Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як нозири андоз бо $5 ҳазор “ришва”


Як корманди Идораи андози Душанбе бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ ва талаби 40 ҳазор сомонӣ, муодили тақрибан панҷ ҳазор доллар ришва боздошт шудааст. Мақомоти Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз ин корманди андоз Файзиддин Мирзоев ном бурда ва гуфтанд, ки ӯ талош доштааст, бо гирифтани ин миқдор пул “пинҳонкории як соҳибкорро” махфӣ нигоҳ дорад. Дар ҳоле ки Файзиддин Мирзоев ва наздиконаш дар бораи қазияи ӯ сӯҳбат накарданд, Амиршоҳ Султонзода, сардори Шуъбаи тафтишотии Раёсати Оҷонсии зиддифасод дар пойтахт, рӯзи 2 феврал гуфт, ӯ ҳангоми гирифтани пули талабкардааш дастгир шуда ва ҳоло қазияаш дар дасти баррасист.

Дар Оҷонсии зидди фасод гуфтанд, Файзиддин Мирзоев ҳанӯз 29 декабри соли гузашта, замони раҳбарии Рустами Эмомалӣ боздошт шуда, феълан бо додани забонхат ва бо шарти берун нашудан аз маҳалли зист дар озодӣ ба сар мебарад.

“Шаҳрванд А. ба Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба коррупсия муроҷиат кард, ки мутахассиси Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе... аз ӯ 40 ҳазор сомонӣ талаб кардааст. Аз ин маблағ 30 ҳазор сомониашро гирифтааст. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ Файзиддин Мирзоев бо 10 ҳазор сомонии боқимонда дастгир карда шуда, далелҳои шайъӣ аз утоқи кориаш гирифта шуд”, - гуфт Султонзода.

Ба қавли ин масъули раёсати Оҷонсии зиддифасод дар Душанбе, ин мутахассиси Раёсати андози Душанбе гӯё ба соҳибкор ваъда дода будааст, ки дар ҷараёни санҷиши молиявӣ ё ревизия ба ӯ ёрӣ карда, “андозҳои пинҳоншудаашро камтар нишон медиҳад”. Ба хотири ҳифзи амнияти шахси муроҷиаткунанда аз ӯ танҳо “шаҳрванд А” ном бурда мешавад.

Аммо як ҳамсӯҳбати мо дар Оҷонсии зидди фасод, ки аз қазия огоҳ аст гуфт, “шаҳрванд А” соҳибкор буда, дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекард. Нисбат ба Файзиддин Мирзоев бар асоси моддаи 319, қисми 4, банди В, яъне “аз ҷониби шахси мансабдор гирифтани пора бо роҳи тамаъҷӯӣ” парванда боз шуда, тафтишот идома дорад. Агар ин иттиҳоми дар додгоҳ исбот шавад, ӯро аз 600 ҳазор то 1 миллион сомонӣ ҷарима ва ё аз ҳафт то дувоздаҳ соли зиндон интизор аст.

Дар Оҷонсии зидди фасод гуфтанд, Файзиддин Мирзоев ҳанӯз 29 декабри соли гузашта, замони раҳбарии Рустами Эмомалӣ боздошт шуда, феълан бо додани забонхат ва бо шарти берун нашудан аз маҳалли зист, дар озодӣ ба сар мебарад.

Файзиддин Мирзоеви 50-сола то лаҳзаи боздошт дар Шӯъбаи санҷиши андозҳои Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе ифои вазифа мекард. Ҳамкорони собиқи Файзиддин дар бораи боздошти ӯ аз сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ худдорӣ карданд. Талошҳои мо барои сӯҳбат бо худи Файзиддин Мирзоев ҳам бенатиҷа анҷом ёфт. Ӯ баъди дастгир шуданаш то ҳол вакили дифоъ нагирифтааст.

Аммо Маҳмадалӣ Шарифзода, сардори Шӯъбаи кадрҳои Кумитаи андози Тоҷикистон аз Файзиддин ҳамчун корманди хуб ситоиш карда гуфт, “баъди боздошт аз кор озод шуд. Бо фармони раиси Кумитаи андоз, ман рақамашро гуфта наметавонам, аммо тахминан баъди 5-6 рӯзи боздошт шуданаш аз вазифааш озод шуд. Инсони хуб буд.”

Файзиддин Мирзоев ягона корманди андоз нест, ки бо иттиҳоми гирифтани пора аз андозсупорандагон боздошт шудааст. Ба гуфтаи Маҳмадалӣ Шарифзода, раҳбари Шӯъбаи кадрҳои Кумитаи андоз танҳо дар соли гузашта ҳудуди 9-10 кормандашон даст ба амалҳои коррупсионӣ зада, аз мақомҳояшон барканор шудаанд. Раиси Шуъбаи кадрҳои Кумитаи андоз мегӯяд, дар доираи “Стратегия оид ба муқовимат зидди корупсия”, ба хотири роҳ надодан ба амалҳои корупсионӣ аз ҷониби кормандонашон, онҳо бо фасодкорӣ мубориза мебаранд.

Аммо коршиносон мегӯянд, мушкили аслӣ дар баланд будани мизони андоз аст ва маҳз ин чиз соҳибкоронро маҷбур мекунад даст ба пинҳонкорӣ зананд. Ба гуфтаи коршиносон, аз ҷониби дигар баъзе аз кормандони мақомоти андоз аз мизони баланди андоз ҳангоми санҷишҳо сӯистифода карда, ба соҳибкорон “муомила” пешниҳод мекунанд.

Алиакбар Абдуллоев.
Алиакбар Абдуллоев.

Алиакбар Абдуллоев, як муҳаққиқи масоили коррупсия дар Тоҷикистон, дар бораи шаффофият дар низоми андози кишвар гуфт, “андозҳо зиёданд, вале шаффоф ҳастанд. Равзанаи ягона дорад. Аз назари шаффофият мушкиле нест, аммо аз назари қонунгузорӣ сангин аст андозҳо барои соҳибкорон.”

Соли гузашта Анҷумани ҷаҳонии иқтисодӣ Тоҷикистонро дар миёни 25 кишвари ҷаҳон, ки андози баландтарин доранд, дар мақоми 3-юм ҷой дода буд. Гузоришгарони ин Анҷуман гуфта буданд, сатҳи андоз дар Тоҷикистон 81,8 фоизро ташкил медиҳад, ки танҳо аз Аргентина (137,4%) ва Боливия (83,7) пешсаф аст.

Як коршинос бо мисоли оддӣ шарҳ дод, ки аксар соҳибкорон дар Тоҷикистон ду намуд молиёт - андози иҷтимоӣ ва андоз аз даромадро месупоранд. “Агар ман 100 доллар дар гардиш дошта бошаму аз ин пул 10 доллар фоида бинам, аз ҳамин 10 доллар бояд 8 долларро ба фоидаи андоз бидиҳам”, - шарҳ дод ӯ.

Аммо Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз дар нишасти ахири хабариаш интиқод аз боло будани андозро қабул накард ва гуфт, ки масъала дар баланд будани андоз неву дар “риоя нашудани қонунгузории андоз аст”.

Бештаре аз коршиносон ва ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ шеваҳои мубориза бо фасод дар системаи андоз дар Тоҷикистонро нокифоя арзёбӣ карда мегӯянд, то замоне ки шаффофият дар ин бахш таъмин нашавад, пинҳонкорӣ ё “муҳосиботи пинҳонӣ” боқӣ хоҳад монд.

XS
SM
MD
LG