Мақомоти Вазорати умури хориҷии Русия гуфтанд, ки дар минтақаи Ҷузҷон ва Сари Пули Афғонистон то 10 ҳазор ҷангҷӯи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ҷамъ шудаанд. Ин ду минтақаи Афғонистон дар наздикии марз бо Тоҷикистон қарор дорад.
Силоҳбадастон дар Афғонистон бояд донанд, ки Тоҷикистон узви созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) аст ва дар ҳолати зарурӣ кишварҳои узв ба ёрии Тоҷикистон ҳозир мешаванд.”
Замир Кобулов, раҳбари департаменти Осиёи Вазорати корҳои хориҷии Русия, рӯзи 23-юми декабр дар як баёнияи матбуотӣ гуфт, дар оғоз нирӯҳои пайрави ДИИШ дар Афғонистон хеле маҳдуд буд, аммо вақтҳои ахир сафи онҳо афзудааст.
“Ба иттилои мо, шумори ҷангҷӯён аз ҳисоби онҳое, ки дар Иқроқу Сурия таҷриба гирифтаанд, бештар мешавад. Ҷангҷӯёни ДИИШ аксаран дар шимоли Афғонистон – наздикии марз бо Туркманистон ва Тоҷикистон – ҷамъ меоянд. Нигаронии мо бештар аз Ҷузҷон ва Сари Пул аст, ки ахиран дар онҷо миёни ҷангҷӯён шаҳрвандони Алҷазоир ва Фаронса мушоҳида шуданд”, - гуфтааст Кобулов.
-
Дар ин бора бештар хонед: ДИИШ сокинони Дарзобро бехонаву ҷо кардааст
Ба қавли ӯ, дар ҳарими ҳавоии Афғонистон чархболҳои бидуни рақам ва нишона низ мушоҳида шудаанд, ки ба кашондани ҷангҷӯён ва силоҳу муҳимот машғуланд. Ин мақомдори баландпояи Вазорати умури хориҷии Русия, дар гузашта низ дар мавриди таҷаммӯи ҷангҷӯён дар наздикии марз бо Тоҷикистон изҳорот дода буд. Аммо мақомоти амниятии Тоҷикистон иддаои ӯро тасдиқ накарда гуфта буданд, ки Кобулов дар зикри шумори ҷанҷгӯён “муболиға кардааст”.
Генерал Амирқул Азимов, дабири собиқи Шӯрои амният ва вакили порлумони Тоҷикистон, рӯзи 23-юми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин бор адади ҷангҷӯён ва таҷаммӯи онҳо дар минтақаҳои марзӣ муболиға нест ва нирӯи мусаллаҳи кишвар аз гаштугузори онҳо дар он сӯи Омӯ огаҳӣ доранд.
Ӯ гуфт, “дар шароите, ки онҳо дар Сурияву Ироқ ба зарбаи сахт дучор шуданд, имкон дорад, сарпарастони гуруҳҳои тундрав онҳоро ба наздикиҳои сарҳади мо биёранд. Аммо ман як чизро хотиррасон карданиям, ки аз онҳо хавфе надорем. Чунки нирӯҳои мазбонӣ ва сохторҳои дигари низомӣ аз ҳар он чизе ки дар он сӯи марз мегузарад, хабар доранд ва ба ҳар гуна пешомади вазъият чораҷӯӣ кардаанд. Ман аминам, ҳар қуввае, ки ба тарафи мо каҷ нигоҳ мекунад ё инки мехоҳад аз ягон ҷо вориди сарҳади мо шавад, дар хатти марз нобуд мешавад. Ман ба ин боварӣ дорам, мо наметарсем”.
Радиои Озодӣ: Чунин эътимоди Шумо аз куҷо маншаъ мегирад?
Амирқул Азимов: “Пеш аз ҳама, шахсиятҳоеро, ки дар ҷузву томҳо хидмат мекунанд, мешиносам. Медонам. Ғайрати онҳоро ба чашми сар дидаам ва бо боварии тамом гуфта метавонам, ки ҳар гуна ҳамлагарро дар худи марз нобуд карда метавонанд. Ба ҷуз ин, силоҳбадастон дар Афғонистон бояд донанд, ки Тоҷикистон узви созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) аст ва дар ҳолати зарурӣ кишварҳои узв ба ёрии Тоҷикистон ҳозир мешаванд.”
Радиои Озодӣ: Аммо ду ҳафта қабл як гурӯҳи мусаллаҳ аз Афғонистон дар марз як афсари баландпояи тоҷикро ба қатл расонданд...
Амирқул Азимов: “Ин ҳодисаи истисноӣ буд. Мо ҳоло аз давлати Афғонистон талаб кардем, ки ҷинояткорон боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Ҳарчанд дар шароити Афғонистон, ки нирӯҳои севуму чорум дар дохил зиёданд, боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо ниҳоят душвор аст. Як нуктаро бояд дар назар дошт, ки дар ҳар кишваре, ки ҳадди ақал ду гурӯҳи дохилӣ дар муқбили якдигар ҳастанд, ҳатман ҷониби сеюму чоруму панҷум пайдо мешаванд. Чунки дар вазъияти мубориза ҷонибҳо аз ҳеҷ чиз ибо намекунанд ва талош мекунанд, бо кумаки бегонаҳо ҳам, ки бошад рақибашонро саркӯб кунанд. Дар чунин ҳолат, таъмини амният бисёр душвор мешавад. Тавре сиёсатмадорон ҳам борҳо гуфтаанд, хатми ҷанг дар Афғонистон танҳо аз роҳи гуфтушунид ва муколамаи сиёсӣ мумкин аст.”