Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти муовини раиси шаҳри Ваҳдат


Акси Рустам Акобирзода аз навори фаврии маъмурони Оҷонсии зиддифасод
Акси Рустам Акобирзода аз навори фаврии маъмурони Оҷонсии зиддифасод

Маъмурони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Рустам Акобирзода – муовини раиси шаҳри Ваҳдат оид ба саноату сохтмонро ба қаллобӣ айбдор карда, нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноӣ боз намудаанд. Бино ба иттилои мақомоти Оҷонсӣ, ки рӯзи 30-юми сентябр дастраси Радиои Озодӣ шуд, Рустам Акобирзода дар пайи муроҷиати хаттии як сокини шаҳри Ваҳдат боздошт шудааст. Аз нафари даъвогар ном бурда намешавад.

"Касе, ки як шаб ба кулбаи мо ояд, баъд шароитро мефаҳмад"

Шумори умумии довталабони заминро дар ҷумҳурӣ омори расмӣ ошкор намекунад, вале тахмин меравад, ки теъдоди онҳо ба садҳо ҳазор нафар мерасад.

Аммо, бино ба иттилои мақомот, ин шаҳрванд гуфтааст, ки Рустам Акобирзода бо ваъдаи ҷудо кардани қитъаи замин аз маҳаллаи бистуми шаҳр 60 ҳазор сомониашро гирифт, вале ба ваъда вафо нанамуд. Манобеи Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия гуфтанд, “дар рафти санҷиши ин аризаи шаҳрванд маълум шуд, ки Рустам Акобирзода натанҳо аз ин сокин, балки аз шаҳрванд Шаропов С. низ бо ваъдаи ҷудо кардани 0,06 гектар замин ва ҳуҷҷатгузории он 80 ҳазор сомонӣ гирифта будааст.”

Оҷонсӣ мегӯяд, ин мақомдори давлатӣ аз ду шаҳрванд дар маҷмуъ 140 ҳазор сомонӣ ё беш аз 15 ҳазор долларро тасарруф кардааст. Ҳоло нисбат ба Рустам Акобирзода бо моддаи 247, қисми 4, банди б-и Кодкси ҷиноӣ (қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон) парванда боз шудааст. Ин моддаи Кодекси ҷиноӣ ҷарима дар ҳаҷми аз 73 то 110 ҳазор сомонӣ ва ё аз 7 то 12 соли зиндонро дар пай дорад.

Солҳои охир шикояти сокинон аз болои мақомдорони маҳалли зисташон афзудааст, ки барои ҷудо кардани қитъаи замин аз онҳо маблағ гирифта, дар натиҷа як сотих замин ҳам надодаанд. Агар кулли аризаву муроҷиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро ба унвонии мақомоти маҳалҳояшон дар як баста тасаввур кунем, ҳудуди 80 дарсади онҳо ба даъвои сари порчаи замин марбут будааст. Масъалаи дастрасӣ ба замин дар Тоҷикистони камзамин сол то сол ба мушкили рақами як табдил меёбад ва доғтар мешавад.

Лағви қарор бо қарор. Баҳси замини 700 хонавода дар Ҳисор

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, дар нишасти матбуотии моҳи январии имсол дар посух ба суоли Радиои Озодӣ дар робита ба мушкили сокинон барои дарёфти замин гуфта буд, дар аксари маврид, сокинон бинобар надонистани ҳуқуқашон ҳангоми дарёфти қитъаи замин ба доми қаллобон меафтанд. Ӯ гуфт, “дар деҳот бисёриҳо ба Русия рафта меоянд ва ба қаллобҳо пул дода, замин мегиранд. Аз мардум даъват мекунем, ки гумроҳ нашаванд. Агар пул дода замин мегиранд, пагоҳ ҳам худашон дар назди қонун ҷавоб медиҳанд ва ҳам замин ба ҳолати аввалааш баргардонда мешавад. Маблағи додаи ӯро давлат ҷуброн намекунад.”

Раҷаббой Аҳмадзода
Раҷаббой Аҳмадзода

Бо назардошти ин мушкил, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ба унвонии ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод фиристодааст, ки масъулони тақсими замин дар ҷамоатҳо ба тобеияти ин кумита гузаранд ва ба мақомоти маҳаллӣ тобеъ набошанд. Дар ин сурат, ба таъкиди Раҷаббой Аҳмадзода, мақомот метавонанд аз мавридҳои фасодкорӣ дар тақсими замин ҷилавгирӣ кунанд.

Аз 142 ҳазор километри мураббаъ масоҳати Тоҷикистон ҳамагӣ 7 дарсадро водиҳо ташкил мекунанд. Боқимонда 93 дарсади ҳудуди он аз кӯҳсор иборат аст.

Бино ба ҳисоби мақомот, бо назардошти шумораи кунунии аҳолӣ (беш аз 8 миллион) ба ҳар сари як тоҷик дар ҷумҳурӣ 6 сотих замин мерасад. Танҳо дар як ҷамоати деҳоти Ҳисор наздики 10 сол мешавад, ки беш аз 2000 нафар дар навбати гирифтани замин қарор доранд. Шумори умумии довталабони заминро дар ҷумҳурӣ омори расмӣ ошкор намекунад, вале тахмин меравад, ки теъдоди онҳо ба садҳо ҳазор нафар мерасад.

XS
SM
MD
LG