Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон марзашро бо Афғонистон аз нав таъйин мекунад. ВИДЕО


Баъд аз 30 сол Тоҷикистон бо таъсиси як кумисюни вижа талош дорад, марзашро бо Афғонистон аз нав мушаххас ва аломатгузорӣ кунад. Ин ду кишвар 1347 километр марзи муштарак доранд ва хатти марз дарёи Панҷ аст. Мақомот мегӯянд, ки дар пайи ба ҳар сӯй “ғел хӯрдан”-и оби Панҷ қитъаҳои баҳсӣ ба миён меояд.

Афғонистон соҳиби заминҳои зиёди бекорхобида аст, бахусус дар қисми шимол. Аз ин нуқтаи назар, барои Афғонистон ҳеч мушкил нест. Шояд мо ба якдигар гузаштҳое низ кунем."
Сайфулло Сафаров

Босмачиҳо ва марз

Ифтихор Ҷӯраев, сардори Раёсати назорати давлатии геодезӣ ва демаркатсияву делимитатсияи Кумитаи замин, рӯзи 1-уми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, кори кумисюн шурӯъ шуда, интизор меравад, рӯзҳои наздик гуфтушунид бо ҷониби Афғонистон сурат гирад. Ӯ гуфт, “марзе, ки Тоҷикистону Афғонистон дорад, ҳанӯз аз рӯи маълумоти демаркатсияи солҳои 1940 то 1990 муайян шуда буд”.

Тоҷикистону Афғонистон наздики 120 соли пеш миёни ҳам марз надоштанд. Таҳлилгарон мегӯянд, бо онки дар соли 1897 бо мувофиқаи Русияи подшоҳӣ ва Бритониё рӯдхонаи Панҷ марзи Аморати Бухоро ва Афғонистон шинохта шуд, аммо то замони ҷанги дувуми ҷаҳон миёни ин ду кишвар баҳси марзие вуҷуд надошт. Сарҳад чандон мустаҳкам набуд ва рафтуомади сокинони ду кишвар бидуни мушкил идома мекард.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Тоҷикистон марзашро бо Афғонистон аз нав мушаххас мекунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:46 0:00

Аммо, ба гуфтаи Қосимшоҳ Искандаров, таҳлилгари масоили Афғонистон, баъди талоши “босмачиҳо”, афроди норозӣ аз Шӯравӣ барои ворид шудан ба хоки минтақа, дар солҳои ҷанги дувуми ҷаҳон, Ҳукумати Шӯравӣ марзҳояш бо Афғонистонро мустаҳкам кард. “Дарёи Панҷ сарҳад муайян шуда буд ва дар пайи ин қисматҳои Дарвози соҳили чапи дарё ба ихтиёри Афғонистон гузашт”, - мегӯяд Искандаров.

Аз Хатлон то Бадахшон

Ифтихор Ҷӯраев
Ифтихор Ҷӯраев

Тибқи санадҳои байналмилалӣ кишварҳое, ки сарҳадашонро об ё кӯҳ ҷудо мекунад, дар 20 сол бояд аз нав мушаххас ва аломатгузорӣ кунанд. Чунки ба таъкиди коршиносон, дарё маҷрои худро тағйир медиҳад ва хатти сарҳадро вайрон мекунад. Дарёи Панҷ дар 30 соли ахир, ки ба ҳайси хатти марз мушаххасу аломатгузорӣ нашудааст, дар ин муддат даҳҳо ҷазираҳои хурду бузургро ба миён овардааст. Ин дарё шуруъ аз Бадахшон то Хатлон марзро тақсим мекунад.

Дар гузашта чунин ҷазираҳо ба ҳайси паноҳгоҳи мардуми гуреза дар пайи ҷангҳои шидиди Толибон бо ҳукумати Афғонистон табдил ёфта буд ва гоҳи дигар онро гуруҳҳои қочоқбару силоҳбадаст истифода мекардаанд. Аз сӯи дигар, ба назари Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари минтақавӣ, то ҳанӯз мардуми наздимарзӣ дар он сӯи марз дар ин ҷазираҳо чорводориву зироатпарварӣ мекунанд, ки ин шароити будубоши марзиро вайрон кардааст.

Қосимшоҳ Искандаров
Қосимшоҳ Искандаров

Ӯ гуфт, “албатта, маҷрои дарё тағийр карда, бахше аз хоки ин ё он кишварро шуста ворид шудааст. Бинобар ин, масъала ҳам каме печида ба назар мерасад. Шояд ҳарду кишвар бо гузаштҳои мутақобил дар бархе аз минтақаҳо метавонанд ин мушкилро ҳал кунанд”.

Сӯистифодаи гурӯҳҳои ифротгаро

Ин дар ҳолест, ки чанд соли пеш як қисми марзи Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ, ки ҳангоми дигар шудани маҷрои рӯдхонаи Панҷ ба Афғонистон гузашта буд, мавриди баҳси мақомоти ду кишвар қарор гирифт. Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, чунин мушкил дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва Панҷи вилояти Хатлон низ ба назар мерасад, ки то ҳоло ҳалли ниҳоии худро пайдо накардаанд.

Марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон
Марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон

Аз ин рӯ, ба таъкиди таҳлилгарон, талоши дубораи Тоҷикистон барои мушаххас ва аломатгузорӣ дар марз бо Афғонистон метавонад барои амнияти ҳарду кишвар мусоид бошад. Бо ишора ба ин, афғонистоншинос Қосимшоҳ Искандаров мегӯяд, гуруҳҳои ифротгаро дар ҳар давру замон метавонанд аз ин ҷазираҳои байни ин ду кишвар истифода кунанд. Вай гуфт, “дар ҳолати мушаххас шудани марзҳо, дигар ҳарду кишвар медонанд, ҳудудашон кадом аст ва амниятро дуруст таъмин мекунад”.

Нуралишо Назаров
Нуралишо Назаров

Дар ҳоле ки Тоҷикистон барои демаркатсия ва делимитатсияи марзаш бо Афғонистон акнун даст ба кор шудааст, ба гуфтаи коршиносон, ҷониби ҳамсоя дар чанд соли пеш ба Тоҷикистон мушаххас кардани минтақаҳои алоҳидаи марзро пешниҳод кард. Нуралишо Назаров, собиқ фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, рӯзи 2-юми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Чанд соли пеш мақомоти Афғонистон барои мушаххас кардани минтақаи Қалъаи Хумб муроҷиат карда буданд. Мақсадашон ҳам барқарор кардани аломатҳои афтида буд”.

Сафаров: Шояд ба якдигар гузаштҳое кунем

Вилоятҳои Кундуз, Тахор ва Бадахшони Афғонистон, ки бо вилоятҳои Хатлон ва Бадахшони Тоҷикистон марзи муштарак доранд, дар ин авохир ба саҳнаи даргириҳои шадид миёни Толибону нирӯҳои давлатӣ табдил ёфтааст ва яке аз қаламравҳои мавриди таваҷҷӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир ва ҳам гурӯҳҳои мусаллаҳ аст.

Сайфулло Сафаров
Сайфулло Сафаров

Таҳлилгарон ҳам мегӯянд, бо онки Тоҷикистон корро дар ин самт шуруъ кардааст, аммо Афғонистон дар ин шабурӯз бештар сари масоили амнияти дохилиаш фикр мекунад ва агар мушкиле дар масоили марзӣ дошта бошад, ин бо кишвари Покистон аст, ки зиёда аз 4 ҳазор километр аст. Сайфулло Сафаров, муовини аввали раҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди президент мегӯяд, "Афғонистон соҳиби заминҳои зиёди бекорхобида аст, бахусус дар қисми шимол. Аз ин нуқтаи назар, барои Афғонистон ҳеч мушкил нест. Шояд мо ба якдигар гузаштҳое низ кунем."

Тоҷикистон бо ҳамсоякишварҳояш Чин - 492, Узбакистон - 1336 Қирғизистон - 987 ва Афғонистон - 1374 километр марзи муштарак дорад. Дар гузашта аломатгузорӣ нашудани марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон мушкили зиёдеро пеш оварда буд, ки дар натиҷа бо задухӯрд ва кушта шудани марзбонҳо анҷом ёфт ва то ҳанӯз ин мушкил ҳалли худро пайдо накардааст. Баҳсҳои марзӣ бо Узбакистони ҳамсоя низ вуҷуд дорад.

XS
SM
MD
LG