Пайвандҳои дастрасӣ

"Занҷонӣ ба Тоҷикистон 500 васоили нақлиёт ворид карда буд"


Вазорати иттилоот ё амнияти Эрон дар робита ба чораҳои анҷомдодаи худ дар пайванд ба парвандаи Бобаки Занҷонӣ ва шиносоии амволи ин миллиардер дар хориҷ гуфтааст, ки аз ҷумла воридоти 500 васоили нақлиёт аз Тоҷикистон ба Эрон ба арзиши 15 миллион долларро, ошкор намудааст.

Вазорати иттилооти Эрон рӯзи панҷшанбеи 5 январ дар бораи бахше аз корҳои анҷомдодаи ин вазоратхона дар парвандаи Бобаки Занҷонӣ гуфтааст, ки гузорише дар бораи фаъолиятҳои иқтисодӣ, ширкатҳо ва афроде, ки ба вай робита доштанд, таҳия ва ба ниҳодҳои додгоҳӣ пешниҳод кардааст.

Гузориши вазорати иттилооти Эрон нагуфтааст, ки Бобаки Занҷонӣ чигуна ин васоили нақлияро аз Тоҷикистон ба он кишвар ворид кардааст.

Ба гузориши хабаргузории давлатии Эрон-ИРНА, ин ниҳоди амниятии Эрон афзудааст, ки фаъолиятҳои Бобаки Занҷонӣ ва бонкҳои вай дар хориҷро пайгирӣ намуда ва 700 миллион доллар дороиҳои ӯро шиносоӣ намудааст. Ба гуфтаи вазорати иттилооти Эрон, омилҳои мудохилагар ва афроде, ки ба раванди расидагӣ ба парванда халал ворид мекунанд, низ шиносоӣ шудаанд.

Ин вазоратхона ҳамчунин гуфтааст, ки дар бахши шиносоӣ, корҳое монанди "шиносоии ду фарванд киштии континейрбар, шиносоии воридоти 500 васоили нақлиёт аз Тоҷикистон ба арзиши қарордоди 15 миллион доллар ва...", анҷом шудааст.

Аммо ин гузориши вазорати иттилооти Эрон нагуфтааст, ки Бобаки Занҷонӣ чигуна ин васоили нақлиётро аз Тоҷикистон ба он кишвар ворид кардааст. Мақомоти Тоҷикистон ҳам то ба ҳол ба ин иддаои вазорати иттилооти Эрон вокунише нишон надодаанд, аммо дар гузашта ҳамеша гуфта буданд, ки Бобак Занҷонӣ дар Тоҷикистон чизе надорад.

Гузориши вазорати иттилооти Эрон пас аз он интишор ёфт, ки Содиқ Лориҷонӣ, раиси Додгоҳи олии Эрон рӯзи сешанбеи 3 январ бо баёни инки, "тавре вонамуд мешавад, ки гӯё Додгоҳии олӣ дар ин парванда, роҳи худашро ба танҳоӣ рафта ва аз кӯмакҳои вазорати амният истифода накардааст, гуфт, "дар соли соли 2013 Бобаки Занҷонӣ боздошт шуд ва дар соли 2015 раиси ҷумҳур дар ҷавоби номаи раиси амният матлабе навишт дар ин бора, ки хуб аст парванда дар ихтиёри вазорати амният қарор бигирад."

Содиқи Лориҷонӣ, раиси қувваи қазоияи Эрон.
Содиқи Лориҷонӣ, раиси қувваи қазоияи Эрон.

Содиқ Лориҷонӣ дар идома гуфтааст, ки "банда ҳам ду рӯз баъд ин номаро ба додситонӣ фиристода ва таъкид кардам, ки пешниҳоди хубе аст ва ин корро анҷом бидиҳад. Дар ниҳоят маълум шуд, ки монеаҳое вуҷуд дорад, ки ба дастгоҳи додгоҳӣ дахле надошта ва балки аз тарафи бархе аз вазоратхонаҳо ва афроди он будааст."

Пеш аз баёнияи вазорати иттилооти Эрон, вазорати умури хориҷии он кишвар низ рӯзи панҷшанбеи 5 январ ба интиқоди раиси Додгоҳи олии он кишвар вокуниш нишон дод ва гуфт, ки бар асоси "урфи дипломатӣ" наметавонад ба тафтиши фаъолиятҳои "қаллобӣ ва зерзаминӣ"-и бонки Занҷонӣ ворид шавад.

Раиси Додгоҳи олии Эрон рӯзи сешанбеи 3 январ зимни интиқод аз суханони Ҳасани Рӯҳонӣ дар бораи парвандаи Бобаки Занҷонӣ гуфт, ки пайгирии шиносоии пулҳои Бобаки Занҷонӣ дар Малайзия, Тоҷикистон ва Туркия бояд аз сӯи Бонки марказӣ ва вазорати умури хориҷӣ анҷом шавад ва ба додгоҳ рабте надорад.

Ба гузориши хабаргузории ИСНА, вазорати умури хориҷии Эрон гуфтааст. ки "ҳеҷ гоҳ" аз он вазоратхона хоста нашудааст, ки ин парвандаро пайгирӣ кунад ва "ҳеҷ иттилооте аз муҳтавои парванда" дар ихтиёри он қарор нагирифтааст. Ин вазоратхона ишора кардааст, ки "бар тибқи урфи маъмули ҷаҳонӣ", пайгирии чунин парвандаҳо вазифаи вазорати амният аст.

Бобак Занҷонӣ аз сармоядорони вобаста ба Ҷумҳурии Исломӣ, ки дар Тоҷикистон ҳам сармоягузорӣ кардааст, гуфта мешавад барои коҳиши таҳримҳои байнулмилалӣ алайҳи Эрон, бо вазорати нафт барои фурӯши нафт ва интиқлоли пули он ба дохили Эрон ҳамкорӣ мекард ва дар декабри соли 2013 ба иттиҳоми напардохтани қарзҳои худ боздошт шуд. Қарзҳои Бобаки Занҷонӣ дар назди Вазорати нафти Эрон 2,5 миллиард доллар гуфта мешавад.

Рӯзи 6-уми марти соли гузашта додгоҳе дар Теҳрон Бобаки Занҷонӣ ва ду муттаҳами дигарро, ки дар парвандаи нафтӣ муҳокима шуданд, ба эъдом маҳкум кард. Онҳо ҳамчунин ба баргардонидани амволи ҷониби шикояткунанда, ки Ширкати миллии нафти Эрон аст ва ба ҷаримаи пулӣ баробар ба як аз чаҳор ҳиссаи пулшӯӣ, маҳкум шудаанд."

Бархе мақомоти эронӣ дар гузашта иддао карда буданд, ки ин тоҷири сарватманд аз 500 то 600 миллион доллар дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст ва ҳамчунин бо афроди пурнуфузи ҳукумати Тоҷикистон робита дорад. Ин мақомот ҳамчунин гуфта буданд, ки Занҷонӣ дар ин занҷираи сирқати пули нафти Ҷумҳурии Исломӣ аз ниҳодҳои бонкии Тоҷикистон ҳам истифода бурдааст.

Гуфта мешавад, ин 2,5 миллиард доллари интиқолдодаи ӯ маҳз дар Душанбе гум шудааст. Аммо мақомоти Тоҷикистон аз ибтидо ин иддаоро ҳамеша рад карда ва ҳатто гуфтаанд, Бобак Занҷонӣ дар Тоҷикистон чизе надорад. Ҳатто ин иддао садо дод, ки ӯ ҳамаи дороиҳои худ дар Тоҷикистонро ба як сармоягузорӣ турк фурӯхтааст.

Як силсила ширкатҳои бинокорӣ, нақлиётӣ, сармоягузорӣ ва ҷаҳонгардӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла ҳолдинги “Kont group Tajikistan”, ширкатҳои “Коntgroup investment”, “Asian Express Terminal”, “Asian Express Airline” ва “Kont tourism Tajikistan” ба Бобак Занҷонӣ нисбат дода мешаванд ва дар расми ифтитоҳи бархе аз онҳо ӯ ҳамроҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок кардааст.

Агар пулҳои Занҷонӣ дар Тоҷикистон мебуд... (Навор аз бойгонӣ)

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG