дақиқа идома мекунад: аз онҳо хоҳиш мешавад, ки ному фамилияро номбар кунанд, шумораи шиноснома, таърих ва макони таваллудро бигӯянд. Баъди чанд саволу ҷавоби ба ҳам монанди бисёр расмӣ, ҳукми ихроҷи муҳоҷир қироат мешавад.

Гоҳҳо саволҳо аз ҳам фарқ мекунанд. Масалан, аз шаҳрванди Узбекистон Ниёзов додрас хост, ки дар бораи вазъи оилавиаш бештар шарҳ диҳад. Ӯ аз ин пеш гуфт, ки ба Русия барои муолиҷа ҳамсар ва фарзанди шашмоҳаашро овардааст.

Вале бо вуҷуди ин, ки гӯё додрас ба ҳолати оилавии бархе аз онҳо вақту таваҷҷӯҳи бештар зоҳир кард, қарори додгоҳ барои ҳама як аст - ихроҷ. Барои панҷ кас иҷоза доданд, ки мустақилона кишварро тарк кунанд, дигарҳо бояд маҷбурӣ аз кишвар берун шаванд.

Муҳокимаҳои дастаҷамъӣ

Мантиқи содир шудани ҳукмро дарк кардан душвор аст, чунки додрас ҳеҷ як қарори худро шарҳ надод. Коғазҳо бо қарори чопшудаи додгоҳро ба толор оварданд ва суд-иҷрочиҳо муҳоҷиронро ба ду гуруҳ ҷудо карданд: онҳое, ки то дари додгоҳ гусел шуданд ва онҳое, ки бо завлона дар даст аз додгоҳ берун бурданд.

Аҳёнан парвандаҳои муҳоҷиронро дар алоҳидагӣ баррасӣ мекунанд. Одатан муҳоҷирони Осиёи Марказиро ба додгоҳ гурӯҳӣ ворид мекунанд ва қарорҳо ҳам дар фосилаи на бештар аз 30 дақиқа хонда мешаванд. Сабаби боздошти онҳо метавонад мӯҳлати гузаштаи санад, набуди иҷозаи кор ва ё зиндагӣ дар суроғаи фарқкунанда аз сабти номи расмӣ бошад.

Дар як рӯз даҳҳо чунин парвандаҳо баррасӣ ва ҳукмҳо содир мешавад. Константин Троитский, як таҳлилгари Кумитаи "Мусоидати шаҳрвандӣ" мегӯяд, аксари ин парвандаҳо бо ихроҷи маъмурӣ меанҷомад.

Асоси ихроҷ метавонад нақзи қоидаи вуруд ва низоми будубош дар Русия ва инчунин фаъолияти ғайриқонунӣ бошад. Троитский гуфт, ки 20 то 30 дарсади ҳамаи қарорҳои ихроҷ дар Маскав содир мешавад. Тамоюли камшавии ин нишондодҳо ҳам маҳз дар пойтахт мушоҳида мешавад ва агар дар як сол ҳодисаҳои ихроҷ 7 ҳазор адад кам шуда бошад, 6 ҳазор ҳолаташ дар Маскав будааст.

Аксари ҳодисаҳои ихроҷи муҳоҷирон бинобар нақзи қонун сурат мегирад. Троитский гуфт, "масалан, муҳоҷиронро бо тарҷумон ва вакили дифоъ таъмин намекунанд, онҳоро дар бораи ҳуқуқашон огоҳ намекунанд ва парвандаҳо гурӯҳӣ ё дастаҷамъӣ баррасӣ мешаванд. Гоҳҳо маводи парвандаҳои судӣ гум мешаванд ваё протоколи нақзи муқаррароти маъмурӣ қироат намешавад". Ӯ гуфт, ки аксар парвандаҳо ба таври "автоматӣ" дида мешаванд ва додрас барои таҳқиқи қазияҳо вақт сарф намекунад.

Дар натиҷа, маводи ҳама гӯё нусхабардорӣ мешаванд ва ҷузъиёти марбут ба шахсият зикр ҳам намешавад. Шумори парвандаҳое, ки барои бозбинӣ ваё хатми баррасӣ бозгардонида шудаанд, аз 10 то 8,5 дарсад коҳиш ёфтааст. Ҳодисаҳои табдили қарори ихроҷ ба пардохти ҷарима ҳам коҳиш меёбанд.

Ораш (исмаш бо хоҳиши ӯ иваз шудааст) як шаҳрванди Тоҷикистон аст. Ӯ беш аз даҳ сол дар Русия ва се соли охир бо ҳамсари русаш зиндагӣ мекунад. Дар оғоз дар сохтмон кор мекард, баъдан тиҷорати худро боз кард. Пулаш камӣ мекард ва дар ниҳоят ба фурӯши нос рӯ овард. Дар ҳамин фурсат буд, ки бо соҳиби хонае, ки иҷора мегирифт, мушкил эҷод шуд.

Соҳиби хона бидуни огаҳии пешакӣ ҳамеша нархро боло мебурд. Ораш ба пулис омад, то аз болои соҳибхона шикоят нависад. Вале дар ҷавоб худ боздошт ва қарори ихроҷаш содир шуд. Танҳо бо кӯмаки созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ин шахси оиладор бо зани рус тавонист дар додгоҳ пирӯз шавад.

Зиёни ихроҷи муҳоҷирон ба будҷаи Русия

Ихроҷ на танҳо як таҷрибаи нодуруст танзимшуда дар қонун аст, балки ба буҷаи давлат ҳам хароҷоти зиёд меорад, чунки пули ихроҷро аз буҷаи Русия пардохт мекунанд.

Дар Русия вазорати умури дохилӣ ҳаҷми буҷаи ихроҷро фош намекунад. Масалан, дар Олмон баъди бо қарори додгоҳ ихроҷ шудани шахс давлат бояд 1500 евро пардохт кунад, дар сурати ихроҷи довталабонаи шахс ин пул то 700 евро коҳиш меёбад.

Троитский мегӯяд, ки муҳоҷиронро бо ҳар баҳона аз кишвар берун мекунанд ва онҳо давоми 10 соли баъдӣ ҳақ надоранд ба кишвар ворид шаванд.

"Дар натиҷа,-мегӯяд Троитский,-муҳоҷирон дастаҷамъона аз мурофиаҳои одилона маҳрум мешаванд. Чунин бархӯрд бо шаҳрвандони Русия ҳам рух медиҳад, чунки ҳамин додгоҳҳо ҳам парвандаҳои шаҳрвандони маҳаллиро баррасӣ мекунанд".

Вобаста

XS
SM
MD
LG