Филми мустанади Мӯъмин Шокиров, хабарнигори бахши русии Радиои Озодӣ дар бораи се тоҷики ронандаи таксӣ қисса мекунад, ки дар шаҳрҳои Душанбеву Маскав ва Ню-Йорк кору зиндагӣ мекунанд.
Муаллиф мегӯяд, ки ин мустанад ба сурати табиӣ ба навор гирифта шуда, бинандаро бо воқеиятҳои зиндагиву кори ронандагоҳои таксӣ ошно мекунад. Яке аз сангинтарин қиссаҳо марбут ба шароити кори ронандаи таксӣ дар шаҳри Душанбе будааст, ки аз назари даромад, чолишҳо ва ҳам шароити қонунии кор мушкилоти зиёде доштааст.
Бо афзоиши шумори муҳоҷирони тоҷик дар Русия, бархе коргардонҳо ҳам талош мекунанд дар бораи аҳамияти будубоши ин қишри ҷомеа филмҳои мустанад ва бадеӣ эҷод кунанд.
Аз солҳои 1990-уми қарни гузашта беш аз як миллион сокини Тоҷикистон дар ҷустуҷӯйи шароити беҳтари зиндагӣ кишварро тарк карда, муқими кишварҳои хориҷӣ шудаанд.
Мӯъмин Шокиров дар мисоли се ронандаи таксӣ аз пойтахти Маскав, Душанбе ва Ню-Йорк мустанаде таҳия кардааст, ки ба бовари ӯ, риққатбортарин қисса марбут ба ронандаи таксӣ аз Душанбе мебошад.
Қиссаи риққатбори таксирон дар Душанбе
Толиб Баҳромов, сокини Душанбе ва қаҳрамони тоҷики мустанади "Таксисты" баъд аз фавти падараш сарвари хонадон шуда таъмини зиндагии оилаву се фарзандашро ба ӯҳда гирифт. Толиб Баҳромов ба далоили мухталиф наметавонад кишварро тарк кунад. Шокир Мӯъминов мегӯяд, ҳангоми бозгӯи саргузаштҳои қаҳрамонҳояш, ҳеҷ таҳрир ё талоши беҳтар ё бадтар нишон додани зиндагии онҳоро накардааст.
Шокиров, ки дар Тошканд машғули таҳияи филми наве мебошад, дар сӯҳбати телефонӣ рӯзи 3-юми апрел гуфт, "ин филм бидуни таҳрире зиндагии муҳоҷирони тоҷикро дур аз ватан бо ҳама камбудиҳову хубиҳояш нишон медиҳад. Ман танҳо дурбинеро ба мошинҳои онҳо насб карда, саргузашти онҳоро сабт кардам. Муҳим ин аст, ки дар филм зиндагии таксиронҳои тоҷик дар кишварҳоеро ҳам намоиш медиҳам, ки дар кишварҳои аксар сокинаш масеҳӣ кор мекунанд. Ҳамзамон таксирони тоҷикро нишон медиҳам, ки намехоҳад Тоҷикистонро тарк кунад ва ҳатто наметавонад ин корро кунад".
Шаҳрвандони Тоҷикистон аз авоили даҳаи 1990 баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ба муҳоҷирати корӣ рӯй оварданд ва феълан ҳудуди 2 миллион аз атбои тоҷик умдатан дар Русияву Қазоқистон ва кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳидаи Амрико машғули кор зиндагӣ ҳастанд.
"Филмномаи зинда"
Коргардон Искандар Усмонов таҳияи чунин филмҳоро дар ҳунари филмсозии Тоҷикистон як таҷрибаи хуб медонад. Ба эътиқоди вай, коргардон дурбини худро дар мошинҳои таксии муҳоҷирони тоҷик насб карда, зиндагии оддии онҳоро ба намоиш гузоштааст.
Ӯ гуфт, умуман дурбине, ки Мӯъмин Шокирон аз он дар филмаш истифода кардааст, зиндагии оддии ронандаҳои таксиро нишон медиҳад ва ин барои тамошобин хеле ҷолиб аст. Дуруст аст, ки ин ронандаҳо ҳама шахсони оддӣ ва чӣ дар Амрикову чӣ дар Москав муҳоҷир ҳастанд.
"Жанри ин филм воқеан мустанад мебошад, ҳарчанд дар ин филм саҳнаҳое ҳастанд, ки сохтакорӣ шудаанд. Шахсан, барои ман ҳамчун коргардон, наҳваи гузариш аз як қиссаи ронандаи москвагӣ ба ронандаи таксии Ню-Йорк хеле ҷолиб аст. Дар ин ҷо куллия меъёрҳои ҷаҳонии синамои мустанад риоя шудааст. Бояд таъкид кунам, ки коргардон нахостааст ба ҷузъиёти қиссаҳои ронандаҳои таксӣ дар Москва ва Ню-Йорк дахолат кунад. Онҳо худашон зиндагии худро дур аз ватан қисса мекунанд".
Ба гуфтаи ин коргардон, дар синамогарӣ мафҳуме бо номи "филмномаи зинда" вуҷуд дорад ва дар ин филми мустанад қоидаҳои "филмномаи зинда" ба пуррагӣ риоя шудааст, зеро ба ҷуз аз таксиронҳо, дигар касе дар бораи душвориҳову шириниҳои зиндагӣ дар муҳоҷират ҳарфе намегӯяд".
Ҷолибияти филми "Таксиронҳо" низ дар ҳамин аст, ки коргардон ба раванди қиссаҳои қаҳрамонҳояш дахолат намекунад. Дар симои се ронандаи такси, коргардон масоили хеле амиқи иҷтимоиву сиёсиро ба баррасӣ гузоштааст, ки тамошобинро ба андеша водор мекунад.
Дар талоши пайдо кардани ризқ
Ҳамасола беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи ҷойи кор ва маоши беҳтар озими кишварҳои хориҷӣ мешаванд. Бештарин ҷамъияти муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия мебошад, ки беш аз 1 миллион нафарро ташкил медиҳад, вале ҷамъиятҳои хурдтари дигар дар тақрибан ҳама кишварҳои ҷаҳон ҳузур доранд.
Онҳое, ки дар орзуи ҳуқуқ ва даромади беҳтар ҳастанд, талош мекунанд бо дарёфти корти сабз ё ҳақи иқомат дар ИМА муқимӣ шаванд. Вале барои ҳамаи онҳо, сарфи назар аз макони ҷуғрофиву шароити кор, масоили даромад, мутобиқшавӣ ба шароити нави зиндагӣ, забону фарҳангдонӣ, ҳузури қонунӣ, муқобила бо бегонаситезону нажодпарастон - аз масоил ва мушкилоти асосӣ ба шумор меравад.
Бо афзоиши шумори муҳоҷирони тоҷик дар Русия, бархе коргардонҳо ҳам талош мекунанд дар бораи аҳамияти будубоши ин қишри ҷомеа филмҳои мустанад ва бадеӣ эҷод кунанд. Ахиран мустанади Анна Моисеенко бо номи "Таронаҳои Абдул" ("Песни Абдула") ҳам ба намоиш даромад. ки зиндагиву саргардониҳои муҳоҷири тоҷики соҳибҳунар ва маълумотро дар Русия қисса мекунад. Дар симои Абдул ва муносибати дӯстону ҳамкорони русаш ба ӯ коргардон талош кардааст тафовутҳои зеҳниву фарҳангӣ, хислатҳои неки мардуми ғайрирусро дар ҷомеаи русӣ намоиш диҳад.