Пайвандҳои дастрасӣ

Батареяҳои офтобии нав. Кашфиёти олими ҷавони тоҷик дар Канада


Маҷаллаи машҳури илмии Nature energy як мақолаи олими ҷавони тоҷик Мақсуд Саидаминовро нашр кардааст. Ин нахустин мақолаи илмии як олими тоҷик аст, ки дар ин маҷаллаи маъруфи илмӣ ба нашр мерасад.

Аз Исфара то Маскав ва то Торонто

Саидаминов 30 сол дорад ва айни замон дар Донишгоҳи Торонтои Канада машғули пажӯҳиш аст. Мақолаи илмии ӯ марбут ба усулҳои навини ҳифзи панелҳои офтобӣ аз зиёни табиат аст.

Мақсуд Саидаминов мегӯяд, ки Тоҷикистон аз як манбаи энержӣ набояд вобаста бошад, якчанд сарчашмаи энежияро истифода кунад ва ин аз нигоҳи амнияти энержӣ хуб аст.

Мақсуд Саидаминов, рӯзи 16-уми август аз шаҳри Торонтои Канада бо Радиои Озодӣ суҳбат мекард ва нахуст аз ӯ пурсидем, ки чӣ гуна ба донишгоҳи Торонто, ки беҳтарин донишгоҳи Канада эътироф шудааст, роҳ ёфт?

Мақсуд Саидаминов: Шодравон падарам Исматбой Саидаминов, профессор, олими соҳаи техникӣ буданд. Дар Душанбе ба дунё омадаам, вале баъдан оилаи мо ба шаҳри Исфара кӯчид. Баъдан дар литсейи рақами №1 шаҳри Исфара, ки бо номи устодам Абдулазиз Азизов машҳур аст, таҳсил кардам.

Ҳангоми таҳсил дар олимпиадаи ба номи Менделеев ғолиб омадам ва бо ҳамин шомили факултаи химияи Донишгоҳи давлатии Маскав шудам. Пас аз хатми ин донишгоҳ ба аспирантура дохил шуда, онро ҳам хатм кардам. Соли 2013 аз Донишггоҳи технологии Шоҳ Абдуллоҳ дар Арабистони Саъудӣ маро барои таҳсил ва пешбурди тадқиқот дар давраи постдокторантура даъват карданд. Вазифаи ман дар ин донишгоҳ пеш бурдани тадқиқоти худам ва ёрӣ расонидан ба унвонҷӯён буд.

Дар конфроснҳои илмӣ ширкат мекардам ва дар яке аз чунин конфронсҳо бо Тед Сарҷент, ноиби президенти донишгоҳи Торонто ҳамсӯҳбат шудам. Он кас маро ба гурӯҳи тадқиқотии худ даъват карданд ва айни замон ман зери роҳбарии он кас кор мекунам.

Пешгирӣ аз зуд вайрон шудани батареяҳои офтобӣ

Радиои Озодӣ: Шумо ба таҳқиқи панелҳои офтобӣ машғул ҳастед. Бигӯед, ки кашфиёти шумо дар ин робита аз иборат аст?

Мақсуд Саидаминов: Самти кори илмии ман вобаста ба панелҳои офтобӣ аст, ки аз нерӯи офтоб барқ истеҳсол мекунанд. Як мушкили ин батареяҳои перовскит (панелҳои офтобӣ) аз он иборат аст, ки мӯҳлати истифодаашон чандон зиёд нест ва тез аз кор мебароянд. Як ҳадафи асосии тадқиқоти ман дар Донишгоҳи Торонто ин буд, ки сабаби зуд вайрон шудани ин батареяҳоро пайдо кунем. Панелҳои офтобӣ асосан аз кристали перовскит сохта мешаванд, вале проблема дар он аст, ки дар муддати кӯтоҳи вақт он вайрон мешавад.

Сабабшро ҳам пайдо кардем. Асли мушкил дар он будааст, ки дар кристали перовскит вакансия, яъне ҷойи холи мавҷуд будааст. Ин ҷои холӣ оксигенро ба худ ҷазб мекунад ва оксиген бо перовскит ба реаксия даромада, ин кристаллро аз дохил вайрон мекунад. Дар натиҷа батареяҳои офтобӣ вайрон мешаванд.

Хулосаи бозёфти моро агар бо забони оддӣ фаҳмонем, ин аст, ки агар ҳамин ҷойҳои холиро бо атомҳои хурди сезий, кадмий, синк пур кунем, батареяҳои офтобӣ аз зиёни таъсири муҳити атроф, намӣ, сардиву гармӣ эмин монда, муҳлати истифодааш ҳазорҳо соат бештар мешавад.

Чаро Мақсуд ба мавзӯи панелҳои офтобӣ рӯй овард?

Радиои Озодӣ: Мақсуд чаро шумо маҳз ба мавзӯи панелҳои офтобӣ рӯ овардед?

Мақсуд Саидаминов: Таваҷҷӯҳи ман ба энержии сабз, ки бидуни олуда кардани фазо ба даст меояд, зери таъсири таълимоти падарам бедор шуд. Падарам профессор Исматбой Саидаминов ҳам олими соҳаи илмҳои техникӣ, аммо солҳои охир ба омӯзиши мушкили хушкшавии баҳри Арал машғул буданд.

Аз ин рӯ ман ҳам ба проблемаҳои зистмуҳитӣ таваҷҷуҳ пайдо кардам. Замини мо якто аст ва агар мо борои истеҳсоли нерӯи барқ сӯзонидани ангишту нафтро идома диҳем, фазо олуда мешавад. Яке аз воситаҳои ба даст овардани барқ, ин нерӯи офтоб аст ва ҳар рӯз офтоб ба замин ин қадар энергияе медиҳад, ба ҳама кифоя аст.

Радиои Озодӣ: Муттахасион мегӯянд, ки батареяҳои офтобӣ нархи хеле гарон доранд ва на ҳама ҳозиранд онро харидорӣ кунанд ...

Мақсуд Саидаминов: Бале, ин проблема вуҷуд дорад. Нархи батареяҳои офтобӣ тақрибан ба қиммати 5-солаи истифодаи нерӯи барқи як хонавода баробар аст. Ва харидор ба якборагӣ бояд ин пулро пардохт карда, батареяи офтобӣ харад ва на ҳама ҳозир ҳастанд онро харидорӣ кунанд. Аммо дар кишварҳои пешрафта, ба мисли Олмон ва Амрико бо кӯмаки давлат оилаҳо ин батареяҳоро мехаранд дар муддати 5 сол он пули худашро мебарорад ва баъдан барқе, ки он истеҳсол мекунад, барои хонавода ройгон мешавад.

Тоҷикистон ва имконияти истеҳсоли нерӯи барқ аз офтоб

Радиои Озодӣ: Тоҷикистон чӣ, то чӣ ҳад кишвар имконияти истеҳсоли нерӯи барқ аз офтобро дорад?

Намое аз шаҳри Торонто.
Намое аз шаҳри Торонто.

Мақсуд Саидаминов: Тоҷикистон потенсиали бузург барои истеҳсоли барқ аз энергияи офтобро дорад, чун дар мо рӯзҳои офтобӣ зиёд ҳастанд. Ҳоло Тоҷикистон ба рушди нерӯгоҳои обӣ тамаркуз кардааст ва ин бисёр хуб аст, чун мо чунин имконият дорем. Аз сӯи дигар, барқе, ки аз нерӯгоҳҳои обӣ истеҳсол мешавад, “энержии сабз” аст ва аз нигоҳи экологӣ зиёд аст. Вале як чизро бояд гуфт, ки кишвар аз як манбаи энергия набояд вобаста бошад, якчанд сарчашмаи энергияро истифода кунад, аз нигоҳи амнияти энергетикӣ хуб аст.

Радиои Озодӣ: Ҳоло шумо бо аҳли оилаатон дар Торонто зиндагӣ мекунед?

Мақсуд Саидаминов: Бале ман ҳамроҳи завҷаам Нозанин ва писарам Амирҷон дар ин ҷо зиндагӣ мекунем. Як ҷамъияти тоҷикон низ ҳаст дар ин шаҳр, ки тақрибан 100 нафаранд. Гоҳ-гоҳ бо ҳам во мехӯрем, палов пухта мехӯрем.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG