Дар вилояти Суғд шиносномаи экологии ин минтақа таҳия шудааст, ки ҳадафи он ҷалби бештари сармоягузорон ва сайёҳон гуфта мешавад. Шиносномаи экологӣ маҷмӯи санадҳоест, ки сармоягузорон ва ҷаҳонгардонро бо вазъи вазъи муҳити зист, захираҳои табиӣ ва имконоти баҳрабардорӣ, гунҷоиши экологӣ ё маҳдудиятҳо ошно месозад.
Аъзам Бобоҷонзода, сардори раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар нишасти хабарии ин ниҳод рӯзи 26-уми январ дар ин бора афзуд: “То ҳол шиносномаи экологии 7 шаҳру ноҳияи Суғдро таҳия кардем. Шиносномаи вилоят ва 11 шаҳру ноҳияҳои боқимондаро низ таҳия карда истодаем, умедворем то охири моҳи март ба анҷом мерасад. Шиносномаи экологии Суғд ба 3 забон: тоҷикиву русӣ ва англисӣ таҳия мешавад. Он ба меҳмононе, ки аз кишварҳои хориҷӣ ба хотири роҳандозии ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, сармоягузорӣ ва рушди сайёҳӣ меоянд, пешниҳод хоҳад шуд.”
Таҳияи шиносномаи экологии вилояти Суғд дар ҳолест, ки ин минтақаи Тоҷикистон бо чанд мушкилоти умдаи зистмуҳитӣ, аз ҷумла поккории ҳавзаи обанбори Қайроқум ва рӯди Сир аз ифлосшавии соҳилҳову замин, безараргардонии пасмондаҳои сахти маишӣ, ба навбати аввал - лампаҳои каммасраф ва халтаву зарфҳои селофанию пластикии корношоямгашта ва партовгоҳҳҳои дорои маводди радиоактив, рӯбарӯ аст.
Ба гуфтаи мутахассисони идораи ҳифзи муҳити зист, бартараф накардани ин мушкил ва ба ҳоли худ гузоштани вазъи экологӣ, ба сиҳатии сокинони Суғд ва олами ҳайвоноту набототи минтақа зарар мерасонад. Онҳо мегӯянд, ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли бархе ин мушкил талош дорад. Вале рӯйпӯш кардани партовгоҳҳои радиатсионии боз дар мавзеи Деҳмойи канори Хуҷанд ва шаҳри Табошар, ки маблағҳои ҳангуфт мехоҳад, бо сармоягузории хориҷӣ имконпазир аст.
Аксияи 10-рӯза ва амборҳои пур аз лампаҳои каммасраф
Соли 2014 дар тӯли даҳ рӯзи баргузории аксияи “Интихоби ман - муҳити тоза” сокинон 36 ҳазор лампаи каммасрфаи корношоямро ба идораи ҳифзи муҳити зист супурданд. Аз он ки амборҳои махсуси хоҷагиҳои манзилию коммуналии шаҳр ноҳияҳо дигар гунҷоиши лампаҳои сӯхтаи дорои симобро надоштанд, дигар ҷамъоварии ин гуна лампа аз аҳолӣ қатъ карда шудааст.
Ба гуфтаи Аъзам Бобоҷонзода, сардори раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, ҳоло бо мувофиқа бо ҳукумати ҷумҳурӣ як дастгоҳи безарарсозии лампаҳои каммасраф, ки моҳи равон дар Душанбе ба кор андохтаву таҷриба кардаанд, барои вилояти Суғд низ харидорӣ ва насб хоҳад шуд. Онгоҳ қабули лампаҳои каммасраф низ аз сар гирифта хоҳад шуд.
Дар Тоҷикистон аз 6-7 сол қабл ба ин сӯ ба хотири сарфаи нерӯи барқ лампаи каммасраф ба ҷои лампаи оддӣ ба истифода даромадааст. Бино ба иттилои манобеи ғайрирасмӣ, ҳамасола ҳудуди 100 ҳазор дона чунин лампа корношоям мегардад. Вале дар аксари кулли манотиқи кишвар, ба ҷуз Душанбе нуқтаҳои қабули лампаҳои корношоям вуҷуд надорад ва бархе сокинон онро ба партовгоҳҳои умумӣ мепартоянд.
Мутахассисони муҳити зист ва беҳдошт ҳушдор медиҳанд, ки дар таркиби лампаҳои каммасраф миқдоре симоб ҳаст ва ба партовгоҳҳои умумӣ сарозер шудани он, ба муҳити зист ва сиҳатии одамон зиён мерасонад. Барномаи ҳукумати Тоҷикистон аз моҳи марти соли 2011 ҷамъварии ин гуна лампаҳоро аз сокинон “бо роҳи ҳавасмандгардонӣ” ва коркарди дубораи онро пешбинӣ мекунад. Вале то ҳол ин барнома пурра ба иҷро надаромадааст.
Мутахассисони муҳити зист дар вилояти Суғд сохтани пойгоҳи нави ҷамъоварии оби пасмонда ва тоза кардани соҳилҳои “Баҳри Тоҷик”, рӯди Сир ва наҳрҳои канори онҳоро аз қамишзорҳоро низ аз умдатарин корҳое меноманд, ки бояд бетаъхир ба анҷом расонида шаванд. Зеро қамишзорҳои соҳилҳо аз замони шӯравӣ решакан нашуда, ба манобеи зист ва афзоиши пашшаҳои нешзан табдил ёфтаанд, ки ҳар гуна бемориҳоҳои гузарандаро байни сокинон паҳн мекунанд.
Офарин Устод, падарро рози ва коне кунондед, ин хизмати аз хама бузург хаст. Номи шумо дар санати модерни Точик абади мемонад. Ба Шумо сихати мехохем. Агар мемондед, ду фарзанд дар ватан ба ин хел комебихо ноил намешуданд, шахри санати шумо ба як чои дур аз санат ва мемори табдил гашту, кадри ахли хунар дар сатхи замин.
Шумо радиои озоди не як игвогарен.ман дар бораи миллатчи будани соршанбеву бисёри помириҳо навистам нашр накардан.дтгар ягон чизтон наменависам.одамонро мефаҳмонад,ки шумо чи хели радиоен. Шумо аврупои шудед занҳои моро ҳам худатон барин кардани.ман дидам чанд барноматонро.бовари нест ку шумо.
Тоҷикистон чаро худаш телефон, холодилник, телевизор, асбобҳои рӯзгори барқи, чойник, пиёла, носки ва дигару дигар маҳсулотҳоро истеҳсол намекунад? Охир ҳамаи ин чизҳоро ва ҳазорон намуди дигар маҳсулоту маснуотро дар давраи СССР дар ин ҷо истеҳсол мекарданд. Кани пойафзолу куртаҳои МЕЙД ИН ТАҶИКИСТАН? Ҳайфи асри 21 барои баъзе қавму қалогҳо.
Аз ҳама мардуми ботаҳаммул тоҷиконанд. Зиёда аз 2 ним ҳазор километри мукаабро (масоҳати Лихтенштейн)ба Хитой додем касе чизе нагуфт. Даҳҳо ҳазор гектарро дар Суғд Қирғизҳо ғасб намуданд, тоқат кардем. Ин қарақолпакҳо барои тағири чор калима дар Конститутсия маҳшар барпо карданд. Бохирад будан даркор, бохирад. Мардуми оддӣ ба сиёсат дахолат накунед. Ҳукумат худаш медонад чӣ кор кунад.
Шармандагӣ аз ин намегузарад. Ин ақидаи (участковий) мебуд фаҳмо мебуд чунки ӯ фармонбардор аст...