Пайвандҳои дастрасӣ

Нархи нирӯи барқ дар Тоҷикистон боло рафт. САДО


Дар Тоҷикистон нархи истифода аз нирӯи барқ боло рафта, як киловат соати он ба тақрибан 20 дирам баробар шуд.

Қарори афзоиши нархи нирӯи барқ рӯзи 25-уми сентябр аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон содир шудааст. Бар асоси ин санад, ки рӯзи 2-юми октябр дастраси Радиои Озодӣ гардид, аҳолии Тоҷикистон аз якуми ноябр барои ҳар киловат соат нерӯи барқ 19,37 дирам пардохт хоҳанд кард. То ин вақт ҳар киловат соат нерӯи барқ барои аҳолӣ 16,85 дирам арзиш дошт.

лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:58 0:00
Линки мустақим

Вақте нархи барқ қимат мешавад, одамони нафақахӯр чӣ хел зиндагиро пеш мебаранд? Тоҷикистон пур аз об аст, нерӯгоҳҳои обӣ бисёр мешавад, набояд нарх ин хел қимат бошад

Болоравии қимати барқ нигаронии бархе аз сокинонро ба бор овардааст. Онҳо мегӯянд, бе ин ҳам нархи нирӯи барқ дар кишвар баланд аст ва пардохти ҳармоҳаи он мушкил пеш меорад. Аммо баъзе мақомҳои ширкати "Барқи тоҷик" мегӯянд, нархи барқ дар Тоҷикистон дар муқоиса ба кишварҳои минтақа поинтарин аст.

Ба ҷуз аз ТАЛКО ва Комбинати металлургӣ

Бар асоси қарори ҳукумат, аз 1-уми ноябр ба истиснои ТАЛКО нархи барқ барои корхона ва муассисаҳои дигари кишвар низ боло меравад. Инчунин, корхонаи "Комбинати металлургии Тоҷикистон" барқро аз 1 май то 30 сентябр бо нархи имтиёзноки 8,28 дирам дарёфт мекунад. Арзиши ҳар киловат соат нерӯи барқ барои боқии корхонаҳои кишвар 47,13 дирам муқаррар шудааст.

Корхонаҳои соҳаи буҷетӣ, иншооти варзишӣ, нақлиёти барқӣ минбаъд чун аҳолӣ барои ҳар киловат соати барқ 19,37 пардохт мекунанд.

"Аз ҳама барқи арзон - дар Тоҷикистон"?

Мақомоти ширкати “Барқи тоҷик” то ба ҳол сабаби гароншавии нархи нирӯи барқро расман шарҳ надодаанд. Як мақоми ин ширкат рӯзи 2-юми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе иттилоъ хоҳанд дод.

Аммо ин масъули "Барқи тоҷик" гуфт, ҳоло ҳам қимати барқ дар Тоҷикистон арзонтарин дар минтақа мебошад ва аз сокинон хост, "бояд то якуми ноябр қарзи худро аз истифодаи нерӯи барқ пурра пардохт кунанд, то баъдан баҳсҳо ба миён наояд."

"Нархро баланд карданд, барқро хомӯш накунанд"

​Болоравии арзиши барқ аз ҳоло бархе сокинонро нигарон кардааст. Сафар Қурбонов, сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, ҳар моҳ аз 70 то 100 сомонӣ пули барқро месупорад, ки бе ин ҳам барояш вазнин будааст. Барои Қурбонови нафақахӯр норӯшан аст, ки чаро дар Тоҷикистон шумори нерӯгоҳҳо зиёд мешавад, аммо ҳамчунон нархи барқ поён намешавад.

"Вақте нархи барқ қимат мешавад, одамони нафақахӯр чӣ хел зиндагиро пеш мебаранд? Тоҷикистон пур аз об аст, нерӯгоҳҳои обӣ бисёр мешавад, набояд нарх ин хел қимат бошад. Нархи барқ бояд арзонтар ва ба кисаи мардум мувофиқ карда шавад", - гуфт ин сокини Душанбе.

Аммо болоравии нарх ягона мушкили сокинон дар ин шабу рӯз бо барқ нест. Сокинон мегӯянд, қариб ду ҳафта мешавад, ки барқро тариқи реҷа ё лимит мегиранд. Ҳарчанд мақомоти “Барқи тоҷик” расман вуҷуди лимитро дар кишвар рад мекунанд ва мегӯянд, қатъ шудани барқ бо анҷоми корҳои “профилактикӣ” рабт дорад.

Азиза Холова, сокини шаҳри Ҳисор як ҳафта аст, ки ба манзили душанбегиаш кӯчидааст. Мегӯяд, хомӯш кардани барқ барояш дар Ҳисор мушкили зиёд эҷод кард ва маҷбур шуд, ба пойтахт биояд. "Ваъда доданд, ки барқ 16 дирам шавад, лимит дигар намешавад. Мо ҳамин қадар хурсанд шудем, ки дигар барқкушӣ намешавад, аммо боз ҳам аҳвол мисли пешина аст", - гуфт ин сокини Ҳисор.

Шикоятҳо аз хомӯш кардани барқ ин шабу рӯз тақрибан аз ҳама минтақаҳои Тоҷикистон ба истиснои Бадахшон ба мо мерасад. Сокинони манотиқ мегӯянд, дар шабонарӯз аз 8 то 15 соат барқ мегиранд.

​Дар як соли охир бори дувум аст, ки нархи нерӯи барқ боло меравад. Соли гузашта дар остонаи болоравии нархи барқ мақомоти ширкати "Барқи тоҷик" гуфта буданд, ки афзоиши тадриҷии нарх ҳарфи нав нест ва дар чаҳорчӯби барномаи куллии системаи энергетикии кишвар сурат мегирад.

Бинои ширкати "Барқи тоҷик"
Бинои ширкати "Барқи тоҷик"

Қаблан Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” далели боло бурдани қимати нерӯи барқро “ба хароҷоти нигаҳдории системаи энергетикии кишвар” марбут дониста буд, ки ба гуфтаи ӯ ба пули бештар ниёз дорад.

Пештар аз он Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар як барнома, ки барои се соли оянда таҳия шудааст, гуфт, нархи нерӯи барқ барои аҳолӣ дар соли 2020 ба беш аз 20 дирам хоҳад расид. Боло бурдани нархи нерӯи барқ яке аз тавсияҳои ҳамешагии созмонҳои байналмиллалӣ ба мисли Бонки Ҷаҳонӣ аст. Ин маблағ барои нигаҳдошт ва тармими шабакаҳои барқрасонӣ равона мешавад.​

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG