Пайвандҳои дастрасӣ

Артиши фиребхӯрдаҳои мақомдорони заминфурӯш бузургтар мешавад


Дар ҳоле ки замин дар Тоҷикистон моли давлат ҳисоб мешавад ва қонун фурӯши онро манъ кардааст, вале даҳҳо нафар солона дар муомилоти замин фиреб мехӯранд. Онҳо пулашонро аз даст медиҳанд ва хонаи алоҳидаро, ки солҳо орзӯяшро доштанд, ба як хаёли дастнорас табдил мекунанд.

Дар шаш моҳи аввали соли равон ду корманди Кумитаи замин дар вилояти Суғд бо иттиҳоми қаллобӣ ва гирифтани пора бо ваъдаи додани қитъаи замин ба сокинон, дастгир шуданд. Ба навбати худ кормандони Кумитаи замин низ 71 мавриди хариду фурӯши замин ва худсарона ишғол кардани онро ошкор кардаанд.

Достони ба "дом"-и заминфурӯшон афтодани Даврон

Бино ба омори расмӣ, дар тӯли беш аз 6 соли охир ҳудуди 90 ҳазор сокинони Хуҷанд ва дигар шаҳру навоҳии минтақа соҳиби қитъаҳои замин барои сохтмони манзил шуданд.

Даврон Пӯлодов ҳамроҳи хонаводааш дар Хуҷанд зиндагӣ мекунад ва тамоми умр ин орзуро дорад, ки шароити зиндагиашро аз ҳисоби хонаву ҷои васеъ беҳтар кунад. Бо умеди бунёди хонаи нав, ӯ соли 2016 бо кӯмаки миёнараве дар Хуҷанд ду қитъаи 6 сотихии заминро бо арзиши 14 ҳазор доллар, ба даст овард. Вале баъдан маълум шуд, ки санадҳои ӯ тақаллубӣ буданд. Ҳоло на замин дораду на пул ва талошҳояш барои ҳадди ақал баргардонидани 14 ҳазор доллар, бенатиҷа будааст.

Мисли Даврон Пӯлодов 23 сокини дигари Хуҷанд барои соҳиб шудан ба 6 сотих қитъаи замин ва бунёди хонаи истиқоматӣ, аз 7 то 20 ҳазор доллар пул доданд. Ҳамаи онҳо худро фиребхӯрда меноманд ва талош доранд аз роҳи додгоҳ пулҳои худро аз дасти миёнаравону масъулон рӯёнанд.

Ду миёнарави айбдоршаванда дар ин қазияи заминфурӯшӣ вақти рӯбарӯ кардан бо зерҳимояҳояш ба гуноҳи худ иқрор шуда, эътироф кардаанд, ки як қисми ками маблағҳоро барои худ гирифтаанд ва боқимондаро ба масъулони идораҳои зидахл додаанд. Ҳоло муфаттишон ва додгоҳ бояд дар робита бо ин шикоятҳо ҳарфи худро бигӯянд, вале мақомот эътироф мекунанд, ки даъвоҳо барои дастрасӣ ба манзил ва муомилаҳои ғайриқонунӣ дар ин замина кам нест.

Мақомот ҳам дар заминфурӯшӣ даст доранд

Мақомоти Кумитаи замини вилояти Суғд мегӯянд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ 71 мавриди хариду фурӯши замин ва худсарона ишғол кардани он аз ҷониби сокинони миёнаравро ошкор кардаанд. Ду корманди Идораи замин низ бо иттиҳоми қаллобӣ ва гирифтани ришва, дастгир шудаанд.

Ба қавли Ҷамшед Умарзода, раиси кумитаи замини Суғд, дар аксари ин мавридҳо сокинон ба ваъдаву фиреби миёнаравҳо дода шуда, бар ивази маблағ ва бенавбат, хостанд соҳиби қитъаи замин шаванд. Вале дар ниҳояти кор фиреб хӯрдаанд.

Ӯ мегӯяд: “Инҳо бо роҳи қаллобӣ сокинонро фиреб карда, ваъда медиҳанд, ки барои онҳо қитъаи замин гирифта медиҳанд. Бо ин роҳ маблағҳои онҳоро аз худ мекунанд. Ғайр аз ин, ҳолатҳое ҳам ошкор намудем, ки сокинон аз надонистани қонун қитъаи заминро худсарона ишғол кардаанд ва дар он хонаву иншоотҳо бунёд кардаанд. Мо ин гуна мавридҳоро ошкор намуда, ҷиҳати ҷораҷӯи ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод мекунем.”

Тоҷикистони камзамин ва мушкили таъмини сокинон ба манзил

93 дарсади замини Тоҷикистон кӯҳистон аст ва таъмини сокинон бо замини наздиҳавлӣ, манзил ва ҷойҳои корӣ, аз мушкилоти рақами аввал маҳсуб меёбад. Замин дар ин кишвар моли давлат маҳсуб меёбад ва хариду фурӯши он манъ аст. Тақсими он ба сокинон барои сохтани хонаи истиқоматӣ бо қарори ҳукумат сурат мегирад.

Бино ба омори расмӣ, дар тӯли беш аз 6 соли охир ҳудуди 90 ҳазор сокинони Хуҷанд ва дигар шаҳру навоҳии минтақа соҳиби 6 сотих қитъаҳои замин барои сохтмони манзил шуданд. Вале бо ин ҳам даҳҳо ҳазори дигар расидани навбати худро мунтазиранд. Чизе, ки бархе сокинонро ба гирифтани қитъаи замин тавассути ришва ва миёнаравҳо водор кардааст, вале билохира соҳиби замин нашуда ва пулашон ҳам дар дасти миёнаравҳо мондааст.

Коршиноси маҳаллӣ - Фирӯзи Одил мегӯяд: “Аксари сокинон солҳо боз мунтазири расидани навбати худ барои гирифтани қитъаи замин ҳастанд. Бо истифода аз ин вазъ, дар ҳар шаҳру ноҳияҳо миёнаравҳое пайдо шудаанд, ки бо гирифтани ришва бе навбат соҳиби замин шуданро ба сокинон ваъда медиҳанд. Сокинон ба ҳарфҳои онҳо бовар мекунанд ва пулҳои худро аз даст медиҳанд. Гоҳе худи масъулони тақсими замин низ пора мегиранд, вале ваъдаи худро иҷро карда наметавонанд ва дар пайи шикояти сокинон боздошт мешаванд.”

Замин моли давлат аст, вале...

Қонуни ҷиноии Тоҷикистон барои ишғоли худсаронаи замину сохтмони бидуни иҷозаи қонун дар он ва ғайриқонунӣ додани қитъаи замин ҷазоҳои ҷаримаи ҳади ақал аз дусаду панҷоҳ нишондиҳандаи ҳади ақал (як нишондиҳанда баробари 40 сомонӣ) ва то 8 соли зиндон бо мусодираи амвол пешбинӣ мекунад. Аксари шикоятҳое, ки ба ваколатдори ҳуқуқи инсон ворид мешаванд, марбут ба муомилаҳои ғайриқонунии замин будааст.

Соли ҷорӣ дар ду маврид мақомоти масъули идораи замин дар маҳалҳо маҳз дар лаҳзаи хариду фурӯши ғайриқонунии замин боздошт шуданд. Инҳо дар ноҳияҳои Спитамен ва Шаҳристон будаанд. Мақомот мегӯянд, ки ин афрод аз сокинон бо ваъдаи додани қитъаҳои замин барои бунёди манзили истиқоматӣ пул гирифта, вале ваъдаи худро иҷро накардаанд. Дар пайи шикояти сокинони пулҳояшон сӯхта, онҳоро мақомоти Оҷонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод боздошт кардаанд.

Шарҳҳоро бинед (1)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG