Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раъйпурсии истиқлол дар Курдистон -- дидгоҳҳо аз Душанбе ва ҷаҳон


Раъйпурсии истиқлол дар минтақаи Курдистони Ироқ анҷом шуд ва тибқи натиҷаҳои ибтидоӣ аксари иштирокдорон ба ҷудоии ин минтақа аз Бағдод раъй доданд. Ин раъйпурсии сарнавиштсоз барои курдҳо, дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон вокунишҳоеро дар пай дошт ва ҳамоно аз мавзӯъҳои доғи маҳофили коршиносӣ ва сиёсӣ мебошад.

...Дар ин сурат хатари сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Эрону Туркия ва Сурия зиёд аст

Дар Тоҷикистон низ ҷараёни ин райъпурсӣ аз тарафи коршиносону таҳлилгарон аз оғоз пайгирӣ мешуд ва назарҳо низ дар ин робита гуногун аст. Ба қавли ҳамсӯҳбатони мо аз маҳофили коршиносони тоҷик, ба истиқлол даст ёфтани Курдистони Ироқ вазъи бе ин ҳам печидаи Ховари Миёнаро печидатар хоҳад кард.

“Курдистон дар иҳотаи ғулҳои бадхоҳ мемонад”

Саъдии Юсуфӣ, коршиноси масоили минтақавӣ, рӯзи 26-уми сентябр аз истиқлолталабии курдҳо ситоиш намуд, вале айни замон ояндаи хуберо барои онҳо пешбинӣ накард. Ба қавли таҳлилгари тоҷик, "чолишҳои шадидтаре Курдистонро пеши рӯ хоҳад буд. Бо мустақил шудан, фикр мекунам, курдҳои он қаламрав худро дар вартаи пурхатаре хоҳанд андохт ва дар иҳотаи ғӯлҳое чун Эрону Туркия ва Ироқу Сурия хоҳанд монд."

Саъдӣ Юсуфӣ.
Саъдӣ Юсуфӣ.

Саъдии Юсуфӣ мегӯяд, муваффақияти Курдистонро ҳамчун як кишвари мустақили ояндадор ҳамсояҳо ба ҳеҷ ваҷҳ иҷоза нахоҳанд дод. Зеро ба қавли ин ҳамсӯҳбати мо, ба ҳайси як кишвари мустақил ва тавоно рушд кардан ва аз лиҳози низомиву дифоӣ қавӣ будани Курдистон ин, яъне ҷалбу ҷазби курдҳои Туркияву Ирону Сурия амре, ки ҳаргиз ҳамсояҳояш қабулаш надоранд ва онро чун кобуси хоби нози худ мепиндоранд.

"Касе ҳозир нест минтақаҳои нафтхези Курдистонро раҳо созад"

Коршиносони дигар низ аз Душанбе ба ин назаранд, ки иқлими Курдистони Ироқро дар пеш мушкилиҳои зиёд интизор аст, чун барои таъсиси кишвари мустақили курдҳо ҳанӯз иродаи сиёсии ҳамсояҳо созгор нест.

Ба назари Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик, барои ташкили давлати мустақили Курдистон иродаи сиёсии чор кишваре зарур аст, ки курдҳо дар ҳудуди он давлатҳо зиндагӣ мекунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба қавли ҷаноби Қодиров, Туркия, Эрон, Ироқ ва Сурия ҳозир нестанд, ки қаламравҳои нафтхези курдҳоро раҳо созанд.

Абдулмалик Қодиров.
Абдулмалик Қодиров.

Ин коршиноси тоҷик дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “агар иродаи сиёсии ин кишварҳо набошад, паёмадҳои истиқлолхоҳии курдҳо хеле гарон меафтад. Агар дар қаламрави Ироқ курдҳо давлати мустақили худро барпо кунанд, пас, курдҳои Сурияву Эрон ва Туркия ҳатман барои пайвастан ба ин кишвари мустақил кӯшишҳои зиёд хоҳанд кард. Дар ин сурат хатари сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Эрону Туркия ва Сурия зиёд аст.”

Дар умум ба қавли Абдумалиқ Қодиров, истиқлолхоҳии курдҳо дар Ироқ барои минтақаи Ховари Миёна оқибатҳои хеле гарон дар пай хоҳад дошт ва вазъи бе ин ҳам буғранҷро печидатар мекунад.

Вокуниши Эрон

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон барои бори савум дар се рӯзи гузашта бори дигар ба масъалаи ҳамапурсии истиқлоли иқлими Курдистони Ироқ вокуниши манфӣ нишон дод ва таъкид кард, ки "тамомияти арзӣ дар минтақа ва адами тағйири марзҳо барои Эрон, аз аҳамияти боло бархӯрдор аст".

Ҳасани Рӯҳонӣ.
Ҳасани Рӯҳонӣ.

Оқои Рӯҳонӣ ин изҳоротро дар гуфтугӯи телефонӣ бо Владимир Путин, ҳамтои русии худ баён кардааст. Тавре дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Эрон гузориш додааст, оқои Рӯҳои бо ишотар ба "таҳаввулоти ҷорӣ дар Ироқ" гуфтааст, ки "барои Ҷумҳурии исломӣ амнияти минтақа ва ҳифзи тамомияти арзӣ ва ваҳдати миллии Ироқро бисёр муҳим ва ҳаётӣ аст."

Раиси ҷумҳури Эрон рӯзи шанбе бо Раҷаб Таййиб Эрдуғон, ҳамтои турки худ телефонӣ гуфтугӯ кард ва ҷонибҳо баргузории ҳамапурсии истиқлол дар иқлими Курдистонро сабаби "ҳараҷу мараҷ" дар минтақа гуфтанд. Ӯ шоми якшанбе дар тамоси телефонӣ бо Ҳайдар Ал-Ибодӣ, нахуствазири Ироқ гуфт, ки "Ҷумҳурии исломии Эрон комилан аз давлати марказии Ироқ ҳимоят мекунад."

Ироқ: "Музокира намекунем"

Нахуствазири Ироқ рӯзи душанбеи 25-уми сентябр эълон кард, ки Бағдод бо иқлими Курдистон дар бораи натиҷаҳои ҳамапурсӣ бар сари истиқлоли ин минтақа, ки вай онро мухолиф бо Қонуни Асосӣ хонд, гуфтугӯ нахоҳад кард. Ҳайдар Ал-Ибодӣ дар як суханронӣ, ки душанбешаб аз телевизиони давлатии Ироқ пахш шуд, гуфт, ки Бағдод барои музокира дар бораи натиҷаҳои ин ҳамапурсӣ омода нест, чун ин раъйпурсиро мутобиқ ба Қонуни Асосӣ намедонад.

Амрико "амиқан ноумед" шуд

Вазорати умури хориҷии Амрико мегӯяд, аз баргузории ҳамапурсӣ дар иқлими Курдистон "амиқан ноумед" шуда ва ҳушдор додааст, ки ин масъала мумкин аст "ба афзоиши бесуботӣ" ва "сахтии бештар барои иқлими Курдистон ва шаҳрвандони он бианҷомад."

Амрико қаблан низ дар мавриди таъсири ҳамапурсӣ ба раванди мубориза бо гурӯҳи "Давлати исломӣ", ҳушдор дода буд. Сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико бори дигар бар ин чолиш таъкид карда ва гуфтааст, "набард алайҳи ДИИШ ба поён нарасида ва гурӯҳҳои ифротӣ дар пайи фурсат ҳастанд, то ба ихтилофи назар ва бесуботӣ доман бизананд."

“Анҷоми райъпурсӣ ва хашми ҳамсояҳо”

Мардум дар ҳоле рӯзи душанбеи 25-уми сентябр ба пои сандуқҳои раъйдиҳӣ рафтанд, ки рӯзҳои гузашта таҳти фишори шадиди Бағдод қарор доштанд ва аз сӯи дигар Туркия ва Эрон ба унвони ҳамсоягони иқлими Курдистон бо баргузории ҳамапурсӣ мухолифат карда буданд. Нигарониҳое низ дар сатҳи байналмилалӣ нисбат ба эҳтимоли хушунат дар минтақа иброз шудааст.

Назархоҳӣ барои соҳибистиқлолии курдҳои Ироқ шурӯъ шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:57 0:00

XS
SM
MD
LG