Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаҳои ибтидоии раъйпурсӣ дар Курдистон -- пештозии тарафдорони истиқлол. ВИДЕО


Тибқи гузоришҳо, дар раъйпурсии истиқлол дар иқлими Курдистони Ироқ 73 дарсади афроде, ки ҳаққи раъй доштанд, иштирок карданд ва тарафдорони ҷудоии ин минтақа аз Бағдод, пештозии қобили таваҷҷуҳе доранд.

Телевизиони курдии "Rudaw English" дар Арбил шаби гузашта ба нақл аз мақомоти масъул гузориш додааст, аз 244 ҳазору 349 варақаи шумориш шуда беш аз 93 дарсад аз раъйдиҳандагон ба "истиқлоли Курдистон раъй додаанд. Аз раъйдиҳандагон ба забонҳои курдӣ, туркӣ, арабӣ ва ошурӣ пурсида шуда буд, "Оё хоҳони ин ҳастед, ки минтақаи Курдистон ва ноҳияҳои курднишини хориҷ аз минтақаи Курдистон як кишвари мустақил шавад?"

Тайи рӯзҳои гузашта фишорҳои байналмилалӣ барои пешгирӣ аз баргузории ҳамапурсӣ афзоиш ёфта буд. Илова бар ҳушдорҳои ҳамсоягон дар мавриди оқибатҳои ҳамапурсӣ, ва низ размоишҳое дар марзи Ироқ, кишварҳое монанди Амрико ба он мухолифат карданд.

Раванди шуморидани оро бо баста шудани ҳавзаҳои раъйгирӣ дар иқлими Курдистон, яъне соати ҳафти шаб ба вақти маҳалл оғоз шуд. Назарсанҷӣ рӯзи душанбеи 25-уми сентябр соати ҳашти субҳ оғоз шуд ва интизор меравад, ки натиҷаҳои он пас аз 72 соат эълом шавад. Шабакаи телевизионии "Курди" дақоиқе монда ба нимашаби душанбе лаҳзаҳои шодиву хурсандии мардум дар хиёбонҳои шаҳрҳои иқлими Курдистонро пахш кардаанд.

Мардум дар ҳоле рӯзи душанбе ба назди сандуқҳои раъйдиҳӣ рафтанд, ки рӯзҳои гузашта таҳти фишори шадиди Бағдод қарор доштанд ва аз сӯи дигар Туркия ва Эрон ба унвони ҳамсоягони иқлими Курдистон бо баргузории ҳамапурсӣ мухолифат карда буданд. Нигарониҳое низ дар сатҳи байналмилалӣ нисбат ба эҳтимоли хушунат дар минтақа иброз шудааст.

Назархоҳӣ барои соҳибистиқлолии курдҳои Ироқ шурӯъ шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:57 0:00

Эрон, Туркия, ҳукумати марказии Ироқ, Амрико ва дабири кулли СММ ба ин ҳамапурсӣ мухолифат кардаанд. Ҳукумати Исроил аз ҳамапурсӣ ҳимоят кардааст. Урдун мавзеи расмии худро эълон накардааст ва тибқи гузоришҳо, Русия низ мавқеи мушаххасе нагирифтааст. Арабистони Саудӣ ибрози умедворӣ карда буд, ки раъйгирӣ анҷом нашавад.

Тайи рӯзҳои гузашта фишорҳои байналмилалӣ барои пешгирӣ аз баргузории ҳамапурсӣ афзоиш ёфта буд. Илова бар ҳушдорҳои ҳамсоягон дар мавриди оқибатҳои ҳамапурсӣ, ва низ размоишҳое дар марзи Ироқ, кишварҳое монанди Амрико ба он мухолифат карданд.

​Вазорати умури хориҷии Амрико чанд рӯз қабл эълон кард, "агар ҳамапурсӣ баргузор шавад, хеле мушкил хоҳад буд, ки музокироте бо Бағдод сурат гирад ва пешниҳоди тарафҳои байналмилалии зикршуда барои ҳимоят аз он низ масдуд хоҳад шуд."

Президентҳои Эрон ва Туркия гуфта буданд, лағв нашудани раъйгирӣ ба ошӯб ва ҳараҷу мараҷ дар минтақа меанҷомад ва нахуствазири Ироқ ин ҳамапурсиро "тасмими якҷониба" хонд, ки ба амнияти Ироқ ва минтақа, таъсир мегузорад.

Рӯзи якшанбе Туркия марзҳои худ бо иқлими Курдистонро баст. Эрон низ эълом кард, ки парвозҳо ба Сулаймония ва Арбилро қатъ намудааст. Нерӯҳои артиши Эрон низ размоишҳоеро дар марзҳои ғарбии худ оғоз карданд. Парлумони Туркия дар айни ҳол тарҳеро, ки ба артиши он кишвар иҷозаи дахолат дар Сурия ва Ироқ дар сурати таҳдидҳои амниятиро медиҳад, тамдид кард.

XS
SM
MD
LG