Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мувофиқати Эрон ба ҳузури занон дар варзишгоҳҳо


Эрон ба ҳузур ёфтани занон дар толорҳо барои тамошои мусобиқаи варзишӣ ризоят додааст. Баъди пирӯзии инқилоби исломӣ занони эронӣ ҳаққи тамошои мусобиқаҳо дар варзишгоҳҳоро надоштанд.

Мақомоти Эрон мегӯянд, шӯрои амнияти он кишвар тарҳи пешниҳодии вазорати ҷавонон барои ҳузури занон дар толорҳои варзишӣ барои тамошои мусобиқаи "бархе риштаҳои варзишӣ"-ро тасдиқ карда ва ин тарҳ дар соли ҷорӣ амалӣ мешавад.

Хабаргузории давлатии Эрон - ИРНА аз қавли Абдулҳамид Аҳмадӣ, муовини вазири варзиши он кишвар навиштааст, дар айни ҳол ҳузури занон дар толорҳои варзишӣ вобаста ба "таносуби риштаҳо" аст. Ӯ дар шарҳи ин масъала гуфтааст, "дар бархе риштаҳои варзишӣ на хонаводаҳо хостори ҳузур ҳастанд ва на имкони ҳузур вуҷуд дорад. Зеро теъдоде аз ин варзишҳо мардонаанд."

Муовини вазири варзиш ва ҷавонони Эрон ба риштаҳои варзишие, ки занон имкони тамошои мусобиқаи онҳоро нахоҳанд дошт, ишора накард. Вай ҳамчунин танҳо аз ҳузури занон дар толорҳои варзишӣ сухан гуфта ва ишорае ба имкони ҳузури занон дар варзишгоҳҳои бозиҳои футбол накардааст.

Ба гуфтаи Аҳмадӣ, "оинномаи ҷомеъ"-и вазорати варзиш барои ҳузури "хонаводаҳо ва занон" дар толорҳои варзишӣ дар авохири соли гузаштаи солшумории эронӣ аз сӯи шӯрои амнияти миллии Эрон тасдиқ шудааст. Вай гуфтааст, дар ин тарҳ шароити фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва шаръӣ ба назар гирифта шудааст.

Пас аз дастури Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури пешини Эрон барои вуруди занон ба варзишгоҳҳо, шуморе аз рӯҳониёни сатхтгир тамошои мусобиқаҳои варзишӣ дар майдонҳоро барои занони Эрон аз назари шаръӣ ҳаром донистанд. Бо вуҷуди ин, тақозо барои ҳузури занон дар варзишгоҳҳо то имрӯз идома ёфтааст. Дар ҳамин ҳол, талошҳои шуморе аз занон барои тамошои мусобиқоти волейбол байни Эрон ва Бразилия ва ҳамчунин Эрон ва Италия дар соли гузашта, хабарсоз шуд.

Пас аз мамнӯияти ҳузури занон дар варзишгоҳҳо, соли гузашта федератсияи байналмилалии волейбол Эронро аз ҳаққи мизбонии бархе аз мусобиқаҳои ҷаҳонӣ маҳрум кард. Аз ин қабл, раиси федератсияи байналмилалии футбол Зепп Блаттер бо "ғайри қобили таҳаммул" хондани мамнӯияти ҳузури занон дар варзишгоҳҳои Эрон хостори поён ёфтани ин вазъият шудааст.

Ба гуфтаи Блаттер, тасмими манъи тамошои футбол аз сӯи занон бояд лағв шавад. Ӯ моҳи ноябри соли 2013 ба Эрон сафар карда, он ҷо шоҳиди маҳбубияти зиёд ба футбол шуд ва ҳамзамон ошкор кард, занон аз имкони тамошои ин бозӣ дар варзишгоҳҳо маҳруманд. Зепп Блатер гуфта буд, ин маҳрумият дар ҳолест, ки футболи занона дар Эрон равнақ меёбад.

Ин дар ҳоле буд, ки беш аз 200 фаъоли сиёсӣ иҷтимоӣ ва мадании машҳури Эрон аз саросари ҷаҳон, дар номае ба оқои Блаттер хостори он шуданд, ки аз ихтиёроти қонунии худ барои поён додани "табъизи ҷинсиятӣ" дар футболи Эрон истифода кунад. Пеш аз ин Шаҳиндухт Мавловардӣ, муовини умури занони раёсати ҷумҳури Эрон аз ба иҷоза наёфтани занон барои тамошони мусобиқаи волейбол эътироз карда ва гуфта буд, ки Ҳасани Рӯҳонӣ дастури баррасии ин амрро содир кардааст.

Мансабдорони эронӣ мегӯяд, ки ҳадаф аз манъи вуруди занон барои тамошои футбол – ҳифзи онҳо аз рафтору гуфтори дағалонаи мардон дар варзишгоҳ аст. Занони эронӣ аз ҳаққи тамошои бозии волейбол миёни мардон дар варзишгоҳҳо, низ маҳруманд.

XS
SM
MD
LG