Пайвандҳои дастрасӣ

Беш аз 92%-и мардуми Курдистон ба истиқлол раъй доданд. ВИДЕО


Комиссияи олии ҳамапурсӣ ва интихоботи Курдистони Ироқ рӯзи 27-уми сентябр эълон кард, ки беш аз 92 дарсади афроди дорои ҳаққи раъй, дар референдуми ҳафтаи ҷорӣ ба тарафдорӣ аз истиқлоли ин минтақа аз Ироқ овоз доданд. Раиси ин комиссия гуфтааст, мизони иштироки афроди дорои ҳаққи раъй дар интихобот 72 дарсад буд.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия иқлими Курдистонро ба таҳримҳо таҳдид карда ва ҳушдор додааст, ки мардуми ин минтақа гурусна хоҳанд монд.

Раиси комиссияи олии ҳамапурсӣ ва интихоботи иқлими Курдистон, ки шоми 27-уми сентябр дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Арбил сухан мегуфт, шумораи ширкаткунандагон дар раъйпурсии рӯзи 25-уми сентябрро 3 миллиону 304 ҳазору 925 нафар гуфт. Ин ҳамапурсӣ дар се вилояти иқлими Курдистон ба иловаи бархе манотиқи мавриди низоъ миёни ин иқлим ва ҳукумати Ироқ ва ҳамчунин дар бархе аз марказҳои раъйгирии хориҷ аз Ироқ, баргузор шуд.

Аз баргузории ин ҳамапурсӣ Ироқ, Туркия ва Сурия ба хашм омадаанд ва Ҳайдар Ал-Ибодӣ, нахуствазири Ироқ гуфтааст, ки онро ба расмият намешиносад ва хостори лағв кардани натиҷаҳои он шудааст. Вай рӯзи чаҳоршанбе дар нишасти порлумон истифода аз зӯр барои муқобила бо иқлими Курдистонро радд карда ва гуфт, ки хостори ҷанг байни шаҳрвандони ироқӣ нест.

Порлумони Ироқ рӯзи чаҳоршанбе тарҳе 13-модаи қабул кард, ки бар асоси он, ҳукумати ин кишварро аз ҳаргуна музокира бо иқлими Курдистон то вақте, ки натиҷаҳои раъйпурсии рӯзи 25-уми сентябрро лағв накунад, барҳазар доштааст. Ин тарҳ ҳамчунин аз Бағдод хостааст, то касоне, ки сабабгори баргузории ин ҳамапурсианд, аз ҷумла Масъуд Боризонӣ, раиси иқлими Курдистон, ба маҳкама кашида шаванд.

Порлумони Ироқ ҳамчунин ба нахуствазири ин кишвар ихтиёр додааст, то ба шаҳри Каркук ва дигар минтақаҳои мавриди низоъ миёни ҳукумати марказии Ироқ ва иқлими Курдистон, ки дар хориҷ аз иқлими Курдистон ҳастанд, нерӯи низомӣ фиристад ва контроли онро ба даст гирад.

Аз тарафи дигар, артиши Ироқ эълом кардааст, ки ҳайате баландпоя аз мақомҳои нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар барои ҳамкориҳои низомӣ бо Эрон, равонаи Теҳрон шудааст. Эрон ва Туркия низ, ки мухолифи ҷудоии иқлими Курдистон аз Ироқ ҳастанд, гуфтаанд, ки ин ҳамапурсиро ба расмият намешиносанд. Ду кишвар дар рӯзҳои гузашта дар марзҳои худ бо иқлими Курдистон гаштҳои низомӣ баргузор карда буданд. Бар илова, Эрон марзҳои ҳавоии худро бо ин минтақа бастааст.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия иқлими Курдистонро ба таҳримҳо таҳдид карда ва ҳушдор додааст, ки мардуми ин минтақа гурусна хоҳанд монд. Пеш аз ин Амрико ҳам бо баргузории ҳамапурсии истиқлоли Курдистони Ироқ мухолифат карда ва гуфта буд, ки ин рухдод боиси бесуботии бештар дар минтақа хоҳад шуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG