Пайвандҳои дастрасӣ

“Фононбонк” ба ҷамъияти саҳҳомӣ табдил шуд


“Фононбонк”, яке аз бонкҳои дучори мушкил дар Тоҷикистон, ба ҷамъияти саҳҳомии шакли боз табдил дода шудааст. Қаблан ин ниҳоди молӣ дар шакли ҷамъияти саҳҳомии пӯшида фаъолият дошт. Ба бовари иқтисоддонҳои тоҷик, чунин табдили шакли фаъолият ба “Фононбонк” иҷоза медиҳад, ки барои ҳалли мушкилоти молии худ саҳмияҳояшро ба фурӯш гузорад. Дар ҳамин ҳол, Бонки миллии Тоҷикистон хабар додааст, ки барои “Фононбонк” иҷозаи амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ низ дода шуд. “Фононбонк” моҳи майи соли 2007 дар Вазорати адлияи Тоҷикистон сабти ном ва 4 январи соли 2008 соҳиби муҷаввизи Бонки Миллӣ барои анҷоми амалиёти молиявӣ шуд. Дафтари марказии “Фононбонк” дар Душанбе буда, он дар сартосари кишвар 14 намояндагӣ дорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG