Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Занҳои эронӣ набояд пешхизмат шаванд"


Занҳо дар Эрон боз аз як шуғли дигар маҳрум шуданд ва акнун ҳақ надоранд, дар қаҳвахона, кафешоп ва тарабхонаҳо кор кунанд. Ҳатто занҳое, ки бизнеси қаҳвахонаро пеш мебаранд, наметавонанд ба танҳоӣ муҷавизи кор бигиранд ва бояд ҳатман як мард дар паҳлӯи онҳо бошад.

Раиси Пулиси нерӯи интизомӣ дар ин кишвар Халили Ҳилолӣ гуфтааст, ки аз ин ба баъд кори занон дар тарабхонаҳо кофешопҳо ва фазои умумии суфрахонаҳои суннатӣ манъ аст. Ӯ рӯзи шанбеи гузашта ба хабаргузории “Тасним” дар Эрон гуфт, ки занҳо метавонанд дар бизнеси бунёди тарабхонаҳо иштирок кунанд, вале наметавонанд дар фазои умумӣ ба муштариҳо хизмат расонанд. Раиси пулис ҳамзамон гуфтааст, шуғли занҳо дар ошхонаи суфрахонаҳои суннатӣ ҳамаоно роиҷ аст.

Мамнуъияти навбати норозигии фаъолони ҳуқуқи зан дар Эронро ба миён овардааст, ки мегӯянд, ҳеҷ кас наметавонад ҳуқуқи интихоби корро аз занҳо бигирад ва ҳамагуна талоши эҷоди маҳдудият бар пояи мансубияти ҷинсӣ ба пинҳонкорӣ роҳ мекушояд. Онҳо аз ин нигаронанд, ки мамнуъяти нав метавонад боиси вусъати бекорӣ дар байни занони Эрон шавад.

Ба думболи изҳори назари раиси пулис ҳуқуқдони эронӣ Неъмати Аҳмадӣ дар суҳбат бо хабаргузории “ИЛНО” гуфт, ки қонунуҳои Эрон кори занҳоро дар дар қаҳвахонаҳо ва суфраҳои суннатӣ мамнуъ намекунанд ва Қонуни Асосӣ, ба унвони олитарин санади Эрон ҳар гуна эъмоли табъизи ҷинсиро ғайриқонунӣ медонад. Раиси пулиси интизомӣ нагуфтааст, ки манъи кори занон дар қаҳвахонаҳо бо такя ба кадом қонун амалӣ мешавад, дар ҳоле, ки тибқӣ Қонуни меҳнат занҳо танҳо аз иҷрои шуғлҳои сахту тоқатфарсо озод ҳастанд.

Баъди инқилоби Исломии соли 1979 занҳои Эрон аз як идда шуғлҳое, ки дар гузашта доштанд маҳрум шуданд ва дар байни ҳуқуқи зану мард шикофи бузург эҷод шуд. Барои намуна занҳои Эрон наметавонанд қозӣ ё ҳакам бошанд, зеро аз нигоҳи Ҷумҳурии Исломӣ шариати Ислом қазовати занро қабул надорад. Занҳо метавонанд овозхон бошанд, дар хор ё сурудҳои умумӣ бо мардҳо таронасароӣ кунанд вале танҳо ба саҳна набароянд.

Манъи кори занҳо дар кофешопҳо, қаҳвахонаҳо ва суфраҳои суннатӣ дар ҳоле матраҳ мешавад, ки ахиран мавзуъи ҷудо будани фаъолиятҳои марбут ба ҷинсият дар шаҳрдории Теҳрон ба мавзуъи ихтилоф дар байни масъулони давлат ва мудирони шаҳрдории Теҳрон табдил шудааст. Шаҳрдории Теҳрон, таҳти сарварии Муҳаммадбоқири Қолибоф ахиран дар ҷаласе аз мудирони худ хост, то ҷойе ки имкон дорад, маҳалли истиқрори занҳоро аз мардҳо ҷудо кунанд. Аммо аз сӯи дигар вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоии Эрон ин тасмимро хилофи Кенвенцияҳои байналмилалӣ донист ва хостори лағви ин дастур шуд. Муртазо Талоӣ, узви Шӯрои шаҳри Теҳрон ба унвони яке аз ҷонибдорони ин тарҳ ба Шабакаи- 2-и Телевизиони Эрон гуфт, ки кори занҳо дар кафешоп ва қаҳвахонаҳо ба шаъну мартабаи онҳо муносиб нест.

Бар пояи гузоришҳои давлатӣ бекории занон дар Эрон ду баробар бештар аз мардон аст. Соли гузашта Маркази омори Эрон дарсади бекории мардони Эронро дар ҳудуди 9 ва сатҳи бекории занонро ҳудуди 19 дар сад эълон кард.

XS
SM
MD
LG