Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ғами муҳоҷиронро бештар хӯред". Тавсияҳои СММ ба Тоҷикистон


Созмони Милали Муттаҳид бо ситоиш аз баъзе чораҳои Тоҷикистон барои ғамхорӣ дар ҳаққи муҳоҷирони корӣ гуфтааст, "ин чораҳо кофӣ нестанд" ва ҳукуматро мебояд, бештар кӯшиш кунад.

  • Кумитаи Ҳимоят аз Ҳуқуқи Муҳоҷирони Корӣ дар Созмони Милал мегӯяд, таъсиси намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар Маскав, моил кардани Русия ба афви муҳоҷирон дар соли 2017, фароҳам кардани шароити шиносномагирӣ дар сафорат шоистаи таҳсин аст, вале басанда нест.
Кумита аз он нигарон аст, ки ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик бахусус берун аз шаҳрҳои аслии Русия кафолат дода намешавад

Майли мардум ба муҳоҷират кам шудааст?

Ҳайати ҳукумати Тоҷикистон аввали моҳи апрел дар шаҳри Женева ба кумитаи мазкур гузориш дод, ки дар 5 соли гузашта чӣ корҳоеро ба анҷом расонидааст, то вазъи зиндагӣ ва ҳуқуқии муҳоҷирони тоҷик дар хориҷ ва хориҷиён дар Тоҷикистон беҳтар шавад.

Юсуф Раҳмон, додситони кул дар ин нишаст, аз ҷумла гуфт, ки ҳукумат дар 5 соли гузашта барномаҳои зиёде барои ҳимояти ҳуқуқи муҳоҷирон, таъмини мардум бо ҷойи кор амалӣ кардааст. Ӯ мисол овард, ки соли 2018 тақрибан 485 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд, ки дар муқоиса ба соли 2017 як дар сад камтар аст.

Юсуф Раҳмон
Юсуф Раҳмон

Додситони кул ин тамоюлро баёнгари коҳиши майли мардум ба муҳоҷират ва кор дар хориҷ номид ва афзуд, барои таъмини мардум бо ҷойи кор, дар соли 2018 дар Тоҷикистон 166 ҳазор ҷойи кори нав офаридаанд.

"Ҳуқуқи муҳоҷирон кафолат дода намешавад"

Аммо Кумитаи Ҳимоят аз Ҳуқуқи Муҳоҷирони Корӣ дар Созмони Милал рӯзи 12-уми апрел гуфт, кӯшишҳои ҳукумат самараи зиёд надодаанд, ки мардум ҳамчунон рӯ ба Русия меоранд ва дар ин кишвар ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ мешаванд.

Дар хулосаҳои ниҳоди Созмони Милал омадааст: “Кумита аз он нигарон аст, ки ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик бахусус берун аз шаҳрҳои аслии Русия кафолат дода намешавад.”

Кумита аз ҷумла аз боздошт ва ихроҷи шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия ёдрас кардааст, ки ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ “як амри маъмулӣ” аст. Кумитаи Созмони Милал ба Тоҷикистон тавсия додааст, ки бо тамоми кишварҳое, ки муҳоҷирати тоҷикон барои кор ба он кишварҳо зиёд аст, барои ҳимояту таъмини ҳуқуқи онҳо созишномаҳои дуҷониба имзо кунад.

Тавсияи аввал: Мубориза бо фасодкорӣ

Масъалаи ришваситонӣ аз муҳоҷирон ҳам ба гӯши намояндагони Созмони Милал расидааст. Онҳо гуфтаанд, ҳукумат барои монеъ шудан ба ришвахорӣ дар гузаргоҳҳои марзӣ, консулгариҳо камераҳои назоратӣ гузоштааст, вале ин зуҳурот ҳамчунон зиёд ба назар мерасад.

Аз ин рӯ, аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, “кӯшишҳо барои мубориза бо фасодкорӣ дар тамоми ниҳодҳо, аз ҷумла сафорату консулгариҳоро сахттар кунад ва замонат бидиҳад, ки ҳар қазияи ришваситониву тамаъҷӯӣ ҳамарафа санҷида шаванд ва гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.”

Поймол шудани ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар хориҷ, бахусус дар Русия ва Қазоқистон пайваста дар матбуот нашр мешавад ва худи муҳоҷирон тақрибан ҳар рӯз ба Радиои Озодӣ менависанд, ки “беҳуқуқтарин инсонҳо дар Русия муҳоҷирони тоҷик ҳастанд ва касе нест, ки ба доди онҳо бирасад.”

Тасдиқи Омбудсмен

Дар Тоҷикистон ҳам ин мушкилотро эътироф мекунанд, ҳарчанд мегӯянд, дар бораи беҳуқуқии муҳоҷирони тоҷик дар Русия муболиға мешавад. Дар гузориши солонаи Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз соли 2018 масъалаи муҳоҷират ҳам муфассал зикр шудааст.

Ба гуфтаи ваколатдор: "Низоми мураккаби сабтиноми муҳоҷирон дар Русия боис ба афзоиши муҳоҷирати ғайрирасмӣ гардида, вазъи онҳоро мушкилтар мегардонад. Инчунин пардохт нашудани музди меҳнат ва табъизи муҳоҷирон ба назар мерасад. Муҳоҷирони корӣ дар кишварҳои қабул ҳангоми ҷойгир намудани фарзандон ба кӯдакистону мактабҳо ба мушкилиҳо дучор мешаванд."

Ваколатдори ҳуқуқи инсон ҳамчунин аз фавт ва қатли муҳоҷирони корӣ дар хориҷ аз кишвар изҳори нигаронӣ кардааст. Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, соли 2018 ба Тоҷикистион 966 ҷасад овардаанд, ки дар муқоиса ба соли 2017 зиёдтар аст. Дар ин миён бештар аз 20 нафари онҳоро куштаанд.

Давлати Тоҷикистон ҳар панҷ сол як бор дар назди Созмони Милал гузориш медиҳад, ки барои ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ чӣ корҳое анҷом додааст. Тавсияҳое, ки Созмони Милал медиҳад, ҳукми иҷро надоранд ва онгуна, ки худи кумита гуфтааст, маслиҳату тавсияҳое, ки соли 2012 ба Тоҷикистон доданд, аксаран иҷро нашудаанд.

Шарҳҳоро бинед (8)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG