Пайвандҳои дастрасӣ

Чанде аз ширкату созмонҳои иҷтимоӣ ва корхонаҳо дар Тоҷикистон аз он шикоят доранд, ки бонкҳо натавонистаанд пули андози онҳоро аз суратҳисобашон ба ихтиёри мақомот гузаронанд. Дар натиҷа, мақомоти андоз онҳоро барои саривақт напардохтани молиёт ҷарима бастаанд. Соҳибкорон бо таваҷҷӯҳ ба ин вазъ мегӯянд, зоҳиран мақоли "андозро супору ором бихоб" дигар дар Тоҷикистон ба кор намеояд.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Айни чунин ҳолат бо созмони "Ҷавонони асри нав" рух додааст. Рустем Тоҳиров, мудири созмон гуфт, "мо барои моҳи сентябри соли гузашта андозро супурдем. Аммо "Агроинвестбонк" пулро ба мақомоти андоз надодааст. Баъдан барои мақомоти андоз аз бонк мактуб гирифтем, ки молиётро бояд аз суратҳисоби мо пардохт мекард."

Соҳибкор дар бонк суратҳисоб дорад ва ҳуҷҷат фиристодааст, ки аз суратҳисобаш андоз пардохт шавад. Аммо бонк ӯҳдадориашро дар назди муштарӣ иҷро накардааст. Дар ин ҷо соҳибкор гунаҳкор нест.”

Бо инки чор бонки бузурги Тоҷикистон дар ҳолати бӯҳрон қарор гирифтанд, мушкили соҳибкорон дар пардохти андоз дучанд шуд. Муштариён аз бонк дархост мекунанд, ки молиёташонро ба суратҳисоби мақомоти андоз гузаронад, аммо бонкҳо бинобар холӣ будани хазинаашон имкони пардохти маблағи андозро надоранд.

Тааҷҷуб ва нигаронии соҳибкорон дар ин росто аз он аст, ки чаро мақомоти андоз дар ин шароит на аз домани бонкҳо, балки аз онҳо медорад. Бар тибқи як қарори раиси Кумитаи андоз пардохтҳои нақдӣ манъ аст. Агар соҳибкор хоҳад, ӯҳдадориҳои худро иҷро намояд, бо пули нақд андозашро бипардозад, идорае маблағи ӯро қабул намекунад.

Нусратулло Давлатзода
Нусратулло Давлатзода

Ин масъала дар нишасти ахири Кумитаи андоз боис ба баҳси тӯлонӣ шуд. Соҳибкорон аз раиси ин ниҳод пурсиданд, чаро дар ин шароит кумита намегузорад, ки масъулияташонро дар назди буҷа бо пули нақд иҷро кунанд? Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз дар ин робита гуфт, “мо барои он қабули андоз бо пули нақдро маҳдуд кардем, ки ҳолатҳои тамаъҷӯӣ ваё коррупсияро аз сӯи кормандони андоз пешгирӣ кунем. Вақте пардохтҳо ҳамааш электронӣ ҳастанд, ин гуна ҳолатҳо рух намедиҳанд.”

Соҳибкорон дар робита ба иҷро нашудани супоришномаҳои пулӣ аз тарафи бонкҳо ба Бонки миллӣ шикоят кардаанд. Дар ин вазъият Бонки миллӣ аз Кумитаи андоз хостааст, аз ситондани ҷарима аз андозсупорандагоне, ки бо гуноҳи бонк маблағашон интиқол наёфтааст, худдорӣ кунанд

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллӣ гуфт, “ин муаммо ҷой дорад. Соҳибкор дар бонк суратҳисоб дорад ва ҳуҷҷат фиристодааст, ки аз суратҳисобаш андоз пардохт шавад. Аммо бонк ӯҳдадориашро дар назди муштарӣ иҷро накардааст. Дар ин ҷо соҳибкор гунаҳкор нест.”

Мушкили андозҳои “пардохтшуда” ва дар бонкҳо дармондаи соҳибкорони тоҷик то ҳаддест, ки аз 4 миллиард сомонии тақсимшуда ба бонкҳои дар ҳоли мушкил 200 миллион сомонии он барои пардохти андозҳо равона шудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG