Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муфлисшавии корхонаҳо - аз андозбандӣ ва набуди муштарӣ


Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки аз беш аз 88 ҳазор ширкату корхонаҳое, ки ҳанӯз ду соли пеш фаъол буданд, ҳоло танҳо ҳудуди 32 ҳазораш амал мекунад. Сабаби аслӣ дар муфлисшавии корхонаҳо аст, ки аз набудани муштарӣ ва андозбандии сангин ба чунин ҳол омадаанд.

Бозори яхмосҳои Самад сард шуд

Самад Алихонов, соҳибкори тоҷики муқими вилояти Суғд яке аз онҳоест, ки аз бекор шудани корхонааш афсӯс мехӯрад. Ҳанӯз ду сол пеш бозори яхмосҳои истеҳсоли корхонаи хурди Алихонов на танҳо дар ҳудуди шимоли Тоҷикистон, балки дар шаҳри Душанбе ҳам гарм буд. Аммо дар соли ҷорӣ ӯ маҷбур шуд тасмими қотеъ бигирад: коргоҳаш аз фаъолият монд. Самад Алихонов мегӯяд, арзиши ниҳоии яхмосҳои корхонаи ӯ ду баробар афзуд ва бо мушкили фурӯш рӯбарӯ шуд.

Бархе аз коршиносон мегӯянд, 22 сохтори давлат, ки ҳаққи тафтишу санҷиши кори корхонаву ширкатҳоро доранд, ба кори корхонаҳои истеҳсолӣ ҳам таъсиргузор мешаванд.

"Ду сол қабл сехи истеҳсоли яхмосро сохтам. Корам хуб буд ва 12 коргар доштам. Аммо дар як соли ахир аз ман андози зиёд талаб мекарданд ва маҷбур шудам маҳсулотамро қиммат кунам. Пештар омода кардани як қуттӣ яхмос бароям ҳудуди 70 дирам тамом мешуд ва онро яклухт бо нархи як сомонӣ мефурӯхтам. Ҳоло бошад бо ҷамъи андозҳо нархаш бештар аз 1,5 сомонӣ мешавад. Дар мағоза онро бояд на камтар аз 2 сомонӣ фурӯшанд. Ба ин далел, харидорон аз яхмоси истеҳсоли ширкати ман рӯй гардониданд. Дар натиҷа, кори яхмосбарорӣ бефоида шуд ва маҷбур шудам коргоҳамро бандам".

Соҳибкори дигар дар як ҳавлии истиқоматие корхонаи таъмири дастгоҳҳои барқиро таъсис дода буд. Собир Аҳмадов мегӯяд, зери бори андоз монд ва дигар натавонист кори худро пеш барад. Собир Аҳмадов дар сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки кормандонаш асосан телевизор ва компютерҳоро таъмир мекарданд ва чанд маротиба аз пардохти андозу ришвадиҳӣ сарпечӣ кард ва ӯро ба маблағи бузург ҷарима бастанд. "Оқибат, аз чунин соҳибкорӣ дилсард шудам ва 8 кормандамро ҷавоб додам. Ҳоло худам таксиронӣ мекунам,-афзуд вай.

Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират.
Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират.

Мисли ин ду соҳибкор, аз аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 124 корхонаи дигар ҳам аз фаъолият бозмонд. Ба гуфтаи Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират, инҳо умдатан ширкатҳои хусусӣ буданд. Ба гуфтаи вай, маҳсулоти ин корхонаҳо муштарӣ надошт ва ба ин далел муфлис шудаанд.

Бобохон Баротзода, мудири Оҷонсии меҳнат ва шуғли аҳолии ин вазоратхона дар нишасти матбуотии 26-уми июл омори бештар нигаронкунандаеро ба хабарнигорон пешниҳод кард. Вай гуфт, дар гузашта дар Тоҷикистон беш аз 88 ҳазор корхона фаъолият мекард ва ҳоло танҳо ҳудуди 32 ҳазор корхона мондааст".

Дар чанд соли охир дар пайи бӯҳрони иқтисодии Русия, коҳиши вуруди маблағу сармояҳо, сар задани бӯҳрони бонкӣ, афзудани мизони молиёт ё андоз бисёр соҳибкорон аз идомаи фаъолият даст кашиданд. Декабри соли 2017 Анҷуманисоҳибкорони хурду миёнаи Тоҷикистон гуфт, ки дар давоми як соли гузашта беш аз 200 ҳазор соҳибкори хурду миёна тарки пеша кардаанд.

"Мушкил дар худи соҳибкорон аст"

Аммо, Саидҷаъфар Усмонзода, вакили Маҷлиси намояндагон ва раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон бар ин назар аст, ки "мушкил дар худи соҳибкорон аст". Ӯ ба ин бовар аст, ки мақомоти кишвар шароити хуби фаъолияти соҳибкоронро таъмин кардаанд, вале мушкил дар худи раҳбарони ширкатҳои хусусӣ мебошад, ки барои пешбурди кори корхонаву ширкат донишу ҳунари кофӣ надоранд.

Саидҷаъфар Усмонзода, вакили Маҷлиси намояндагон ва раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон.
Саидҷаъфар Усмонзода, вакили Маҷлиси намояндагон ва раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон.

Вай, аз ҷумла, гуфт, "ҳоло ҳатто муаллими тарбияи ҷисмонии мактаб раҳбарии хоҷагии деҳқониро бар ӯҳда дорад. Вай на донишҳои растанипарвариро дораду на молдориро. Вале пахта кишт мекунаду молпарварӣ. Дар натиҷа, ин муаллими физкултура, ки аз донишҳои оддии иқтисод ва маркетинг бархӯрдор нест, дар ниҳоят муфлис мешавад.

Нахуст бояд донист, ки маҳсулоти тавлидотии ширкат харидор дорад ё не. Ҳамчунин бояд ба инобат гирифт, ки имкониятҳои энергетикии кишвар маҳдуд аст ва феълан наметавонад талаботи ин ширкати истеҳсолиро бароварда созад. Хуллас, набудани донишҳои кофӣ сабаби варшикастагии бештаре аз ширкатҳо дар Тоҷикистон мешаванд".

Мушкили аслии корхонаву ширкатҳо чист?

Вале ба назари иқтисоддонҳои дигар, вазъ чунон содда нест, ки тасаввур мешавад. Муваффақияти корхонаи истеҳсолӣ аз чандин масъала бастагӣ дорад, ки дар маҷмӯъ боиси пешрафти ширкат мешаванд. Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик бар ин назар аст, ки мушкили аслии корхонаву ширкатҳои Тоҷикистон, ҳоло ба фаъолияти ниҳодҳои назоративу тафтишотӣ рабт мегирад. Ҳамчунин, гуфт ӯ, соҳибони ширкатҳову корхонаҳо барои тавсеаи фаъолияти худ сармояи зарурӣ дар ихтиёр надоранд, ки дар ниҳоят муҷиби варшикастагӣ мешавад.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик.
Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик.

Умаров гуфт, барои азнавсозии дороиҳои корхонаҳо ва фондҳои гардон соҳибкорон сармояи зарурӣ надоранд ва мушкилот дар дастрасӣ ба қарзҳои бонкӣ сабаб мешавад, ки соҳибони ширкатҳо наметавонанд таҷҳизоту фанновариҳои муосирро харидорӣ карда, тавлидоти худро дар бозор рақобатпазир созанд. Ӯ афзуд, соҳибкорон қарзҳои феълии бонкҳои Тоҷикистонро, ки фоизаш хеле баланд аст, ҳаргиз наметавонанд бозпас диҳанд ва имтиёзи дастрасӣ ба қарзҳои арзонро танҳо як гурӯҳи корхонаҳое доранд, ки ба мақомоти баландпоя наздик мебошанд.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Ҳоҷимуҳаммад Умаров, 22 сохтори давлат, ки ҳаққи тафтишу санҷиши кори корхонаву ширкатҳоро доранд, ба кори корхонаҳои истеҳсолӣ ҳам таъсиргузор мешаванд.

Чӣ гуна "тадбир андешида мешавад"?

Мавзӯи зинда кардани кори ширкату корхонаҳои истеҳсолӣ ду ҳафта пеш ҳам мавриди нигаронии раиси шаҳри Душанбе шуд. Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи вакилони шаҳри Душанбе аз "ғайримақсаднок истифода шудани корхонаҳои саноатӣ", ки қаблан хусусӣ шудаанд, ибрози нигаронӣ кард ва аз соҳибмулкони ин корхонаҳо хост, ки нақшаи ба иқтидори пурра ба кор даровардани корхонаҳоро пешниҳод кунанд.

Рустами Эмомалӣ
Рустами Эмомалӣ

Раиси шаҳр гуфтааст, ки дар сурати пешниҳод нашудани чунин як нақша, дар нисбати чунин корхонадорон "тадбир андешида шавад". Маълум нест, ки ин чӣ тадбир аст, вале бархе коршиносон мегӯянд, агар соҳибони ин корхонаҳо имкони зинда кардани фаъолияти истеҳсолиро медоштанд, ҳатман ин корро мекарданд.

Созмонҳои молии байналмиллалӣ - Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд ва Сандуқи Байналмилалии Пул дар канори баррасии мушкилоти фасодкорӣ ба Тоҷикистон тавсияҳо додаанд, ки ҳукумат ба ислоҳот дар соҳаҳои андоз, бонкҳо ва алоқа иқдом кунад.

Бархе аз коршиносон мегӯянд, дар соли 2018 ҳукумати Тоҷикистон бояд дар фикри ислоҳи вазъ дар ҳамин се бахш шаванд, вагарна паёмадҳои бӯҳрон дар ин бахшҳо ва таъсири он рӯи мардум метавонад мушкилоти ҷиддӣ, аз ҷумла коҳиши даромад, афсурдагӣ ва поинравии эътимод ба ҳукуматро ба бор орад.

XS
SM
MD
LG