Пайвандҳои дастрасӣ

12 ҳазор доллар – кирояи зархарид барои қатли бародар


Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки аз як куштори фармоишӣ ҷилавгирӣ кардаанд. Ин ҳодиса охири моҳи октябри имсол рух дода, ҷузъиёташ рӯзи 2-юми декабр эълон шуд.

Дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ҳоло бо гумони фармоиши куштор зани 54-солае аз шаҳри Ҳисор ҳамроҳи духтари 26-солааш боздошт шудааст. Мақомот гуфтанд, ин сокини Ҳисор охири моҳи октябр дар пайи муноқишаи хонаводагӣ ва баҳси тақсими замин дар фикри куштани бародари 47-сола ва ҷияни худ афтодааст.

Бино ба иттилои муфаттишон, замини мавриди баҳси хоҳару бародар меросӣ буда, зан барои аз миён бурдани бародари худ гӯё ба зархарид (киллер)-е 12 ҳазор доллар пешниҳод кардааст.

Аз ин зан ва духтараш ном бурда намешавад. Инчунин, мавқеи вакили дифои онҳо дар ин ҳодиса маълум нест.

"Вале ҷиноят то ба охир расонда нашуда, аз тарафи кормандони милиса пешгирӣ карда шуд", - гуфтанд дар Вазорати умури дохилӣ. Ин боздошт аз тарафи маъмурони милисаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе сурат гирифтааст. Дар робита ба ин ҳодиса парванда боз шуда, таҳқиқи қазия идома дорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG