Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳама банкоматҳои "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" фаъол шуданд


Бонки миллии Тоҷикистон эълон кард, ки кулли банкоматҳои ду бонки дучори мушкилшуда “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” дубора фаъол шудааст ва муштариён метавонанд аз он пул бигиранд.

Бонки миллӣ рӯзи 17-уми январ дар сомонаи расмиаш дар ин робита гуфтааст, ки “додани пули нақд тавассути банкоматҳои ҶСК «Агроинвестбонк» ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” дар тамоми ҷумҳурӣ шурӯъ гардида, хизматрасонии кортҳои пардохтии бонкҳои зикршуда дар марказҳои савдо ва хизматрасонӣ барқарор шудааст”.

Бонкоматҳои ин ду бонки бузурги тиҷоратие, ки пардохтпазириашонро шуруъ аз баҳори соли 2016 аз даст дода буданд, бепул буданд ва муштариён тавассути кортҳои ин бонкҳо ҳатто аз фурӯшгоҳҳо низ мол харидорӣ карда наметавонистанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG