Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиёни беш аз фоидаи лампаҳои каммасраф. ВИДЕО


Кормандони Корхонаи давлатии манзилу коммуналии Тоҷикистон ҳар як дона лампаи корношоями каммасрафро бо қиммати 68 дирам харидорӣ мекунанд, зеро зарари симоби ин гуна фурӯзанакҳо барои саломатии инсон ва муҳити зист сахт хатарнок мебошад.

Дар як соли ахир ин корхона 423 ҳазор чунин фурӯзанакҳои корношоямро ҷамъоварӣ кардааст. Вале дар партовгоҳҳои шаҳр миқдори зиёде аз чунин фурӯзонакҳо ба назар мерасанд, ки сокинон партофтаанд.

Намедонем чароғҳои заҳрнокро куҷо партоем
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:06 0:00

Дар Тоҷикистон омори дақиқи воридоти лампаҳои каммасраф ва дар корхонаҳои дохилӣ истеҳсолшудаву адади корношоямгаштаи он вуҷуд надорад. Тоҷикистон соли 2009 ба истифодаи лампаҳои каммасраф дар ивази лампаҳои ба истилоҳ “ильичӣ” гузашт.

Алимурод Исломзода, раиси Корхонаи давлатии манзилу коммуналӣ рӯзи 12-уми феврал зимни нишасти хабарӣ бо нигаронӣ аз таъсири ин лампаҳо ба саломатии сокинон ва муҳити зист гуфт, ки ҳоло корхонаи онҳо ҳар дона лампаи корношоямро аз аҳолӣ бо нархи 68 дирам харидорӣ мекунад. Ба гуфтаи вай, ахиран 422,3 ҳазор лампаҳои корношоями каммасрафро аз сокинон ҷамъоварӣ кардаанд.

Ба эътиқоди ҷаноби Исломзода, яке аз сабабҳои харидорӣ шудани чунин фурӯзонакҳои корношоям, дар зарарнок будани он ба саломатии инсон ва муҳити зист марбут будааст. Вай гуфт: "Мутахассисон собит кардаанд, ки симоби дохили ин фурӯзонакҳо тақрибан як ҳазор сол дар табиат боқӣ мемонад. Симоб фулузи моеъ аст ва он дар фановариҳои ҷадид истифода мешавад. Ба ин далел, мо водор шудаем, ки чунин фурӯзонакҳои корношоямро ҳатто аз аҳолӣ харидорӣ кунем".

Алимурод Исломзода.
Алимурод Исломзода.

Алимурод Исломзода бо изҳори таассуф афзуд, ки ҳарчанд истифодаи танҳо фурӯзонакҳои каммасраф аз соли 2009 ба ин сӯ дар Тоҷикистон ҳатмӣ шудааст, вале то ҳол дар кишвар корхонаи коркарди чунин фурӯзонакҳои корношоям бунёд нагардидааст. Ин аст, ки ба гуфтаи вай, онҳо қасд доранд чунин корхонаҳои коркардро дар се шаҳри бузурги Тоҷикистон бунёд созанд, аммо дар ҷустуҷӯи сармоягузори хориҷӣ мебошанд. То замони бунёди корхонаҳои коркарди лампаҳои каммасраф, фурӯзонакҳои корношоями каммасраф дар контейнерҳои амн нигаҳдорӣ мешаванд.

Мақомоти тоҷик аз соли 2009 ваъда медиҳанд, ки чунин корхонаҳо сохта мешаванд, вале то ҳол бештаре аз сокинон фурӯзонакҳои корношоямшудаи худро ба партовгоҳҳо мебаранд. Сӯҳбати сарироҳӣ бо сокинони шаҳри Душанбе низ собит кард, ки бештаре аз сокинони пойтахти Тоҷикистон бидуни андешае чунин фурӯзонакҳоро ба қуттиҳои партов меандозанд.

Парвиз Гулов, донишҷӯи бахши ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки манзилашон бузург аст ва ҳамасола то 15 дона аз чунин фурӯзонакҳо корношоям мешаванд. Ӯ мегӯяд, ки хонаи онҳо калон аст ва ҳар сол бо камиаш 15-20 дона аз чунин фурӯзонакҳо корношоям мешаванд ва онро ба партовгоҳҳо мепартоянд.

Аммо Шамсиддин Алиев, сокини дигари шаҳри Душанбе гуфт, ки партофтани чунин фурӯзонакҳо ба будҷаи хонаводааш зарар меоварад, зеро, "ҳар як донаи фурӯзонаки корношоямшудаи каммасрафро ман ба бозори “Султони Кабир” мебарам ва дар мағозаҳои он ҷо ба фурӯзонаки нав бо ними арзишаш иваз мекунам. Хонаи мо се ҳуҷра дорад ва соле чанд донаи ин фурӯзонакро дар бозор ба наваш иваз мекунам."

Заррина Содиқова, пизишки тоҷик 12-уми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки бидуни коркарди чунин фурӯзонакҳои каммасраф таъсири манфии онҳо ба саломатии инсон ва муҳити зист хеле бузург аст. Ба гуфтаи ин пизишк, симоби дохили ин фурӯзонакҳо метавонад омили барангехтани бемориҳои сангине ба мисли саратони мағзу устухон ва бемориҳои қалб дар инсон бошад.

Хонум Содиқова дар ин бора гуфт: "Маъмулан вуҷуди симобе, ки дар тавлиди чунин фурӯзонакҳо истифода мешавад, метавонад боиси бемориҳои модарзодӣ шуда, аз модар ба кӯдаки дар батнаш буда сироят кунад. Бухори симоб метавонад инсонро ба бемориҳои ғадудӣ ва бофтаҳои ҷисми одам гирифтор созад. Сокинонро зарур аст аз вуҷуди симоб дар хонаҳои худ парҳез кунанд. Аммо фурӯзонакҳои шикаста дар назди манзили онҳо чунин хатарро бештар месозад."

Дар Тоҷикистон омори дақиқи воридоти лампаҳои каммасраф ва дар корхонаҳои дохилӣ истеҳсолшудаву адади корношоямгаштаи он вуҷуд надорад. Тоҷикистон соли 2009 ба истифодаи лампаҳои каммасраф дар ивази лампаҳои ба истилоҳ “иличӣ” гузашт. Ҳадафи ин иқдом, ҷилавгирӣ аз масрафи неруи барқ дар кишвар аст. Зеро тибқи арзёбии мутахасссисон, Тоҷикистон дар фасли тирамоҳ ва зимистон ба камбуди беш аз 3 миллиард киловат соат неруи барқ ру ба рӯ аст. Ҳарчанд солҳои гузашта дар ин фаслҳо, яъне ба муддати шаш моҳ лимит ё маҳдудияти интиқоли неруи барқ ба сокинон роҳандозӣ мешуд, аммо имсол ин маҳдудият комилан каз байн бардошта шуд.

Як сабаби аз байн бурдани лимити барқ низ истифодаи босамари лампаҳои каммасраф дар кишвар унвон мешавад. Ба бозорҳои Тоҷикистон лампаҳои каммасраф умдатан аз Чину Русия ва Эрон ворид мешавад. Чанд сол қабл нахустин корхонаи тавлиди фурӯзонакҳои каммасраф дар вилояти Суғд фаъол шуд, вале сокинон ба фурӯзонакҳои сохти хориҷӣ авлавият медиҳанд.

Ҳарчанд ҳоло низ дар бозорҳои кишвар бархе аз фурӯшандаҳо ба мизоҷон фурӯзонакҳои маъмулии пешинро пешниҳод мекунанд, ки аз тариқи қочоқ вориди Тоҷикистон шудааст. Зеро, аз соли 2009 мақомоти тоҷик воридоти чунин фурӯзонакҳоро ба хотири сарфаи нерӯи барқ манъ кардаанд.

XS
SM
MD
LG