Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ним сол 10 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрванди Русия шудаанд. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар шаш моҳи ахир беш аз 10 ҳазор муҳоҷири тоҷик шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Ҳамин гуна, рӯзона то 55 шаҳрванди Тоҷикистон тобеияти Русияро ба даст овардаанд ва ба гуфтаи мақомоти ин кишвар теъдоди онҳо рӯ ба афзоиш дорад.

Мақомоти Русия дар нишасте оид ба раванди муҳоҷират дар Душанбе гуфтанд, дар ин кишвар, ҳар сол ба 20 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, шиносномаи русӣ пешниҳод мешавад.

Владислав Маркевич, намояндаи Вазорати корҳои дохилаи Русия дар умури муҳоҷират дар Тоҷикистон гуфт, сабаби аслӣ созишномаи душаҳрвандӣ аст, ки ҳуқуқи доштани шиносмномаҳои ҳар ду кишварро фароҳам меоварад. Ӯ рӯзи 19-уми июл дар ин нишаст дар Душанбе гуфт: “Сабаби афзоиш ҳам дар он аст, ки Тоҷикистон яке аз ду кишвари пасошуравӣ аст, ки шиносномаи Русияро бидуни дасткашидан аз шаҳрвандии худ қабул мекунанд.”

Ба гуфтаи Владислав Маркевич, дар маҷмӯъ 250 ҳазор муҳоҷири тоҷик ҳоло ҳаққи иқомати муваққатӣ ва доимиро ба даст овардаанд ва мисли ҳар табааи дигари Русия бо имтиёзу кафолатҳое, ки давлат пешбинӣ кардааст, кору зиндагӣ доранд.

“Аз шумори 1 миллиону 300 ҳазор муҳоҷири тоҷик 128 ҳазор нафар иҷозатномаи мувақатии зист ва 123 ҳазор нафар иқомати доимӣ дар Русияро доранд” - афзуд ӯ.

Дар шаш моҳ 10 ҳазор тоҷик шаҳрванди Русия шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:23 0:00

Ба иттилои мақомоти Русия дар як соли ахир муҳоҷирати тоҷикон ба ин кишвар то 4 дар сад афзуда, ихроҷи онҳо аз ҳудуди ин кишвар баръакс коҳиш ёфтааст. Далел ҳам ин будааст, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби муҳоҷирони тоҷик дар 6 моҳи ахир 34 дар сад кам шудааст.

Мақомоти тоҷику рус мегӯянд, барои расидан ба ин натиҷа онҳо дар миёни муҳоҷирон ва ҳатто дар деҳу ноҳияҳое, ки сокинонаш бештар роҳи муҳоҷиратро пеш мегиранд, чорабиниҳои мухталифи иттилоотӣ ба роҳ монданд.

Саидасрор Саидов, намояндаи Вазорати меҳнат ва муҳоҷират дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни шаҳрвандони Тоҷикистон дар се давраи муҳоҷират, яъне то сафар дар давраи сафар ва баъди бозгашт ба роҳ монда шудааст.”

Русия дар маҷмӯъ 250 ҳазор муҳоҷирони тоҷикро депортатсия ё ихроҷ кардааст. Мақомоти Русия мегӯянд, ҳоло гурӯҳи вижаи муштарак таъсис ёфта, масъалаи авфи муҳоҷирони аз русия ихроҷшударо бозбинӣ мекунанд.

Дар як соли ахир ба Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар баробари муҳоҷирони зиёд ҳудуди 30 донишҷӯ ҳам барои дарёфти иҷозаи вуруди дубора ба Русия муроҷиат кардаанд. Пас аз тафтиш ба гуфтаи масъулини хадамот, ба 80 дар сади онҳо иҷозаи бозгашт ба маскав ва идомаи таҳсил дода шудааст, аммо донишҷӯёни боқимонда ба далели ба гуфтаи мақомоти Русия риоят накардани қонуну қоидаҳои зиёд ҳамоно иҷозаи вуруд ба Русияро надоранд.

Дар ҳамоиши байналмиллалӣ таҳти унвони “равандҳои муҳоҷират дар кишварҳои Осиёи марказӣ” муттахассисон ва коршиносон аз ихроҷи муҳоҷирони тоҷик бо сабабҳои ночиз ва мушкилоти фаровони онҳо дар кишвари нигаронӣ карданд. Гуфта шуд, аксар муҳоҷирони ихроҷшуда ҳатто намедонанд, ки ба кадом далел ва то кай аз ҳаққи кор маҳрум шудаанд. Раҳмон Улмасов, олими тоҷик ва коршиноси умури муҳоҷират мегӯяд: “Мутаасифона чунин қарор танҳо дар Русия аст. Барои хурдтарин қоидаавайронкунӣ, мумкин аст, муҳоҷир ҷарима шавад ё ҷазои сабуке бубинад, набояд аз кишвар рондаву аз ҳаққи кор маҳрум шавад. Бояд ниҳодҳои масъули Тоҷикистону Русия дар ин маврид чораҳои зарурӣ биандешанд. ”

Паҳлӯҳои раванди муҳоҷират ва паёмадҳои он дар Душанбе дар ҳоле баррасӣ шуд, ки бархе аз муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, мавсими нави корӣ дар Русия имсол барои бисёриҳо бобарор наомад. Муҳоҷирон мегӯянд, ба фарқ аз солҳои қабл пайдо кардани ҷойи кору дарёфти маблағ барояшон мушкилтар шудааст.

Оморҳои расмӣ низ ҳокист, ки маблағҳои интиқолии муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба ватан коҳиш ёфтааст. Тибқи омори Бонки марказии Русия, дар семоҳаи аввали соли равон аз ин кишвар ба Тоҷикистон 462 миллион доллар маблағ интиқол шудааст, ки нисбат ба як соли пеш 5,1 дарсад камтар аст. Бархе аз коршиносон ҳадс мезананд, ки дар 2 - 3 соли оянда интиқоли маблағи муҳоҷирон ба кишвар то 50 дар сад коҳиш меёбад.

Раҳмон Улмасов мегӯяд, як сабаб афзоиши муҳоҷирати хонаводагӣ аст: “Сабаб ин аст, ки муҳоҷират ҳоло оилавӣ шудааст. Агар қаблан ӯ барои оила ва волидонаш пул мефиристод ҳоло у ҳамсару фарзандонашро бо худ бурдааст ва фақат барои волидонаш пул мефиристад.”

Сол то сол ба гуфтаи ин коршинос теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо хонаводаҳояшон барои зиндагӣ Русияро интихоб мекунанд, бештар мешаванд. Дар умум бештар аз 1 миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон дар Русия кору иқомат мекунанд ва пули муҳоҷирон, яке аз омилҳои муҳими ҳифзи вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар аст. Айни замон ҳазорон нафари онҳо ғайриқонунӣ кор мекунанд ва пайваста истисмор мешаванд. Аз миёни ҳазорон нафаре, ки ҳар сол барои кор ба Русия мераванд, садҳо нафар ҳалок мешаванд. Ба гуфтаи муассисаҳои байналмилалии молӣ, ҳарчанд муҳоҷирати корӣ дар кӯтоҳмуддат ба нафъи иқтисоди Тоҷикистон аст, аммо оқибатҳои он барои ҷомеа ва ҳам иқтисод дар дарозмуддат бад хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG