Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Партобгоҳҳои радиоактивии фаромӯшуда


Деҳаи Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар 5 километрии партовгоҳи радиоактивӣ қарор дорад ва муттахассион аз зиёнҳои марговари ин партовгоҳ медиҳанд, вале сокинони ин минтақа тоҳанӯз хона месозанду, боғ сабз мекунанд.

Сӯҳроб Раҳимов яке аз ҷавонон деҳаи мазкур мегуяд, ин партовгоҳ беназорат аст ва ғолибан ҷавонон ба хотири ҷамъовари ва фурӯши оҳанпораҳо ба ин партобгоҳ мераванд. Худи Сӯҳроб ҳам чандин бор бо ин роҳ маблағ ба даст овардааст: “ Ман борҳо мушоҳида кардаам ки баъзе вақтҳо ҳатто 10 - 12 нафар бачаҳо ба кофтукови оҳанпораҳои партобгоҳ машғул мешаванд. Онҳо то ҳол намедонанд ки гаштугузори саҳни партобгоҳ ба саломатиашон бештар зарар мерасонад”.

Радиатсия ба саломатии мардум асар кардааст

Қаблан ин партовгоҳро кӯли сунъии хурде аз деҳоти атрофаш ҷудо мекард, вале ҳоло оби ин кӯл хушкидааст ва сокинони атрофи ин маҳал бе мушкилӣ вориди партобгоҳ мешавнду ҷавонон ҳатто дар ин маҳал ба варзишу бозӣ машғул мешаванд ва барои сокинон ин мвзеъ ҷои чорвочаронӣ ҳам ҳаст.

Ин ҳам дар ҳоле, ки соикнони ҷамоъати Ғозиён мегӯянд, ҳама асарҳои манфии ин партобгоҳро худ эҳсос мекунанд ва тамоми мушкилоти хешро онҳо ба партовгоҳ рабт медиҳанд. Яҳё Миркамолов сокини деҳаи Ғозиён мегуяд, ба ҳангоми вазидани шамол чангу ғубор аз он макон бархеста ҳамаҷоро олуда мекунад.

Солҳои охир назорати ин гуна партобгоҳҳо коста шудаанд. Ба таъкиди сокинони ин маҳал сафи бемориҳои сироятӣ ҳам афзудааст.

Дилбар Бобоҷонова, духтури амрози бачагона дар бемористони касалиҳои сироятии Хуҷанд мегӯяд, ки солҳои охир хуруҷи касалиҳои сироятӣ дар мисоли зардпарвин, миёни наврасон бештар ба назар мерасад. Хонум Бобоҷонова мегӯяд, мутаасифона, мавҷудияти партовгоҳҳои радиоактивӣ вазъи экологиро дар минтақа шадид ва ҳолатҳои гирифторшавӣ ба маризиҳои мухталифро бештар мекунад. Ӯ мегуяд: “Аз таъсири мавҷудияти ин гуна партобгоҳҳо фаъолияти кории организм суст гардида, дар натиҷа, гирифтории сокинон ба касалиҳои сироятӣ бештар мегардад”.


Бар тибқи омори расмии саратоншиносии вилояти Суғд дар соли 2009 ҳудудан 160 нафар наврасони дучори ин маризӣ бистарӣ шудаанд, ки аз миёни онҳо як ҳодисаи фавт ҳам ба қайд гирифта шудааст.

Вале Умеда Сулаймонова кормонди иттиҳодияи ҷамъиятии «Ҷавонон оид ба муҳити атроф» дар Хуҷанд бо такя ба иттилои расмӣ мегӯяд, ки гирифторони бештари ин маризӣ дар минтақаи Табошар ба қайд гирифта шудаанд.

Партовгоҳҳои радиоактивӣ дар вилояти Суғд дар натиҷаи коркарди конҳои уран ба вуҷуд омадаанд. Дар маҷмӯъ, дар вилояти Суғд, 10 партовгоҳи радиоактивӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар 180 ҳектор замин, наздики 550 милион тон чунин пасмондаҳои маводи радиоактивӣ хобидаанд.

Аммо ҳоло Тоҷикистон ба далели надоштани техникаи зарурӣ наметавонад ин заминҳои радиоактивиро поккорӣ ё безарар кунад, мегӯяд.

Нӯъмон Ҳакимов сардори бахши амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Тоҷикистон дар вилояти Суғд мегӯяд: “Пурра безарар гардонидани ин обектҳо маблағи зиёдро талаб мекунад. Ҳам буҷаи Тоҷикистон ва ҳам корхонаи Востокредмет чунин қудрат надорад”.

Мизони радиатсия

Ҳотам Муртазоев ходими илмии пешбар дар Оҷонси мазкур мегӯяд, таъсири радиатсия дар макони партовгоҳҳо дар қаламрави вилояти Суғд ба 200 микрорентген дар як соат мерасад, ки он ба вазъи солимии сокинон таъсири манфӣ хоҳад гузошт.

Феълан коршиносонро ҳодисаҳои дуздӣ дар манбаъҳои уран ба ташвиш овардааст. Дар ин макон маводҳои сохмонӣ чун оҳанпораҳо, ки қаблан истифода мешуданд, зиёд аст. Ҳотам Муртазоев мегӯяд, ин оҳанпораҳо ба бозор роҳ ёфта, умдатан барои сохтмони манзилҳо истифода мешаванд, ки ин мушкилиҳои зиёдро ба бор меорад: “Дар ҳолати аз саҳар то бегоҳ дар чунин маҳал, ки он вақт радиатсия ба 200 микрорентген баробар шудааст, кору фаъолият кунанд ё сангу оҳанпораҳоро барои тарҳи сохтмони манзилашон истифода баранд, як умр зарар диданашон аз эҳтимол дур нест”.

Дар вилояти Суғд боз ноҳияҳои дигаре низ ҳастанд, ки дар назди партовгоҳои радиоактивӣ қарор гирифтаанд. Кӯчонидани аҳолӣ аз минтақаҳои мазкур ва ё безарар кардани партобгоҳҳои уран дар кишвар маблағи гаронро тақозо мекунад.
XS
SM
MD
LG