Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Сух кормандони давлатӣ аз намози ҷумъа ронда шуданд


Имоми яке аз масҷидҳои ҷомеи водии Фарғона кормандони давлатӣ, аз ҷумла омӯзгорон ва духтурҳоро ба намози ҷумъа дар масҷид роҳ надодааст.

Имоми масҷиди ҷомеи “Султон Маҳмуд”дар деҳаи Ғазнови ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона Авазҷон Исмоилов дар намози ҷумъаи гузашта аз кормандони давлатӣ хост, масҷидро тарк кунанд. Вай гуфт, кормандон бояд ин соатҳо сари корашон бошанд ва вазифаҳои худро иҷро кунанд.

Вақте ки бархе аз намозгузорон гуфтанд, ин ҷумъа дар ҳамин ҷо намоз хонанд ва аз ҳафтаи дигар нахоҳанд омад, имом ҳарфи онҳо напазируфт ва гуфт, то лаҳзае, ки чунин афрод аз масҷид берун нараванд, намозро сар нахоҳад кард.

Дар сӯҳбат бо Бахши ӯзбакии Радиои Озодӣ имом Авазҷон Исмоилов гуфт, аз масҷид берун кардани омӯзгорон бо супориши мудири мактаби деҳа ба вуқӯъ пайвастааст: “Сабаб ин буд, ки мудири мактаб омада, ба ман гуфт, барои омӯзгорон фармон баровардааст, ки дарсро монда, ба масҷид нараванд. Мудири мактаб аз ман хоҳиш кард, онҳоро ба намоз роҳ надиҳам. “Агар роҳ диҳед, аз болоятон ба хадамоти амният арз мекунам”, гуфт ба ман. Баъдаш ман ба омӯзгорон, “дарс доред, дарсро партофта наоед, аввал кор давлатро тамом кунед”, гуфтам ва аз онҳо хостам, ба корашон бирасанд.”

Мудири мактаби рақами 21-и деҳаи Ғазнов аз шарҳи ҳодиса худдорӣ кард, аммо имом-хатиби ноҳияи Сух Воҳидхон Камолов изҳор дошт, ки вай ба имомҳо чунин дастуре надодааст ва ҳамаи онҳое, ки ба синни балоғат расидаанд, ҳақ доранд, дар масҷид намоз гузоранд.

Воқеаи аз масҷид ихроҷ шудани чанде аз намозгузоронро, ки кормандони дастаӣ будаанд, бархе аз сокинони деҳаи Ғазнов тасдиқ карданд.

Дар соати корӣ ба намози ҷумъа рафтани кормандони давлатӣ дар Тоҷикистон низ матраҳ шудааст. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсеро роҳ андохта буданд, ки дар соатҳои намози ҷумъа афроди масъулро дар идора ва муассисаҳои давлатӣ дарёфт кардан номумкин аст.

Навиштаи кӯтоҳи журналисти тоҷик Гулнора Амиршоева дар ин бора дар шабакаи Фейсбук баҳси доманадореро ба миён овард, ки ба расонаҳои ахббори ом низ кӯчид. Лаҳни навишта эътирозҳои зиёдеро ба бор овард, вале як қисми мубоҳисон иқрор карданд, ки мушкили пайдо накардани кормандони давлатӣ дар рӯзҳои ҷумъа ҷой дорад.

Нависанда Аниса Собирӣ пешниҳод намуд, ки бо назардошти ба як бахши умдаи аҳолӣ рабт гирифтанаш масъалаи соати намози ҷумъа бояд аз нигоҳи ҳуқуқӣ баррасӣ шавад. Аз нигоҳи вай бад нест, ки барои адои намози ҷумъа танаффуси нимирӯзӣ дарозтар карда шавад.

Яке аз сабабҳои баҳс ин буд, ки кормандони идора ва муассисаҳо баъд аз намози ҷумъа дар пайи хӯроки чошт мешаванд ва бо “кашол” додани масрафи таом ҳамин гуна рӯзи кории худро бе он ки ба сари кор баргарданд, ба поён мебаранд.

Сокинони деҳаи Ғазнови ноҳияи Сӯхи Узбакистон низ мегӯянд, ба намози ҷумъа роҳ надодани кормандони давлатӣ ҳалли мушкил буда наметавонад ва хилофи ҳуқуқи шаҳрвандон аст.

Имоми масҷиди ҷомеи “Султон Маҳмуд”-и ин деҳа Авазҷон Исмоилов мегӯяд, ҳарчанд дастури расмии маъни кормандони давлатӣ аз ширкат дар намоизи ҷумъа вуҷуд надорад, вай аз рӯи фаросот ва виҷдони худаш ба чунин натиҷа расидааст: “Ман аз имом-хатиби вилоят напурсидаам, лекин аз рӯи виҷдони худам мегӯям, ки хонандагони мактабро партофта, дарсро патрофта ё беморро партофта, чӣ хел онҳо ба масҷид меоянд ва то бегоҳ ин ҷо мешинанд. Онҳо ба масҷид барои намоз не, барои ош меоянд. Ош хӯрда, то бегоҳ мешинанд. Намоз барои онҳо фақат як баҳона аст.”

Аммо имом-хатиби ноҳияи Сух Воҳидхон Камолов ба Радиои Озодӣ гуфт: «Ҳар шаҳрванди Узбакистон, ки ба синни балоғат расида, соҳиби шиноснома аст, бемамониат метавонад ба масҷид биёяд ва намоз гузорад. Дар ин робита ман имоми масҷиди “Султон Маҳмуд”-ро, ки аз тарси худашг ин қарорро баровардааст, даъват ва бо ӯ сӯҳбат кардам. Ба ӯ гуфтаам. Ки берун аз қонун коре намекунӣ, он афродро даъват карда, дар намози ҷумъа аз онҳо узр мехоҳӣ.”

Ғазнов яке аз деҳаҳои дурафтодаи ноҳияи Сух аст ва Сух ҷазирақаламраве дар Қирғизистон. Аҳолии онро, ки ба 80 000 нафар мерасад, асосан тоҷикон ташкил медиҳанд. Сух 11 масҷид дорад ва ҳодисае, ки дар “Султон Маҳмуд” рӯй дод, ғайримуқаррарӣ буда, дар масҷидҳои дигари ин ноҳия такрор нашудааст.

XS
SM
MD
LG