Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷирони эронӣ дар Тоҷикистон аз таҳримҳои Амрико нигаронанд


Эълони таҳримҳои нави Амрико алайҳи Эрон аз сӯи доираҳои молии эронии муқими Тоҷикистон бо нигаронӣ қабул шудааст. Шумори ночизи ширкатҳои эронӣ, ки дар Тоҷикистон ҳузури худро ҳифз кардаанд, мегӯянд, бо назардоштии сардии равобити Тоҷикистону Эрон, нигаронанд , ки таҳримҳои амрикоӣ фаъолияти бе ин ҳам камранги онҳоро зарба мезанад.

Дар бораи ҷорӣ шудани таҳримҳои нав дар фурсати наздик рӯзи 21-уми май Майкл Помпео, вазири умури хориҷии ИМА изҳорот дод. Помпео гуфт, ҳукуматаш "сахттарин таҳримҳои таърихро алайҳи Эрон вазъ хоҳад кард ва агар ҳукумати Эрон рафтори худро иваз накунад, фишори таҳримҳо афзоиш хоҳад ёфт."

"Агар Тоҷикистон ҳимоя накунад, сармоягузорӣ ба хатар меафтад"

Мустафо Сӯҳроб, соҳибкори эронии муқими Тоҷикистон хабари баргашти таҳримҳо болои Эронро бо дард қабул кардааст. Ӯ ҳамроҳ бо чанд ҳамтои эрониаш дар Тоҷикистон корхонаи оби маъдан доранд. Мегӯяд, дар шароити эълони таҳримҳои нав алайҳи Эрон ҳоло танҳо умедашон бар ин аст, ки ҳукумати Тоҷикистон аз онҳо ҳимоят мекунад.

Таҳлилгарон бо ишора ба вазъи феълии равобити Тоҷикистону Эрон мегӯянд, таҳримҳои нави Амрико нисбати Эрон барои иқтисоди Тоҷикистон таъсири чашмрасе нахоҳад дошт.

"Таҳримҳои нав таъсир мерасонад ва ба хотири ин алъон соҳибкорон тарсидаанд. Агар давлати Тоҷикистон пуштибонӣ накунад, сармоягузорӣ ба хатар меафтад. Мо бо шумо ҳамзабон ҳастем ва дӯст дорем, ки инҷо сармоягузорӣ кунем", - афзуд Мустафо Сӯҳроб.

Ин соҳибкори эронӣ дар ҳоле ба ҳимояти давлати Тоҷикистон умед мебандад, ки ба қавли худаш аз рафтории феълии мақомоти тоҷик нохушоянд аст. Чун ба қавли Мустафо Суҳроб, рафторе, ки Тоҷикистон бо онҳо дорад ба маънои он аст, "ба мо мегӯянд, сармоягузориҳои эронӣ наоед."

Муносибати Тоҷикистону Эрон давоми се соли ахир ба сардӣ гароидааст. Соҳибкорони эронӣ мегӯянд, тарси аслии онҳо ҳам ин аст, дар шароити сардии равобити ду кишвар таҳримҳои тозаи Амрико баҳонаи дигаре барои маҳдуд кардани фаъолияти онҳо дар Тоҷикистон мешавад.

"Ин бор таҳримҳо зиёд нестанд"

Хабари баргашти таҳримҳои Амрико болои Эронро дар доираи соҳибкорони эронии муқими Тоҷикистон ба таври гуногун қабул кардаанд. Бархе онҳо мегӯянд, таҳрим барояшон чизи тозае нест.

Аз ҷумла, Ҳамидризо Тоҳирӣ, масъули ширкати "Осмон Эйр" дар Тоҷикистон, дар як сӯҳбати мухтасари телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, "барои Эрон таҳрим чизи тозае нест ва ҳатман масъулини низом пешбиние хоҳанд кард". Ӯ нахост аз ин бештар сӯҳбат кунад.

Як мақом дар филиали бонки "Тиҷорат"-и Эрон дар Душанбе дар сӯҳбати бидуни микрофон ба Радиои Озодӣ гуфт, умедашон феълан бар ин аст, ки ин бор таҳримҳо барои Эрон сахт нахоҳад буд. Далели умедвориҳои ӯ ин аст, ки дар гузашта Амрико таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратиро болои Эрон ҳамроҳ бо Иттиҳодияи Аврупо ҷорӣ карда буд, вале ин бор Амрико ба танҳоӣ нисбати Эрон таҳрим эълон кардааст.

Ин бори нахуст нест, ки фаъолияти доираҳои молии Эрон дар Тоҷикистон аз ҷумла бонкҳои ин кишвар зери сояи таҳримҳо қарор мегиранд. Дар гузашта Тоҷикистон бар асоси таҳримҳои Вазорати молияи Амрико фаъолияти муассисаҳои молии Эрон дар кишварро маҳдуд карда буд.

Аз ҷумла соли 2013 Бонки миллии Тоҷикистон бино бар таҳримҳои Амрико фаъолияти "Контбонк"-ро дар кишвар маҳдуд кард. Ин бонк, ки ҳоло табдил ба "Бонки Осиё" ва мутааллиқ ба шахсони дигар шудааст, аз ҳуқуқи кушодани филиал ва иштирок дар аҳдҳои муштариёни ташкилотҳои қарзӣ маҳрум шуда буд.

"Ба иқтисоди Тоҷикистон таъсири зиёд надорад"

Таҳлилгарон бо ишора ба вазъи феълии равобити Тоҷикистону Эрон мегӯянд, таҳримҳои нави Амрико нисбати Эрон барои иқтисоди Тоҷикистон таъсири чашмрасе нахоҳад дошт.

Далели ин амр ба қавли Иршод Сулаймонӣ, хабарнигор ва як коршиноси тоҷик дар он аст, ки теъдоди сармоягузорони эронӣ дар Тоҷикистон зиёд нестанд. Ба ин хотир, ин таҳлилгари тоҷик мегӯяд, агар доираҳои молии Эрон дар Тоҷикистон ба таҳрими Амрико ворид ҳам шаванд, иқтисоди Тоҷикистон аз ин чиз осеби зиёде нахоҳад дид.

"Дар сардии равобите, ки солҳои ахир иттифоқ афтодааст, гардиши молу коло миёни Тоҷикистону Эрон ба таври қобили чашгир кам шуд. Ба истиснои чанд тиҷоратҳои хурду реза феълан пружаҳои бузурги Эрон дар Тоҷикистон дида намешавад",-хулоса кард Иршод Сулаймонӣ.

Бо ин ҳама доираҳои молии Эрон дар Тоҷикистон мегӯянд, барои ҳар пешомаде худро омода мекунанд. Феълан дар Тоҷикистон ду бонк бо сармояи Эрон фаъолият мекунанд. Доираҳои фаъолияти "Кафолатбонк" ва филиали бонки "Тиҷорат"-и Эрон чандон бузург нест.

Неругоҳи Сангтуда-2
Неругоҳи Сангтуда-2

Дар Тоҷикистон то чаҳор соли пеш расман 155 ширкати эронӣ сабти ном шуда буд, ки дар бахшҳои тиҷорат, энержӣ ва сохтмон кор мекарданд. Сохтмони туннели "Истиқлол" (дар гарданаи Анзоб), ки шимоли Тоҷикистонро бо маркази ин кишвар мепайвандад ва бунёди нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" аз тарҳҳои муҳими ин кишвар ба шумор меояд.

Дар баробари тарҳҳои бузург, соҳибкорони эронӣ дар Душанбе мағозаву ошхона ва қаҳвахонаву нуқтаҳои тиҷории хурду миёнаи зиёди дигар доштанд, ки бархе ҳоло аз фаъолият бозмонданд.

Тоҷикистону Эрон тайи тақрибан се соли охир марҳилаи мушкили ҳамкориро паси сар мекунанд. Ин вазъият дар пайи даъвои молӣ бар сари пулҳои гӯё гумшудаи миллиардер Бобаки Занҷонӣ ва даъвати раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ба конфронси Теҳрон ба вуҷуд омадааст.

Нуқтаи авҷи ин баҳс иттиҳоми вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар моҳи августи соли 2017 алайҳи Ҷумҳурии исломӣ буд, ки дар як филми мустанад гуфт, Эрон қатли чанд чеҳраи саршиноси тоҷик дар солҳои навадум, аз ҷумла Сафаралӣ Кенҷаев, раиси собиқи Шӯрои олӣ ва раҳбари пешини ҳизби сотсиалистиро сармоягузорӣ карда буд. Эрон ин иттиҳомотро бепояву асос хонда, барои "беҳбуди ҳамкориҳо бо кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг" изҳори умедворӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG