Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муовини президенти Эрон: Манъи ҳузури занон дар варзишгоҳ "табъиз аст"


Муовини раиси ҷумҳури Эрон дар умури занон ва хонавода мегӯяд, ки дар ҷараёни бозии футбол миёни дастаҳои Эрон ва Сурия, занони эронӣ мавриди "табъиз қарор гирифтанд". Вебсайти Хабар.олнайн рӯзи 8-уми сентябр гузориш кард, ки Маъсума Ибтикор ин масъаларо дар канали "Телеграм"-и худ мунташир кард.

Ибтикор, ҳамчунин, навиштааст, ки дар ин бора бо Масъуд Султонифар, вазири варзиш ва ҷавонон, сӯҳбат кард. Вай ба ҷузъиёти ин гуфтугӯ ишора накарда, аммо афзудааст, "гуфтугӯҳо барои ҳамоҳангӣ бо ниҳодҳои фарҳангӣ, интизомӣ ва иҷроия барои ҳалли ин масъала идома дорад."

Занони эронӣ аз солҳо ба ин тараф барои вуруд ба варзишгоҳҳо ва ба вижа майдонҳои футбол талош мекунанд, аммо мақомҳои ҳукуматӣ иҷозаи вуруди онҳо ба майдонҳои варзиширо надодаанд.

Хабар.онлайн дар гузориши дигаре навиштааст, ки Маъсума Ибтикор дар ҳошияи маросими ҷанозани Шаҳло Ҳабибӣ, нахустин мушовири умури занони раёсати ҷумҳурӣ дар Эрон пас аз инқилоб, аз талошҳо барои иҷозаи ҳузури занони эронӣ дар варзишгоҳҳо, хабар додааст.

Муовини раиси ҷумҳури Эрон дар умури занон ва хонавода гуфтааст, ниҳодҳое, ки масъули ин кор ҳастанд, барои гирифтани як "тасмими мантиқӣ" дар ҳоли баҳсу гуфтугӯ ҳастанд. Хонум Ибтикор афзудааст, "ман ба танҳоӣ дар ин масъала масъулият надорам, ки бихоҳам ба танҳоӣ изҳори назар кунам, вале ҳатман талошҳои худамонро хоҳем кард, то масъала ба як шакли мантиқӣ ва муносиб, ҳал шавад."

Маъсума Ибрикор, муовини раиси ҷумҳури Эрон дар умури занон ва хонавода.
Маъсума Ибрикор, муовини раиси ҷумҳури Эрон дар умури занон ва хонавода.

Изҳори назари вай дар ҳоле баён шудааст, ки Маҳдӣ Тоҷзода, раиси Федератсияи футболи Эрон пас аз бозии футбол миёни Эрон ва Сурия гуфт, ки ин федератсия аз назари "сохторӣ ва физикӣ" омодагии пазириши занон дар варзишгоҳҳоро надорад. Теъдоде аз занон, ки пеш аз ин бозӣ аз тариқи интернет билети онро таҳия карда буданд, рӯзи бозӣ пушти дарҳои Варзишгоҳи Озодии Теҳрон монданд ва иҷозаи ворид шудан ба онҳо, дода нашуд.

Тоҷзода дар вокуниш ба ин мамнуият гуфтааст, "мо ки дар варзишгоҳ ҳозир мешавем, воқеиятҳои даруни варзишгоҳро медонем." Вай афзудааст, ки барои вуруди занон бояд "дарвозаҳои ҷудогона дошта бошем, ки ин то ба ҳол амалӣ нашудааст". Раиси Федератсияи футболи Эрон фурӯши онлайнии билетҳо ба теъдоде аз занонро "иштибоҳ" дар системаи билетфурӯшӣ гуфтааст. Вай гуфтааст, ки дар пайи ин иштибоҳ 11 нафар аз занон билет харида буданд, аммо бо тасмими онҳо, билетҳо "ботил" эълон шуданд.

Раиси Федератсияи футболи Эрон дар вокуниш ба интиқодҳо дар мавриди ҳузури бархе аз занони тарафдори дастаи Сурия дар Варзишгоҳи Озодии Теҳрон гуфтааст, ки ин занон "тибқи қонунҳои байналмилалӣ", ба варзишгоҳ роҳ дода шудаанд.

Ҳаводорони дастаи мунтахаби Сурия дар Варзишгоҳи Озодии Теҳрон.
Ҳаводорони дастаи мунтахаби Сурия дар Варзишгоҳи Озодии Теҳрон.

Дар пайи ин моҷаро Шаҳиндухт Мавловардӣ, мушовири вижаи раиси ҷумҳури Эрон дар умури ҳуқуқи шаҳрвандӣ дар "Твиттер"-и худ навишт, ки ҳузури занон дар варзишгоҳ тибқи маншури ҳуқуқи шаҳрвандӣ, ҳаққи онҳо аст. Парвона Силаҳшӯрӣ, раиси фраксияи занон дар порлумони Эрон низ гуфтааст, то вақте, ки ҳузури занон дар варзишгоҳҳои кишвар фароҳам нашавад, тарҷеҳ медиҳад, ки ба унвони намояндаи порлумон ба ҳеҷ варзишгоҳе наравад.

Хонум Силаҳшӯрӣ манъи вуруд занони эронӣ ба Варзишгоҳи Озодӣ дар рӯзи бозии Эрон ва Сурияро "ношоист ва табъизомез" хонд ва пешниҳод кард, дар яке аз мусобиқаҳои муҳим байни дастаҳои машҳури футболи Теҳрон ба таври озмоишӣ, ба занон иҷозаи вуруд дода шавад, то ба гуфтаи ӯ, паҳлуҳои ин масъала рӯшан шавад.

Занони эронӣ аз солҳо ба ин тараф барои вуруд ба варзишгоҳҳо ва ба вижа майдонҳои футбол талош мекунанд, аммо мақомҳои ҳукуматӣ иҷозаи вуруди онҳо ба майдонҳои варзиширо надодаанд.

XS
SM
MD
LG