Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Пиряхҳои Помир баръакси дигар гӯшаҳои замин об намешаванд"


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мутахассисону ҳавошиносони тоҷик ба таҳқиқи пораи азими пиряхи Деҳдал дар ноҳияи Тоҷикобод идома медиҳанд, ки охири моҳи октябр аз баданаи он канда шуд ва ҳанӯз ҳам ҳаракат мекунад. Порчае бо дарозии якуним километр ва баландии 50 метр бо лағжидан бо суръати баланд ин нигарониро ба вуҷуд овард, ки маҳаллаҳои поёнӣ зери обу ях мемонанд.

пиряхи Деҳдал
пиряхи Деҳдал

Сабаби ин кандашавиро гармоиши курраи замин номиданд, вале дар гӯшаи дигари Тоҷикистон вазъ дигар аст ва олимони хориҷӣ меомӯзанд, ки чаро дар як ҷойи кишвар пиряхҳо ҳамчунон ба гармӣ тобовар монда кам об мешаванд.

Йошинорӣ Изука дар анбори бисёр сард ва дар ҷустӯҷуи порчае яхе аз Тоҷикистон аст. Умедвор аст, ки бо таҳқиқи таркиби як мушти ях, монеи аз байн рафтани пиряхҳои ҷаҳон мешавад.

Ин пиряхшиноси Донишгоҳи Ҳоккайдои Ҷопон мегӯяд, "он чизе ки мебинед, яхест, ки баъди бориши барф ва ҷамъ шудани он дар минтақаи Кон-Чуқурбошии Тоҷикистон ба вуҷуд омадааст. Қисме аз он об шуда, дубора ях бастааст ва он ях то ҳол дар он ҷо боқӣ мондааст."

Лӯлаҳои яхро аз қуллаи кӯҳе дар Помир парма карда гирифтаанд, ки бахше аз як таҳқиқи байналмилалӣ мебошад. Ҳадаф фаҳмидани он аст, ки чаро пиряхҳои Тоҷикистон баръакси дигар гӯшаҳои замин, ба тағйири иқлим муқовимат карда, об намешаванд.

Видеоро инҷо бинед:

Пиряхҳои Помир калиди наҷоти пиряхҳои ҷаҳон?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:30 0:00

Донишманд Йошинори Иизука мегӯяд, "иттилоот аз гузашта хеле муҳим аст. Бо дарки сабабҳои ҷамъшавии муназзами барф аз гузашта то имрӯз, мо метавонем бифаҳмем, ки дар оянда чӣ мешавад ва чаро ҳаҷми ях зиёд шудааст. Аз ин рӯ, мо мехоҳем бо ҷамъоварӣ ва таҳлили яхҳои қадимӣ ба иттилои таърихӣ даст ёбем."

Як пажӯҳише, ки ба тозагӣ дар маҷаллаи Nature Climate Change нашр шуд, омадааст, агар пеши роҳи тағйири иқлим гирифта нашавад, дар даҳсолаҳои оянда ҳазорон пирях аз байн рафта, то охири аср танҳо қисми ками онҳо боқӣ мемонад. Аввали ҳамин сол Иизука ва гурӯҳи дигари олимон ба қуллаи Кон-Чукурбошӣ дар кӯҳҳои Помир ба баландии 5810 метр рафтанд. Инҷо ягона минтақаи кӯҳистонӣ дар сайёра аст, ки пиряхҳо дар он на танҳо об намешаванд, балки афзоиш меёбанд. Ин падидаро олимон "аномалияи Помиру Қароқурум" меноманд.

"Дар натиҷаи тағйири иқлим пиряхҳои замин батадриҷ аз байн мераванд. Мардум нигаронанд, ки яхҳои Антарктида об шуда, сатҳи баҳр боло меравад ва ҷазираҳо зери об мемонанд. Аммо дар ин минтақаи хос, махсусан дар кӯҳҳои Помири Тоҷикистон, ях кам намешавад, баръакс, зиёд мешавад. Ин як воқеияти собитшуда аст», - гуфт донишманд Йошинори Иизука.

Гурӯҳи олимон аз ин пирях ду лӯлаи яхини 105 метриро парма карда гирифтанд. Яке аз онҳо дар махзани зеризаминии Антарктида, ки ба Бунёди "Ice Memory" тааллуқ дорад, нигоҳ дошта мешавад. Намунаи дуюмро ба Донишгоҳи Ҳоккайдои Ҷопон оварданд.

Олимон онро меҷӯянд, ки чаро тайи сад соли охир дар ин минтақа бориш зиёд шудааст ва чӣ гуна пирях ба гармӣ муқовимат мекунад. Баъзеҳо инро ба иқлими сарди минтақа ва ё зиёд шудани истифодаи оби кишоварзӣ дар Покистон рабт медиҳанд, ки бухори зиёд меофарад.

Йошинори Иизука мегӯяд, ҳадафи онҳо ин аст, ки маълум кунанд чаро дар давоми тақрибан сад соли охир боришот зиёд шудааст ва ин афзоиш кай рух додааст. «Бар илова ба мо имкон медиҳад бифаҳмем, ки 10 ҳазор сол пеш дар ин минтақа чӣ гуна барф меборид. Ин хеле ҳаяҷоновар аст. Умедворам, ки мо яхҳои хеле қадимиро пайдо хоҳем кард."

Натиҷаҳои ин пажӯҳиш соли оянда нашр мешаванд ва шояд кӯҳҳои Помир тавонанд калиди наҷоти пиряхҳои сайёра аз гармшавии курраи Замин шаванд.

Дар гузашта, аз ҷумла дар даврони Шӯравӣ ва баъди касби истиқлолияти Тоҷикистон ҳам талошҳое барои гирифтани пораи пиряхҳо аз қаъри он бо мақсади омӯзиш ва нигаҳдорӣ анҷом шудааст.

Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи асосии оби тоза дар Осиёи Марказӣ аст, вале бо вуҷуди ин аксари сокинон дар дохил бо оби тоза таъмин нестанд. Пайомадҳои тағйири иқлим барои Тоҷикистон низ яке аз масъалаҳои дарднок ба шумор меравад, зеро солҳои охир пиряхҳои ин кишвари куҳистонӣ босуръат об мешаванд. Акнун олимони ватанӣ ва хориҷӣ дар талоши инанд, ки бо омӯзиши намунаҳои қаъри пиряхҳои Тоҷикистон, аз ҷумла аз чунин раванд ҳам пешгирӣ шавад.

XS
SM
MD
LG