Ҳамзамон бо наслкушии яҳудиён аз сӯи Ҳитлер, афроде бо ба хатар андохтани ҷони худ, зиндагии афроди дигарро наҷот доданд. Дар Бруссел -- пойтахти Белгия бо баргузории намоишгоҳе, бо номи "Дурусткорон" ёди ин афродро гиромӣ дошта шудааст. Аксари касоне, ки дар ин намоишгоҳ аз онҳо ном бурда шудааст, шахсиятҳои камтар шинохташуда, мусалмон ва аз Ховари Миёна ҳастанд. Дар миёни наҷотдиҳандагони шаҳрвандони яҳудӣ, номи Абдулҳусайн Сардорӣ, дипломат эронӣ ва масъули умури консулии Эрон дар Порис дар солҳои 1940 ба чашм мехӯрад. Бар асоси таҳқиқоти анҷомшуда, ин дипломати эронӣ тавонистаст аз фиристодани каму беш аз 2000 шаҳрванди яҳудӣ ба сӯи курраҳои одамсӯзӣ пешгирӣ кунад ва зиндагии наве барои онҳо ҳадя намояд.
Дипломати эроние, ки 2 ҳазор яҳудиро наҷот дод

1
Абдулҳусайн Сардорӣ, дипломати эронӣ ва масъули умури консулии Эрон дар солҳои 1940.

2

3

4
Бахшҳо
- Тоҷикистон
- Ҷаҳон
- Сиёсат
- Иқтисод
- Ҷавонон
- Фарҳанг
- Ҳамватан
- Варзиш
- Видео
- Блогистон
- Осиёи Марказӣ
- Ҷомeа
- Гузоришҳои радиоӣ
- Ҳодиса
- Назарҳо ва боварҳо
- Озодӣ Онлайн
- Баъд аз гузориши Озодӣ
- Гапи Озод
- Салом, хоҳар
- Рӯзгори муҳоҷир