Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти беш аз 30 намояндаи ҳукуматҳои маҳаллӣ дар Суғд


Дар як соли гузашта беш аз 30 намояндаи ҳукуматҳои маҳаллӣ дар вилояти Суғд, аз ҷумла муовинони раиси Истаравшану Исфара ва Хуҷанд бо иттиҳоми даст доштан дар фасоди молӣ боздошт шудаанд. Карим Иброҳимзода – сардори раёсати Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд – рӯзи 1 феврал гуфт, "парвандаи аксари онҳо барои ҷудо кардани қитъаи замин мепечад".

Ба хотири ҷилавгирӣ аз санҷишҳои зиёд раиси ҷумҳур дастур дода буд, то дар ҳар корхонаву муассиса китоби сабт боз гардад. Ба ҳар корхонаву муассисае, ки тафтишгарон ворид мешаванд, бояд аввал дар китоб сабаби санҷиш, амр, мӯҳлат ва натиҷаи санҷишро сабт кунанд.

Қаблан, дар охири соли гузашта, дар як нишасти мақомоти интизомӣ дар Хуҷанд Дилшод Зарифӣ – як масъули Идораи мубориза бо коррупсияи Суғд аз қазияи Додоҷон Абдуллоев, муовини собиқи раиси Хуҷанд ёдоварӣ карда ва гуфта буд, ки "дар ҳамдастӣ бо кормандони идораи замин 75 ҳазор доллари мардумро гирифтааст."

Карим Иброҳимзода дар бораи қазияҳои алоҳида ҷузъиёт надод, вале гуфт, "мақомоти сохторҳои гуногуни ҳукуматҳои маҳаллӣ, масъулони бонкҳо ва андоз дар соли гузашта дар муқоиса ба соли 2015 бештар даст ба ҷинояти дорои хусусияти коррупсионӣ задаанд". Ба қавли ӯ, дар маҷмӯъ, дар соли гузашта тақрибан 500 ҷинояти коррупсионӣ ошкор шудааст, ки 32 ҳолати он ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ рабт мегирад.

Аз ҷумла, ба гуфтаи Иброҳимзода, соли гузашта Хуршед Сангинзода – раиси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳангоми ба муовини сардори раёсати Оҷонси зиддифасод дар Суғд пешниҳод кардани 50 ҳазор доллар ришва боздошт гардидааст. "Сангинзода бо додани ришват мехост, ҷинояти 1 ҳазор доллар пора гирифтанаш аз як миёнаравро рупӯш кунад. Вай ҳазор долларро ба хотири таъини ҷазои сабук ба як айбдоршаванда гирифта буд", - гуфт ӯ. Хуршед Сангинзода баъди пардохти ҷарима дар ҳаҷми 600 ҳазор сомонӣ аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод шудааст.

Ба саволи хабарнигорон дар маврди инки "оё ҳолатҳои зиёди ришватхорӣ бовари сокинонро ба мақомот коста нахоҳад кард?" Карим Иброҳимзода гуфт, "дар муқобили афзоиши ҷиноятҳои коррупсионӣ муборизаи мақомот ҳам зидди ин зуҳурот тақвият меёбад. Боздошти муовини раисон ва раиси додгоҳ нишонаи ҳамин мубориза аст."

Дар ҳоле ки мақомот аз муборизаи беамони худ алайҳи фасоду ришватхорӣ ҳарф мезананд, кормандони ширкатҳо, идораву муассисаҳо ва сокинони одӣ аз тафтишҳои зиёду пай дар пайи ниҳодҳои мухталифи мақомоти назоратӣ норизоӣ мекунанд. Меҳриннисо Назарова, рӯзноманигори маҳаллӣ, бо такя ба сӯҳбату мушоҳидаҳояш гуфт, "ин тафтишҳо коргаронро ба танг овардаанд. Чунки тафтишҳо оддӣ нестанд ва барои қабул, меҳмондорӣ ва гусели санҷишгарон аз ҳар корманди муассиса пул ҷамъ мекунанд."

Шаффофияти Байналмилал дар бораи фасод дар як соли гузашта:

Шаффофияти Байналмилал: "Ришвахорӣ дар Тоҷикистон кам нашудааст"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:38 0:00

Назарова гуфт, беҳтар аст ба ҷойи тафтишҳои зиёд санҷишгарон дар сӯҳбати рӯбарӯ ба кормандон камбуду хатоҳоро фаҳмонанд ва роҳи ислоҳи онро нишон диҳанд. Карим Иброҳимзода, сардори раёсати Оҷонсии зиддифасод дар Суғд низ санҷишу тафтишҳоро "мушкил"-е номид, ки ҷомеаро нигарон кардааст.

Ӯ афзуд, "ба хотири ҷилавгирӣ аз санҷишҳои зиёд раиси ҷумҳур дастур дода буд, то дар ҳар корхонаву муассиса китоби сабт боз гардад. Ба ҳар корхонаву муассисае, ки тафтишгарон ворид мешаванд, бояд аввал дар он китоб сабаби санҷиш, амр, мӯҳлат ва натиҷаи санҷишро сабт кунанд. Дар ҳолати ғайриқонунӣ сурат гирифтани санҷиш масъулони он корхонаву муассиса метавонанд ба ниҳодҳои дахлдор муроҷиат кунанд."

Бо ин ҳол, як таҳқиқи масъулони Оҷонсии зиддифасод дар Суғд дар соли гузашта ошкор кардааст, ки намояндагони бархе аз ниҳодҳо на барои тафтиш, балки барои "сӯдҷӯӣ" дари корхонаҳоро мекӯбанд. Бино ба ин таҳқиқ, тафтишгарон давоми 8 моҳи соли 2016 ба дари беморхонаи марказии шаҳри Хуҷанд - 22 бор ва ба дари бемористони марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 29 бор рафтаанд.

Шохиси байналмилалии фасод дар саросари ҷаҳон нишон додааст, ки ин зуҳурот дар Тоҷикистон соли гузашта боз ҳам реша давондааст. Бар асоси шохис, ки созмони Шаффофияти Байналмилал дар моҳи январи имсол нашр кард, ки Тоҷикистон дар мақоми 151-ум қарор гирифтааст.

XS
SM
MD
LG