Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро Тоҷикистон марзашро бо Афғонистон баст?


Мақомоти Тоҷикистон бастани панҷ пулу як гузаргоҳ бо Афғонистон ва маҳдуд шудани убуру мурур дар пули Шерхон-Бандар ё худ Панҷи Поёнро "беэътимодӣ ба марзбонҳои афғон" унвон мекунанд.

Дӯсте, ки бо либоси қочоқбар меояд...

Шаби 2-уми декабр дар пайи задухӯрд дар қаламрави Тоҷикистон, полковники марзбони тоҷик кушта шуда, чаҳор тан аз сарбозону афсарон ҷароҳат бардоштанд. Дар пайи ин ҳодиса, Тоҷикистон панҷ пулу як гузаргоҳи марзиро якҷониба бо Афғонистон баст ва дар гузаргоҳи марзии Панҷи Поён, ки як роҳи аслии воридоти молу маҳсулот ба Тоҷикистон аст, ба вуруди шаҳрвандони кишвари ҳамсоя маҳдудият ҷорӣ кард.

Як мақоми баландпояи тоҷик гуфт, "далели бастани марз ҳам беэътимодӣ ба ҳамкорони афғони мост."

Як мақоми баландпояи тоҷик рӯзи 21-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси маълумоти дастрасшуда гурӯҳе, ки дар хоки Тоҷикистон Хайриддин Аҳтамов, полковники марзбонро куштааст, қочоқбарони ҳамкор бо гурӯҳҳои террористӣ буда, ба эҳтимоли зиёд дар ҳамдастӣ бо баъзе аз сарҳадбонони афғон вориди хоки Тоҷикистон шудаанд.

Ин далел, ки марзбонони афғон барои вориди хоки Тоҷикистон шудан кочоқбаронро ба убури марз роҳ доданд ва бо гузашти ним моҳ онҳоро дар Афғонистон боздошт намекунанд, боиси беэътимодию шубҳа ба мақомоти кишвари ҳамсоя шудааст. Ҳарчанд ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, вазъи марз таҳти назорати ҷиддӣ қарор дорад ва феълан ҳеҷ хатари мустақим аз Афғонистон вуҷуд надорад.

Хайриддин Аҳтамов, сарҳанги нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки дар даргирӣ бо марзшиканон кушта шуд.
Хайриддин Аҳтамов, сарҳанги нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки дар даргирӣ бо марзшиканон кушта шуд.

Ин мақоми тоҷик, ки бо далелҳои амниятӣ хост исмаш нашр нашавад, гуфт: "Мо тарафдори дӯстиву бародарӣ ҳастем, аммо дӯсте, ки дар либоси кочоқбару кадом гурӯҳи дигар мехоҳад ба Тоҷикистон ворид шавад, қабул надорем. Далели бастани марз ҳам беэътимодӣ ба ҳамкорони афғони мост."

Мақоми афғон: "Мақомот дар пайи боздошти муҷримон ҳастанд"

Ҷониби Тоҷикистон то ҳанӯз бастани марзро расман шарҳ надодааст. Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, ҳеҷ дастури расмӣ барои бастани марз вуҷуд надорад. Аммо манобеи Радиои Озодӣ дар мақомоти Тоҷикистон ва Афғонистон бастани қисме аз марзро тасдиқ мекунанд.

Мақомоти Афғонистон низ мегӯянд, дар сӯҳбатҳои алоҳида ҷониби Тоҷикистон нобоварии худро ба онҳо расонидаанд. Аҳмад Файсал Бекзод, волии вилояти Бадахшони Афғонистон, рӯзи 13-уми декабр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, талоши ба даст овардани эътимоди ҳамкорони тоҷики худро доранд.

"Мо талош мекунем, ки ҳамсояи худро қаноат диҳем ва муҷримонро ба панҷаи қонун биспорем. Чун пулҳое, ки моро бо Тоҷикистон мепайвандад, хеле муҳим ҳастанд. Талаби Тоҷикистон боздошти муҷримон аст, ки ҳоло мақомоти мо дар пайи боздошти онҳо ҳастанд," - гуфт ӯ.

Нигаронӣ аз хатари ДИИШ

Масдуд шудани роҳи убуру мурур аз Афғонистон ба Тоҷикистон бо изҳороти ҷониби Русия мувофиқ омад, ки аз таҷаммӯи гурӯҳҳои тундрав, мисли ДИИШ дар он сӯи марз хабар медиҳанд. Русия рӯзи 19-уми декабр ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар маросиме ба низомиёни тоҷик таҷҳизоти нав, аз ҷумла дастгоҳҳои мухобиротӣ, зиддиҳавоӣ ва мошинҳои зиреҳпӯшу чархболҳо дод.

Файсал Бекзод, волии Бадахшони Афғонистон бо консули Тоҷикистон дар Файзобод. Акс аз бойгонӣ
Файсал Бекзод, волии Бадахшони Афғонистон бо консули Тоҷикистон дар Файзобод. Акс аз бойгонӣ

Таҷҳизотро дар ҳоле тақдим карданд, ки Владимр Путин, президенти Русия дар охирин мулоқоташ бо раҳбарони хадамоти вижаи кишварҳои Муштарак-ул-Манофеъ дар Маскав рӯзи 19 декабр ба афзоиши таҳдидҳо аз сӯи террористони байналмилалӣ аз Афғонистон ишора кард ва гуфт, ки "тақвияти гурӯҳҳои террористӣ дар қисматҳои мухталифи марзҳои шимолии Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон, Узбакистон ва Туркманистон” мушоҳида мешавад. Раиси ҷумҳури Русия гуфт, баъди саркӯби гурӯҳи даҳшатафкани “Давлати исломӣ” дар Сурия, ҷангиён дар гурӯҳҳои ҷудогона ба Афғонистон мераванд.

Зимнан, хабаргузории "Франс Пресс" рӯзи 10-уми декабр бо такя ба гуфтаҳои мақомоти Афғонистон ва нерӯҳои байналмилалӣ навишт, ки ҷангҷӯёни фаронсавӣ ва алҷазоирӣ, ки аз Сурия гурехтаанд, ба шимоли Афғонистон рафтаанд ва ба сафи аъзои гурӯҳи “Давлати исломӣ” пайвастаанд, ки дар ин қисмати кишвар урдугоҳ доранд.

Вақте Ому ях мебандад...

Азизи Бориз, корманди собиқи сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон
Азизи Бориз, корманди собиқи сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон

Азизи Бориз, як дипломати афғон аст, ки солҳои тӯлонӣ дар Тоҷикистон кор кардааст, рӯзи 21-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, нигаронӣ дар мавриди афзоиши ҷангиёни ДИИШ қобили дарк аст ва агар ин гурӯҳи тундрав бо кӯмаки нерӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон саркӯб нашавад, эҳтимоли кашида шудани ҷангҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ вуҷуд дорад. Ӯ гуфт, бар асоси эътимод ҳамкорӣ кардани мақомоти ду кишвар дар роҳи ҷилавгирӣ аз вуруди ҳар гуна гурӯҳ як амри муҳим аст, аммо бастани марзҳои расмӣ роҳи ҳал нест.

"Чун ин гурӯҳҳои мавриди назар тариқи марзҳои расмӣ вориди хоки Тоҷикистон намешаванд. Мо агар рафтуомадҳои қонуниро мушкил мекунем, ба ҳамон андоза кочоқбарӣ ва тундгароӣ рушд мекунад. Хуб медонем, ки зимистон марзи миёни Тоҷикистон, ки қисме аз рӯдхонаи Ому ях мебандад, қобили контрол нест. Биноан, Тоҷикистон бояд рафтуомадҳои мардумиро рушд бидиҳад. Дар ғайри он, агар мо дӯстиро маҳдуд кунем, рафтуомадҳои ғайриқонунӣ бештар мешавад", - гуфт ӯ.

ДИИШ дигар Толибон нест, аммо...

Бо вуҷуди нигарониҳои зиёд, мақомоти тоҷик мегӯянд, марз таҳти назорат қарор дорад. Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, ҳоло гурӯҳҳои даргир дар хоки Афғонистон аз марз дар масофаи 80 то 100 километр дур қарор доранд.

Дар пайи афзоиши нооромиҳо дар Афғонистон Тоҷикистон низ теъдоди дидбонгоҳҳои марзӣ дар марз бо ин кишвари гирифтори ҷангро афзоиш додааст.

Абшафеъ Тоҷов, афсари бознишастаи тоҷик рӯзи 22-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки хатар вуҷуд дорад, аммо на ба анадозае, ки русҳо таблиғ мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, воқеан, гурӯҳи ДИИШ аз гурӯҳи Толибон фарқ мекунад. Толибон ҳеҷ гоҳ талоши убури марзи кишварҳои ҳамсояро накарда буданд, вале кафолате вуҷуд надорад, ки гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” ба кишварҳои ҳаммарз ворид намешаванд.

“Хатар ҳаст, вале на ба андозае, ки русҳо моро метарсонанд. Бо таҷрибаи ҳамкорие, ки бо русҳо дар марз доштам, хуб медонам, ки ҳадафашон аз бонги хатар задан ба ҷуз тарсондан дигар чизе нест. То ҷое тавони низомии марзбонҳоро медонам, қудрати мо ба ҳимояи марзҳо мерасад.”

Гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” Афғонистонро бо номи “вилояти Хуросон” бахши аслии “хилофат”-и худхондаи худ эълон кардааст.

Тоҷикистон, ки бо ин кишвар 1400 километр марзи душворназорат дорад, ҳоло дар пайи, ба гуфтаи мақомодорон “беэътимодӣ”, бахше аз марзи худро ба рӯи Афғонистон баст. Кишваре, ки онро ба “лонаи терористони байналмилалӣ” ташбеҳ медиҳанд.

XS
SM
MD
LG