Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мӯди исломӣ пешрафт мекунад

Тарроҳ Нзинга Найт дар Ню-Йорк зиндагӣ мекунад. Моҳи сентябр ӯ дуввумин намоишгоҳи либосҳои исломии эҷодкардаашро дар Ҳафтаи мӯди Ню-Йорк ба намоиш гузошт. Хонум Найт мегӯяд, ки ҳадаф дорад аз роҳи намоиши либоси исломӣ “ҳусну зебоии” хонумони мусалмонро таъкид кунад. Аз рӯи иттилои коршиносон, бозори либосҳои исломӣ даромади зиёд меорад. Барҷис Чоҳан, як тарроҳи ғарбии либосҳои исломӣ дар сӯҳбат бо нашрияи бритониёии "The Guardian" гуфтааст, ки саҳми мӯди исломӣ дар саноати ҷаҳонӣ 96 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG