Пайвандҳои дастрасӣ

Амалиёти вижа пас аз кушта шудани полковники тоҷик дар марз бо Афғонистон


Акси Хайриддин Аҳтамов дар телевизиони давлатии Тоҷикистон намоиш дода шуд

Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистон барои роҳандозии як амалиёти вижа ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (Шӯроободи пешин) нерӯ фиристодааст.

Ҳадафи амалиёте, ки ду рӯз баъди дар марз кушта шудани як фармондеҳи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон аз ҷониби қочоқчиёни эҳтимолии афғон роҳандозӣ шудааст, боздошту безарар гардонидани

Ҳоло тамоми пулиси сарҳадӣ барои шиносоӣ ва боздошти онҳо даст ба иқдом шудааст. Ҳоло иттилое рӯи даст дорем, ки бархе аъзои ин гурӯҳ дар ҳудуди улусволии Шаҳри Бузург ҳастанд, ки ба Бадахшон тааллуқ дорад

кочоқбароне унвон мешаванд, ки эҳтимолан дар кӯҳу ҷангалҳои ин ноҳия паноҳ шудаанд.

Дар як шабехуни 2 декабр дар марзи Афғонистону Тоҷикистон Хайриддин Аҳтамов, сардори қисми марзбонии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин кушта чор сарбозу афсари дигар захмӣ шуданд. Як манбаи мӯътамад аз Идораи марзбонии Тоҷикистон рӯзи 4-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, эҳтимолан бархе аз аъзои гурӯҳи кочоқбар, ки шаби 2-уми декабр бо марзбонон задухӯрд кардаанд, ҳанӯз дар хоки кишвар панаҳ мебаранд.

Задӯхурди шаби 2-уми декабр, тақрибан дар 16-километрии дур аз марзи Афғонистон дар мавзеи Навободи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин рух дод.

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, ки ба далелҳои амниятӣ нахост исмаш нашр шавад, нирӯҳои ба минтақа сафарбаршуда бояд марзро ҷиддан назорат кунанд, то ки дар сурати дар хоки Тоҷикистон панаҳ бурдани қочоқчиён, пайдо ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб шаванд.

Ба гуфтаи мусоҳиби мо, гурӯҳҳои кочоқбар дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, ки кӯҳу ғорҳои мушкилгузар дорад, паноҳгоҳ доранд.

“Ҳоло гурӯҳҳои вижаи зудамал ба ноҳия сафарбар шудаанд. Бо вуҷуди ин ки баландии барфи борида беш аз 10 сантиметр аст, амалиёт шурӯъ шудааст. Аз он тараф бо марзбонони Афғонистон низ ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст”, - гуфт ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ аз Идораи марзбонии Тоҷикистон.

Мақомоти афғон: “Мо мутаассифем”

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, аз кушта шудани Хайриддин Аҳтамов, як фармондеҳи нирӯҳоии марзбонии Тоҷикистон мутаассиф ҳастанд ва барои боздошти омилони ин ҳодиса чораҳои дахлдорро рӯи даст гирифтаанд.

Ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, бархе гурӯҳи кочоқбаре, ки дар куштори Аҳтамов даст доштанд, сокинони вилояти Тахори Афғонистон ҳастанд.

Саид Ҷаҳонгир Каромат, сардори пулиси Тахор рӯзи 4-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, нигаронии Тоҷикистонро дарк мекунанд ва ҳоло барои пайдо кардани омилони ҷиноят иқдом кардаанд.

“Пулиси сарҳадии мо даст ба кор шуд. Ҳоло тамоми пулиси сарҳадӣ барои шиносоӣ ва боздошти онҳо даст ба иқдом шудааст. Ҳоло иттилое рӯи даст дорем, ки бархе аъзои ин гурӯҳ дар ҳудуди улусволии Шаҳри Бузург ҳастанд, ки ба Бадахшон тааллуқ дорад”, - гуфт Саид Ҷаҳонгирӣ.

Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо вилояти Тахори Афғонистон ва Бадахшони Афғонистон марз дорад.

акс аз бойгонӣ аст
акс аз бойгонӣ аст

Тафсилот: Полковник аз хунравии зиёд фавтид

Як манбаи дигари огоҳ аз қазия рӯзи 4-уми декабр ба Радиои Озодӣ тафсилоти бештари ҳодисаи ҳамла ба марзбонони тоҷикро шаби 2 декабр нақл кард. Ин манбаъ, ки бо далели надоштани салоҳияти сӯҳбат бо матбуот бидуни микрофон сӯҳбат кард, гуфт, марзбонҳои тоҷик иттилое дарёфт карданд, ки гурӯҳи қочоқбаре мехоҳад марзро убур карда вориди хоки Тоҷикистон шавад. Замоне, ки полковник Хайриддин Аҳтамов ва зердастонаш ба самти деҳаи марзӣ ҳаракат карданд, бо ҳамлагарон рӯбарӯ шуданд. Ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ гуфт, дар пои чап ва рости полковник чор захми тир ошкор шуд.

“Полковник ҳамроҳ бо ду афсар ва панҷ сарбоз ба самти деҳаи Қавоқ ҳаракат доштанд. Онҳо интизор доштанд, ки ин гурӯҳро дар дигар ҷо вомехӯранд, аммо тасодуфан 10 километр дуртар аз маркази ноҳия бо онҳо рӯбарӯ шуданд. Ин гурӯҳи 12-нафара полковникро бо ҳашт зердасташ иҳота карда, аз масофаи хеле наздик ба онҳо тир холӣ карданд”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Тоҷикистон ҳодисаи задухӯрди шаби 2-уми декабрро хеле ҷиддӣ гирифтааст.

" Қочоқбарон чунин ҷуръат надоштанд..."

Абдушафеъ Тоҷов, майори бознишаста, ки солҳои тӯлонӣ дар марз бо Афғонистон кор кардааст, мегӯяд, бори аввал аст, гурӯҳи кочоқбар як нафари баландпояро ба ҳалокат мерасонанд.

Ӯ гуфт, аз як тараф қочоқбарон ҳеҷ гоҳ ҷуръати ҳамла ба афсаронро надоштанд ва аз сӯи дигар ба ин манфиатдор ҳам набуданд.

Ӯ гуфт: “Қочоқбар талош мекунад, ки маводи мухаддирро бе задухӯрд интиқол диҳад. Онҳо ҳамеша аз задухӯрд метарсанд, чун ки дар пайи он роҳи интиқоли маводро аз даст медиҳанд. Ҳамеша, вақте бо марзбонон рӯ ба рӯ мешуданд, муқобилият нишон намедоданд ва кӯшиш мекарданд, фирор кунанд.”

Ӯ гуфт, то ҷое медонад, кочоқбар дар ҳолате даст ба куштори сарбозон мезад, ки дар рӯ ба рӯи худ маргро медид. Аммо дар ин ҳодиса, ба гуфтаи Тоҷов, то ҷое ӯ медонад, вазъ фарқ мекунад.

“Шояд гурӯҳи бераҳмтаре пайдо шудааст. Ин як аломат аст, ки бояд стратегияи мубориза бо кочоқбаронро дигар кунем”-гуфт ӯ.

Номаи Вазорати умури хориҷа ба мақомоти Афғонистон

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо ирсоли ёддошти расмӣ ё нота аз мақомоти Афғонистон тақозо кардааст, ки ин ҳодисаро ҷиддан таҳқиқ кунанд.

Мақомот гуфтанд, ки ин задухӯрд дар паи вуруди 12 қочоқбари афғон ба хоки Тоҷикистон сар зада, дар натиҷаи он полковник Хайриддин Аҳтамов, сардори як қисми марзбонӣ кушта шуд. Дар ин ҳодиса чаҳор сарҳадбони дигари тоҷик захмӣ гардида, дар бемористон бистарӣ шуданд.

Нотаи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 3-юми декабр ба ҷониби Афғонистон супурда шуд. Дар ин ёддошт изҳори умед шудааст, ки мақомоти Афғонистон омилони ин задухӯрдро, ки ба он сӯи Ому фирор кардаанд, боздошт карда, аз такрори чунин ҳодисаҳо пешгирӣ мекунанд.

Вазорати умури хориҷӣ мегӯяд, "санаи 2-юми декабри соли 2017, соати 19:00, дар мавзеи кӯҳии деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дувоздаҳ (12) қочоқбари мусаллаҳ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон – бо роҳбарии Неъмат, Саттор ва Туғалӣ (сокинони вилояти Тахор) сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ғайриқонунӣ убур намуда, ба қаламрави ҶумҳурииТоҷикистон ворид шуданд. Дар қисмати ин ҷониб, назди сарҳади давлатӣ миёни сарҳадбонони Тоҷикистон ва қочоқбарони афғон муқовиматимусаллаҳона ба вуқӯъ пайваст. Пас аз ҳодисаи мазкур ҷинояткорон ба самти Афғонистон фирор карданд."

Мақомоти Кумитаи амнияти миллӣ мегӯянд, дар ин ҳодиса се қочоқбари афғон "безарар гардонда шуд". "Ба боқимондаи онҳо муяссар шуд, ки ба хоки Афғонистон паноҳ баранд. Дар ҷойи ҳодиса 4 автомати Калашников ва беш аз 33 кило маводи мухаддир ёфт ва мусодира гардид. Аз тарафи нирӯҳои иловагии кумакрасон, чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ нисбат ба қочоқчиёни боқимонда идома дорад", - гуфта шудааст даризҳороти КДАМ.

Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр марзи муштарак дорад, ки яке аз қаламравҳои мавриди таваҷҷӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир ва ҳам гурӯҳҳои силоҳбадаст аст. Солона дар ин марз даҳҳо ҳодисаи кӯшиши убури ғайриқонунии марз ба қайд гирифта мешавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG