Пайвандҳои дастрасӣ

Мӯҳлати 3-рӯза ба ҳукумати Курдистон барои вогузории назорати фурудгоҳҳо ба Бағдод


Ҳайдар Ал-Ибодӣ, нахуствазири Ироқ рӯзи сешанбеи 26-уми сентябр ба мақомҳои иқлими Курдистони ин кишвар 72 соат мӯҳлат дод, то назорати фурудгоҳҳои ин минтақаро ба давлати марказии Ироқ вогузор кунанд.

Ба гузориши хабаргузории "Франс-пресс", Ал-Ибодӣ дар нишасти хабарӣ гуфтааст, давлаташ ҳама парвозҳои байналмилалӣ ба Курдистони Ироқ ва ё ба хориҷ аз онро дар ин се рӯз мамнӯъ хоҳад кард, то фурудгоҳҳои воқеъ дар иқлими Куридстони Ироқ таҳти контроли ҳукумати марказӣ қарор гиранд.

Эрон, Туркия, Сурия -- се ҳамсояи Ироқ бо ин ҳамапурсӣ мухолифат кардаанд. Амрико ва СММ низ аз мақомҳои иқлими Курдистони Ироқ хоста буданд, то ҳамапурсиро баргузор накунад.

Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", ӯ ҳамчунин гуфтааст, ки дар сурати дар ихтиёри ҳукумати марказӣ қарор надодани фурудгоҳҳои иқлими Курдистони Ироқ, Бағдод аз кишварҳои ҳамсоя хоҳад хост, то марзҳои худро бо ин минтақа бибанданд.

Ду фурудгоҳи шаҳри Арбил ва Сулаймония дар иқлими Курдистон фаъол ҳастанд ва ба таври маъмул ширкатҳои ҳавоӣ аз Олмон, Урдун, Туркия ба ин фурудгоҳҳо парвозҳо анҷом медиҳанд. Эрон низ то рӯзи якшанбе, ки марзҳои ҳавоии худро ба рӯи иқлими Курдистои Ироқ баст, парвозҳое ба ин минтақа анҷом медод.

Нахуствазири Ироқ, ки як рӯз пас аз ҳамапурсии истиқлоли Курдистон сухан мегуфт, дубора ҳар гуна музокира бар асоси натиҷаҳои ҳамапурсӣ дар ин минтақаро радд кард. Нахуствазири Ироқ гуфтааст, ки ҳукуматаш тибқи Қонуни Асосӣ амал мекунад ва натиҷаҳои ин назарпурсиро қабул надорад.

Масъуди Боризонӣ.
Масъуди Боризонӣ.

Дар ҳамин ҳол, Масъуди Боризонӣ, раиси иқлими Курдистони Ироқ рӯзи сешанбе аз Бағдод хост то дарҳоро ба рӯи музокироти ҷиддӣ бикшояд. Ба гузориши хабаргузориҳо, оқои Боризонӣ ҳамчунин аз ҷаҳон хост ба орзуи миллионҳо тан аз мардум, ки дар ҳамапурсии истиқлол раъй доданд, эҳтиром бигузорад.

Эрон, Туркия, Сурия -- се ҳамсояи Ироқ бо ин ҳамапурсӣ мухолифат кардаанд. Амрико ва СММ низ аз мақомҳои иқлими Курдистони Ироқ хоста буданд, то ҳамапурсиро баргузор накунад. Масъуд Боризонӣ ҳамчунин гуфтааст, ки иқлими Куридстони Ироқ пас аз ин ҳамапурсӣ вориди марҳилаи наве шудааст ва айни замон аз ҳукумати марказии Ироқ хост то аз таҳдиди курдҳои ин кишвар даст бардорад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG