Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заминфурӯшӣ - иллати худкушии як мансабдор


Додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, фасод дар тақсими қитъаҳои замин иллати худкушии се моҳ пеши як мансабдори баландпоя дар ноҳияи Ғончӣ шудааст.

Додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, ки раиси корхонаи (КДФ) “Замини Ғончӣ”-и ноҳияи Ғончӣ Эгамбердӣ Худойбердиев дар моҳи октябри соли гузашта пас аз ошкор шудани мавридҳои фурӯши ғайриқонунии замин дар ин ноҳия даст ба худкушӣ зада ва дар «хатча»-и пеш аз маргаш инро зикр кардааст.

Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон дар гузориши худ оид ба масъалаи тақсим ва фурӯши ғайриқонунии қитъаҳои замин аз тарафи курсинишинони ниҳодҳои давлатии навоҳии кишвар зикр кардааст, ки мақомоти давлатӣ, худидоракунии шаҳраку деҳот ва кумиссиюнҳои ҷамъиятӣ ба ҷойи пешгирӣ ва рафъи қонуншиканиҳо дар масъалаи тақсими замин, худ даст ба амалҳои ғайриқонунӣ мезананд.

Дар ин гузориш омадааст, ки Абдумуталиб Аҳмедов - муовини аввали раиси ноҳияи Ғончӣ, ки ҳамзамон раиси Кумиссиюни қонунигардонии молу мулк будааст, ғайриқонунӣ ба 167 нафар заминҳои наздиҳавлӣ тақсим намуда, ба раиси корхонаи (КДФ) “Замини Ғончӣ” Эгамбердӣ Худойбердиев дастур медиҳад, ки барои ҷудо намудани замин аз сокинони ноҳия пул ҷамъ кунад.
Аммо вақте ки қарорҳои тақсими ин қитъаҳои замин аз сӯи додгоҳ бекор шуд, Абдумуталиб Аҳмедов пулҳои ҷамъшударо барнамегардонад ва дар ниҳоят раиси корхонаи (КДФ) “Замини Ғончӣ” Эгамбердӣ Худойбердиев аз ин вазъ ба танг омада, даст ба худкушӣ мезанад.

Тавре дар гузориши додситони кул омадааст, Эгамбердӣ Худойбердиев қабл аз худкушӣ дар як «нома» ё худ «хатча» ҳолатҳои фурӯши замин ва гирифтани маблағҳо аз мардумро зикр кардааст.

Додситонии ноҳия дар чорчӯби ин парванда қасди боздошти муовини аввали раиси ноҳия Абдумуталиб Аҳмедовро мекунад, аммо раиси ноҳияи Ғончӣ Зуфар Исмоилов ба ҳабси ӯ розӣ намешавад. Ва танҳо бо мусоидати собиқ раиси вилояти Суғд ва сарвазири кунунии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иҷозаи ҳабси муовини аввали раиси ноҳияи Ғончӣ дода мешавад.

Шерхон Салимзода бо изҳори нигаронӣ таъкид мекунад, ки бисёр раисони шаҳру ноҳияҳо ваколати ҳукумати кишварро сӯъиистифода мекунанд ва заминҳои кишоварзиро барои истифодаи ғайрикишт тақсим намуда, соҳиб пул мешаванд.

Шерхон Салимзода
Шерхон Салимзода
«Ин худсариҳо ва сӯъиистифода аз вазифаҳо ба ҷое расидаст, ки дар ноҳияи Қубодиён ба шаҳрванди Узбакистон Т. Раҳимов замин дода шудааст, ки бо кӯшиши додситонӣ аз ин амал ҷилавгирӣ шуда ва дастандаркорон ба ҷазо кашида шудаанд,» - зикр мекунад додситони кул. Шерхон Салимзода таъкид мекунад, ки бархе аз масъулони мақомоти заминсозӣ бо вуҷуди ба маротиб содир кардани ҷиноятҳо ва ба ҷавобгарикашидашуда ҳанузам адои дар курсиҳои худ нишастаанд.

Масоҳати умумии Тоҷикистон 142 000 километри мураббаъ ва аҳоилаш 8 миллион нафарро ташкил медиҳад. Яъне тақрибан 56 нафар ба ҳар километр.
Аммо 93 дарсад аз сарзамини Тоҷикистон кӯҳ буда, ҷамъи заминҳои кишташ 864 200 гектар ва заминҳои обиаш 592 000 гектар баровард шудааст. Яъне ба ҳар нафар дар Тоҷикистон ҳудудан 8 сотих замини обӣ рост меояд. Зимнан барои сохтани манзили зист дар ин кишвар маъмулан 8 сотих қитъаи замин ҷудо мекарданд, вале бо назардошти камчин шудани замин ин меъёрро дар солҳои охир то 4 сотих барои як хонавода танг кардаанд.

Тақсими замин барои сохтани манзил аздоғтарин мушкилоти иҷтимоӣ дар ҷомиаи имрӯзаи Тоҷикистони ба таъбири шоиронаш, “сарзамини камзамин” боқӣ мемонад. Ахиран Бунёди Авроосиё бар пояи таҳқиқоте эълон кард, ки 80 дарсади шикоятҳои мардум ба барномаи «Баробарӣ дар назди қонун»-и ин созмон дар масъалаи нақзи ҳуқуқи онҳо ба замин будааст. Мақомоти додситониву додгоҳӣ ва ҳукуматҳои маҳаллӣ низ мегӯянд, аксари шикоёти мардум ба ниҳодҳои давлатӣ низ дар масъалаи замин аст.
XS
SM
MD
LG