Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ин ҷамъ мардона аст" - вазъи занон дар бозори кори Эрон


Созмони Дидбони ҳуқуқи башар ё Human Rights Watch аз табъиз ва монеаҳои мавҷуд барои занони Эрон дар ҷомеа ва бозори кор, интиқод кард. Ин созмони байналмилалӣ ва ғайридавлатии мудофеъ аз ҳуқуқи башар аз Эрон хост, то барои рафъ ин монеаҳо, қонунҳо ва шароити иҷтимоии худро ислоҳ кунад. Гузориши Созмони Дидбони ҳуқуқи башар рӯзи чаҳоршанбеи 25 май ба унвони "Ин ҷамъ мардона аст", мунташир шуд.

Дар ин гузориш гуфта шудааст. ки занон дар Эрон "бо маҷмӯае аз монеаҳои қонунӣ ва иҷтимоӣ рӯбарӯ ҳастанд, ки на танҳо зиндагии онҳо, балки маошашонро низ маҳдуд месозад ва дар натиҷа сабаби нобаробарии иқтисодӣ дар зиндагии онҳо мешавад". Ба гуфтаи Созмони Дидбони ҳуқуқи башар, бо вуҷуди ин, ки занон беш аз 50 дарсади хатмкунандаҳои донишгоҳҳоро дар Эрон ташкил медиҳанд, нархи мушорикати онҳо дар нерӯи кор "фақат 17 дарсад" аст.

Соли 2015 як гузориш, ки дар робита ба нобаробарии ҷинсиятӣ, ки тавассути Маҷмаи ҷаҳонии иқтисод таҳия шуд буд, низ Эронро аз назари баробарии ҷинсиятӣ дар миёни панҷ кишвари охири ҷаҳон (рутбаи 141 то 145) қарор дода буд. Созмони Дидбони ҳуқуқи башар яке аз нобаробариҳо алайҳи занон дар Эронро дар "мушорикати иқтисодӣ" дониста ва меафзод, ки илова бар ин, "тафовутҳои чашмгир дар тамоми марҳилаҳои силсилаи иқтисодӣ вуҷуд дорад ва мизони ҳузури занон дар мақомҳои давлатӣ ва масъулиятҳои иҷроӣ дар бахши хусусӣ дар муқоиса бо шумораи онҳо, бисёр кам аст.

Ба гуфтаи ин созмони ҳуқуқи башар, ин нобаробарӣ дар бозори кори Эрон дар ҳоле рух додааст, ки "мақомоти Эрон ҳуқуқи иҷтимоӣ ва иқтисодии занонро ба таври густурда зери по кардаанд". Ин гузориш мегӯяд, ки Эрон "ба вижа қонунҳо ва муқаррароти табъизомези зиёдеро ҷорӣ карда ва ба иҷро гузоштааст, ки мизони ширкати занон дар бозори корро маҳдуд мекунад ва ин дар ҳоле аст, ки ҳукумат на танҳо шеваҳои табъизомези истихдоми роиҷ дар бахшҳои давлатӣ ва хусусиро мутаваққиф намекунад, балки гоҳ-гоҳ онҳоро фаъолона густариш медиҳад."

Ҷумҳурии исломии Эрон, ки қонунҳои онҳо то ҳадди зиёде бар асоси шариати исломӣ навишта шудаанд, аз сӯи кишварҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ ба нақзи ҳуқуқи башар ва ба вижа ҳуқуқи занон муттаҳам мешавад. Мақомоти Эрон маъмулан чунин масъалаҳоро радд мекунанд, ҳарчанд занон ва пайравони ақалиятҳои динӣ ва мазҳабӣ бар асоси қонунҳои он кишвар аз интихоб шудан ба вазифа ва мақомҳо манъ шуда ва дар баробари мардон ва мусалмонон бо як теъдод маҳдудиятҳо рӯбарӯ ҳастанд.

Дар ин гузориш омадааст, ки фоизи занони коргари Эрон поинтар аз 20 дарсади Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ мебошад. Ин нишондод поинтарин сатҳ дар ҷаҳон мебошад. Дар гузориши “Дидбони ҳуқуқи башар” гуфта шудааст, ки ҳарчанд пас аз имзои барномаи ҳастаӣ бисёре аз таҳримҳо бардошта шуда ва миллиардҳо доллар ба ҳукумат ворид шуду иқтисоди Эрон афзоиш ёфт, аммо дар пешравии занон таъсире надошт. Ин ҳам дар ҳолест, ки Ҳасани Руҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон ваъда дод, ки “ҳамаи эрониён” аз ин тавофуқ фоида мебинанд.

Фишори иҷтимоӣ

Агарчӣ дар Эрон болои занон барои қабул кардани “нақши идеалӣ” издивоҷ кардан ва муроқибат аз кӯдак фишори иҷтимоӣ вуҷуд дорад, ин гузориш мегӯяд, бисёре аз қонунҳои табъизомез ҳукми амал доранд. Бахусус қонунҳои марбут ба оила, ки монеи баробарии ҷинсӣ дар ҷомеа ва ҷойи кор мешаванд. Дар гузориш омадааст, ки бисёре аз қонунҳои табъизомез баро занон ҳанӯз аз қонуни ҷамъиятии соли 1936 мондаанд. Қонунҳои дигар пас аз Инқилоби исломии соли 1979 ба иҷро даромаданд, ки қонунгузориҳои марбут ба баробарии ҷинсии даврони шоҳро лағв карданд.

Як миллион имзо

Аз соли 2006 то 2008 аъзои корзори “Як миллион имзо”, ки мехостанд таваҷҷуҳро барои қонунҳои табъизомез дар Эрон ҷалб кунанд, муҳокима шуданд. Гузориши “Дидбони ҳуқуқи башар” мегӯяд, муҳокимаи аъзои ҳаракати “Як миллион имзо” нишон медиҳад, ки баробарии иҷтимоӣ ва иқтисодӣ барои занон эронӣ бо муборизаи куллитари гуруҳҳои мухолиф дар Эрон барои “ҳуқуқи сиёсӣ ва иҷтимоии”, бузаргтар гиреҳ хӯрдааст.

Дақиқтар, қонунҳои хонаводагӣ барои дастрасии баробар ба кор монеъ мешаванд ва инчунин навъи корҳоро барои занон маҳдуд мекунанд. Занон аз даромаде, ки мардон ба даст меоранд, маҳрум ҳастанд.

Қонуни Эрон, ки дар онҷо шавҳар сарвари оила гуфта шудааст, ҳамчун монеа барои занон баррасӣ мешавад. Чунки иштироки зан дар бархе аз шуғлҳои муайян аз сӯи шавҳараш ба таври қонунӣ контрол мешавад. Дар баъзе мавридҳо корфармо ризоияти хатти шавҳарро талаб мекунад.

Афзоиши аҳолӣ

Аҳамияти додани Эрон ба афзоиши аҳолӣ ва қонунгузории тарғиби оилаҳои калон ва маҳдудият барои танзими хонавода, бори занони эронӣ боз ҳам сангинтар кард. Эрон иддао дорад, ки ҳуқуқи занонро дар баробари табъиз дар ҷомеа ҳифз мекунад ва ба Маъсума Ибтикор, ки соли 1997 муовини раиси ҷумҳур таъйин шудааст, ишора мекунад. Аммо аз 29 вазири кобинаи Руҳонӣ танҳо 3 нафар зан мебошанд. Мақомоти Эрон ҳеҷ вақт нагузоштаанд, ки як зан номзади раёсатҷумҳурӣ бишавад ва танҳо 6 дарсади парлумони Эронро занон ташкил медиҳанд.

Созмони “Дидбони ҳуқуқи башар” барои анҷом додани ин гузориш аз омори давлатӣ ва суханрониҳои мақомот ва инчунин аз мусоҳибаҳои даҳҳо марду зан, ки дар шаҳрҳои Эрон кору зиндагӣ кардаанд, истифода бурдааст. Гурӯҳи таҳиягар инчунин бо ширкатҳои кишварҳои хориҷӣ, ки дар Эрон кор мекунанд ё талоши ворид шудан ба ин кишварро доранд, машварат кардааст.

Ин гузориш дар поён хостори он шудааст то Ҷумҳурии исломии Эрон "қонуне фарогир дар мубориза бо табъиз иттихоз кунад то ҳама муқаррароти табъизомези мавҷуд дар сохтори ҳуқуқии феълиро аз байн бардорад ва муқаррароте дар ҷиҳати ҳимоят аз баробарии занони коргар дар бозори кор, фароҳам кунад.

XS
SM
MD
LG