Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соҳибкор ба ҷои бунгоҳи тиббӣ қаср сохт ва гуфт, "ба куҷое хостед, шикоят кунед". ВИДЕО


Хонае, ки ҷанҷолбарангез шуд
Хонае, ки ҷанҷолбарангез шуд

Сокинони Ҳосилободи ноҳияи Вахш иддао доранд, ки соҳибкор Тоҷиддин Гулов роҳ ба сӯи хонаашонро баста, дар ҷойи бунгоҳи тиббӣ, китобхона ва хобгоҳи омӯзгорон иморати муҳташами шахсӣ сохтааст. Онҳо мегӯянд, аз соли 2006 боз зӯрашон ба ин соҳибкор намерасад, то бунгоҳи тиббии маҳаллашонро баргардонда, роҳ ба сӯи хонаҳоро боз намоянд.

  • Дар идораи замини ноҳияи Вахш ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки воқеан ин заминро ба Тоҷиддин Гулов ба хотири сохтмони бинои нави бунгоҳи тиббӣ дода буданд, "аммо ӯ ғайриқонунӣ манзили зист сохтааст".
Сокинон мегӯянд, чанд дафъа ба роҳбарияти ноҳияи Вахш ҳам муроҷиат кардаанд, аммо ба сабабҳои гуногун доди онҳо дар долонҳои идораҳои давлатӣ гум мешавад.

Авригул Каримова, сокини Ҳосилобод, рӯзи 13-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, борҳо дар ин бора ба мақомот муроҷиат карда, акси садое нашуниданд. "Дар инҷо бунгоҳи тиббӣ буд. Бознишастаҳо пули нафақаашонро дар ҳамин бино мегирифтанд. Ҳозир мардум барои нафақагирӣ ба марказ мераванд”, - даъво кард ӯ.

Моҳира, сокини дигари Ҳосилобод, мегӯяд, беш аз даҳ сол боз бунгоҳи тиббӣ надоранд ва ин мушкили ҷиддӣ барои онҳост. Ӯ гуфт, “ягон нафар бемор шуд, одамон ба ким-куҷо мераванд. Онҳое, ки мошин доранд, мераванд, дигарон бояд бимиранд? Ӯ даъво дорад, ки ин заминро харидааст. Мегӯяд, бирав то президент шикоят кун, зӯрат ба ман намерасад.”

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Соҳибкор ба ҷои бунгоҳи тиббӣ қаср сохт ва гуфт, "ба куҷое хостед, шикоят кунед"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:40 0:00

Сокинон гуфтанд, ки молики хона дар Душанбе аст. Онҳо чанд бор хостаанд, ки бо бародари соҳибкор ба мусолиҳа бирасанд. Аммо бо нороҳатӣ аз фарҳанги муоширати ӯ ёд оварданд. Рухсора, сокини Ҳосилободи ноҳияи Вахш, гуфт, боре барои даъво шавҳарашро латту кӯб кардаанд.

Радиои Озодӣ тавзеҳи ин гуфтаҳои Рухсораро натавонист аз соҳибкор бигирад. Талошҳои мо барои сӯҳбат бо Тоҷиддин Гулов ва бародараш бенатиҷа анҷом ёфт.

Мавзӯи баҳс бо соҳибкор ин аст, ки ӯ роҳи хонаи ҳамсояи Рухсораро баста, талаб дорад, аз ҳисоби ҳавлии онҳо роҳ боз кунад. Ду хонаводае, ки ба гуфтаашон, мавриди фишори ин соҳибкор қарор гирифтаанд, ба мо ҳуҷҷатҳои заминашонро нишон доданд. Дар он марзи ҳавлии онҳо кашида шудааст.

Сокинон мегӯянд, чанд дафъа ба роҳбарияти ноҳияи Вахш ҳам муроҷиат кардаанд, аммо ба сабабҳои гуногун доди онҳо дар долонҳои идораҳои давлатӣ гум мешавад.

Шарбатуллои Азизулло
Шарбатуллои Азизулло

Радиои Озодӣ аз раиси ноҳияи Вахш дар бораи ин мушкил пурсид. Шарбатуллои Азизулло ҳангоми нишасти матбуотӣ гуфт, дар бораи ин қазия хабар надорад ва ҳангоми муроҷиат онро баррасӣ хоҳанд кард. Дар ҳамин ҷаласаи ҳукумат аз раиси ҷамоати “Киров”-и ноҳияи Вахш низ тавзеҳ хоста шуд. Тоҳир Турсун гуфт, “соли 2012 Тоҷиддин Гулов замини ғайрикишоварзиро гирифтааст. Амалаш дуруст аст. Баҳси судӣ аст, ҳамсоягарӣ аст, мо ҳал мекунем.”

Аммо сокинони деҳаи Ҳосилобод мегӯянд, ин баҳс на соли 2012, балки аз соли 2006 ба ин тараф идома дорад.

Радиои Озодӣ охирин умеди сокинони ин деҳ аст, ки мехоҳанд ба василаи он додашонро ба мақомҳои болотар бирасонанд. Чунки ба ҳал шудани қазияаашон дар сатҳи идораҳои ноҳиявӣ бовар надоранд. Мехоҳанд дигар касе роҳи рафтуомади ба хонаашонро набандад ва ба доштани як бунгоҳи тиббӣ барои гирифтани ёрии таъҷилӣ ҳуқуқашонро ҳифз намоянд.

XS
SM
MD
LG