Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи патент барои муҳоҷирон дар Маскав боло рафт. ВИДЕО


Вакилони маҷлиси шаҳри Маскав бо ворид кардани тағйирот ба қонуни андоз нархи патентро барои муҳоҷирони корӣ дар пойтахти Русия 5 ҳазор рубл муқаррар карданд. Ин тағйирот аз аввали соли 2019 ба ҳукми иҷро хоҳад даромад. Дар ҳоли ҳозир нархи якмоҳаи патенти муҳоҷирон 4,5 ҳазор рубл аст.

Баҳона: Даромади муҳоҷирон афзуд

Вакилони маҷлиси шаҳри Маскав ин тасмимро пас аз он гирифтанд, ки як назарасанҷии охир нишон додааст, даромади муҳоҷирони корӣ дар ин шаҳр дар як соли охир афзудааст. ​Инна Светенко, вакил аз ҳизби "Единная Россия", ки бо пешниҳоди ӯ нархи патенти муҳоҷирон боло бурда шуд, гуфт, назарсанҷии охир нишон дод, дар як соли охир даромади муҳоҷирон дар Маскав 29 дар сад бештар шудааст.

"Вале мо нархи патентро ҳамагӣ 13 дар сад (500 рубл) боло бурдем. Ҳоло нархи патенти муҳоҷирони корӣ ба 5 ҳазор рубл баробар шуд", - шарҳ дод ӯ.

Навор дар инҷост:

Нархи патент дар Маскав 5000 рубл мешавад
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:07 0:00

"Бардорад зам кун"

Светенко гуфт, "ҳоло ҳаққи патенти муҳоҷирони корӣ дар қаламрави шаҳри Маскав 4,5 ҳазор рубл аст. Мехоҳам таъкид кунам, ки нархи патент дар давоми солҳо иваз мешуд ва нигарониҳое вуҷуд дошт, ки қисме аз муҳоҷирон ба пинҳонкорӣ гузашта, умуман патент намегиранд. Аммо таҷриба ҳолати баръаксро нишон дод. Шумораи патентҳое, ки муҳоҷирони корӣ мегиранд, кам нашуд ва ба буҷети шаҳр 2 миллиард рубл пули изофӣ ворид гашт."

Аз ин пеш мири шаҳри Маскав Сергей Соябнин дар як мусоҳибааш бо телевизиони "Россия-1" гуфт, "70 дар сади муҳоҷирони корӣ сабти ном мешаванд, патент мегиранд, изи дастони худро мегузоранд ва ҳамаи ин тадбирҳо боиси хеле кам шудани ҷинояткорӣ дар вилоят (вилояти Маскав) шудааст". Собянин гуфтааст, ки мизони ҷинояткорӣ то ним баробар коҳиш ёфтааст.

Муқаррароти доштани патенти кор дар Русия аз 1-уми январи соли 2015 ҷорӣ шуд ва арзиши ин санад, ки амалан як иҷозатномаи расмии кор мебошад, дар ҳар минтақаи ин кишвар фарқ мекунад.

На танҳо патент... пулис, сабтином

Чанд муҳоҷири тоҷик дар Маскав ба Радиои Озодӣ гуфтанд, пардохти 5 ҳазор рубл андози “патент” барояшон осон нахоҳад буд. Аммо нигаронии онҳо бештар аз бархӯрди номуносиби пулис аст, ки новобаста ба доштан ва ё надоштани “патент” онҳоро боздошт ва соатҳо дар идораҳои пулис нигоҳ медорад.

Анвар Бобоев, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, гуфт, мушкили аз ҳама асосии муҳоҷирони тоҷик талаботи нави қонуни Русия аст, ки муҳоҷиронро муваззаф мекунад дар ҳамон ҷое зиндагӣ кунанд, ки расман сабти ном шудаанд.

Бобоев мегӯяд, аксар соҳибони хона, ки ба муҳоҷирон манзилашонро ба иҷора медиҳанд, намехоҳанд, дар ҳамон ҷо муҳоҷирони кориро сабтином кунанд ва дар натиҷа муҳоҷирон маҷбуранд дар макони дигар худро номнавис кунанд. “Дар натиҷа, вақте муҳоҷирон барои гирифтани патент муроҷиат мекунанд, дар махзани маълумоти мақомот исми онҳо ҳамчун сокин зикр нашудааст. Мақомоти муҳоҷират дархости муҳоҷиронро барои гирифтани патент рад мекунанд”, - гуфт Бобоев.

Убайдуллоев ҳам хоста буд, ки...

Ин ҳуқуқшиноси тоҷик гуфт, айни замон ӯ ҳамроҳ бо чанде аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон ба мақомоти рус пешниҳод додаанд, ки муқаррароти сабтиноми ҳатмии муҳоҷир дар макони зистро бозбинӣ кунанд, чун иҷорадиҳандгон намехоҳанд муҳоҷиронро дар манзилашон сабтином кунанд.

Зимнан, моҳе қабл Маҳмадсаид Убайдуллоев – раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон зимни форуми байнипорлумонӣ дар Маскав ин мушкилро дар миён гузошт ва аз мақомоти Русия бозбинии онро дархост кард.

Гаронтарин нархи “патент” дар Русия дар ҷумҳурии Ёқутистони Русия буда, моҳе беш аз 9 ҳазор рублро ташкил медиҳад, дар вилояти сермуҳоҷири Твер ҳаққи якмоҳаи патент 6 ҳазор рубл буда, интизор меравад имсол аз ин ҳам гаронтар шавад. Нархи патент дар вилояти Маскав 4300 рубл ва дар шаҳри Санкт-Петербург 3,5 ҳазор рубл аст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG