Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабари маъюскунанда барои муҳоҷирон. Ҳаракати иқтисоди Русия суст шудааст


Муҳоҷирони корӣ дар Маскав
Муҳоҷирони корӣ дар Маскав

Суръати рушди иқтисоди Русия дар семоҳаи аввали имсол ба шиддат суст шудааст ва сабабаш ҳам ба гуфтаи мақомот, коҳиши талаботи дохилӣ аст, ки баъди боло бурдани молиёт аз арзиши изофа ба амал омадааст.

Хадамоти давлатии омори Русия рӯзи 17-уми май гуфт, ки тавлиди нохолиси миллӣ дар семоҳаи аввал дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2018 фақат 0.5 дар сад афзудааст.

Вазорати иқтисоди Русия пешбинӣ мекард, тавлиди нохолиси миллӣ дар ин семоҳа бояд 0.8 дар сад зиёдтар мешуд, Бонки Миллӣ мегуфт, афзоиш бояд бештар ва якуним дар садро ташкил медод.

Баъди нашри омори расмӣ, Вазорати иқтисоди Русия гуфт, ки суст шудани рушди иқтисодиро интизор доштанд ва сабабаш ҳам “коҳиши тақозо ба молу маҳсулот дар дохил ба сабаби сарбории молиёт аст”.

Бар асоси қонуне, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия соли гузашта имзо кард, молиёт ва ё андоз аз арзиши изофа( НДС) аз рӯзи 1-уми январи соли 2019 аз 18 то ба 20 дар сад боло бурда шуд.

Пешниҳоди ҳукумат барои афзоиши ҳаҷми молиёт аз арзиши изофа ва ҳамчунин барномаи дигари боло бурдани синну соли бознишастагӣ дар Русия мардуми зиёдеро ба хашм овард. Ҳарду барномаи ҳукумат сабаб шуд, ки обрӯи раиси ҷумҳур Владимир Путин ва ҳизби ҳокими Русияи Воҳид дар байни мардум поин равад.

Муассисаи таҳқиқотии “Capital Economics” навиштааст, ки рушди иқтисодии Русия назар ба ончӣ ки пешбинӣ мешуд, “бисёр сусттар шудааст”. Таҳлилгарони муассиса гуфтаанд, ки кундии рушди иқтисодӣ дар соҳаҳои васеъ мушоҳида мешавад, аз ҷумла “тавлиди саноатӣ, фурӯши чакана, сохтмон ва тавлидоти кишоварзӣ кам шудааст”.

Иқтисоде, ки ду сол пеш ҷон гирифт

Иқтисоди Русия пас аз рукуд дар солҳои 2015-2016 соли 2017 ҷон гирифт ва рӯ ба инкишоф овард. Татяна Орлова, иқтисоддони муассисаи “Эмерҷиномикс” дар Лондон ба хабаргузории “Блумберг” гуфтааст, ки манзараи иқтисодии Русия маъюскунанда шудааст, чун на танҳо “суст шудани талаботи дохилӣ ба молу маҳсулот, балки суст шудани сармоягузориро нишон медиҳад. “

Кирил Тремасов, як мақоми собиқи расмӣ дар давлати Русия ва ҳоло мудири “Локо-Инвест” муассисаи таҳқиқотӣ гуфтааст, ки зоҳиран вазъи иқтисоди Русия дар семоҳаи дуввум ҳам чандон беҳтар намешавад, вале мумкин аст, дар нимаи дуввуми соли 2019 суръати рушди иқтисодӣ тезтар шавад.

Вазорати иқтисоди Русия пешбинӣ мекунад, ки суръати рушди иқтисоди кишвар имсол 1.3 дар сад хоҳад буд. Бонки Миллӣ мегӯяд, мумкин аст, рушди иқтисодӣ аз 1.2 то 1.7 дар сад шавад. Тавсиаи иқтисоди Русия ба гуфтаи бонк аз ҳисоби иҷрои чандин тарҳ ва тармими зербунёдҳо дар кишвар мешавад.

Ҳаргуна пешрафт ва ё баръакс рукуди иқтисодӣ дар Русия, мизбони бештар аз 1 миллион муҳоҷири тоҷик, ба иқтисоди Тоҷикистон ҳам таъсир мегузорад.

Яке аз корбарони Радиои Озодӣ, ки худро Фантом муаррифӣ кардааст, ба Радиои Озодӣ навишт, ки "Буҳронро аз ҳоло бештар аз ҳар вақти дигар эҳсос мекунад. Дар Маскав ҳоло авҷи буҳрон аст, на кор на фармоиш на ҳеҷ чиз. Ман худам аз Тоҷикистонам."

Пуле, ки фақиронро камтар ва иқтисодро беҳтар кард

Дар як даҳсолаи гузашта маҳз ба шарофати пули муҳоҷирон иқтисоди Тоҷикистон пешрафт кард ва камбизоатӣ коҳиш ёфт. Соли 2014 муҳоҷирон ба кишвар тақрибан 4 миллиард доллар фиристоданд, вале баъдан солҳои 2015 -2016 ба далели рукуди иқтисодӣ дар Русия интиқоли пул ба ҳадде поин омад, ки сабаби муфлис шудани чанд бонк дар Тоҷикистон шуд.

Бонки Ҷаҳонӣ дар арзёбӣ аз иқтисоди Тоҷикистон ва пешбинӣ аз имсол мегӯяд, “Дар миёнамуҳлат шароити берунӣ барои иқтисоди Тоҷикистон муносиб боқӣ мемонад. Дурнамои мусбат ва хоксоронаи рушди иқтисодӣ дар Русия, афзоиши қимати ду маҳсулоти асосии Тоҷикистон ба мисли пахтаву алюминий ва амиқтар шудани ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ бояд ба афзоиши босуръати тавлидоти нохолиси миллӣ мусоидат кунад. Пулҳои интиқолии (муҳоҷирон) кӯмак мекунад, ки тақозои дохилӣ ба молу маҳсулот идома ёбад.”

Аммо ин тамоюл ҳам возеҳ аст, ки баъд аз суст шудани рушди иқтисодӣ дар Русия, теъдоди муҳоҷирони бекори тоҷик зиёд мешавад, пул ба Тоҷикистон камтар меояд ва тақозо ҳам дар дохил коҳиш меёбад. Барои ҳамин бисёре аз муассисаҳои молӣ, ки ба Тоҷикистон дар пешбурди ислоҳоти иқтисодӣ кӯмак мекунанд, аз давлат хостаанд, пойбандии иқтисод ба пулҳои интиқолиро кам кунад.

Роҳҳои аслии коҳиши пойбандӣ, фароҳам кардани шароити муносиб барои сармоягузорӣ, рушди соҳибкории хурду миёна ва аз байн бурдани ришвахориву фасод аст, ки дар маҷмуъ имкон медиҳанд, ҷойҳои корӣ офарида шавад ва мардум на дар хориҷ, балки дохил кор кунанд.

Аммо дар иҷрои ҳарсе тавсия давлати Тоҷикистон баҳои хубе нагирифтааст ва барои вуҷуди ришвахории густурда, муҳити тарсноки сармоягузорӣ ва нафасгир кардани соҳибкорон бо молиёту тафтиш ҳамеша танқид мешунавад.

XS
SM
MD
LG