Кумиссиюни экологии порлумони Тоҷикистон аз кишварҳои ҳамсоя ва ҷомеаи ҷаҳонӣ барои пӯшонидани қабати болоии партовгоҳҳои Табошар, ки 50 миллион тонна партови хатарноки радиоактив дар он маҳфуз аст, кӯмак хост.
Ду партовгоҳи маводи радиоактив, яке дар Табошари Тоҷикистон ва дигаре дар Каҷи Сойи Қирғизистон аз хатарзотарин партовгоҳҳо унвон шудаанд. Рустам Латифов, раиси Кумиссиюни экологии порлумони Тоҷикистон мегӯяд, масъалаи хатари калонтарин паровгоҳи радиоактив, ки аз замони Шӯравӣ мерос мондааст, дар як нишаст бо иштироки вазорату ниҳодҳои муҳити зисти кишвар баррасӣ шуд.
"Тоҷикистон дар танҳоӣ наметавонад гӯрхонаи радиоактвиии Табошарро, ки рӯяш кушодааст, пурра пӯшонад. Танҳо аз Узбакистон дар даврони Шӯравӣ 20 миллион тонна партовгоҳи радиоактив оварда шуда дар ҳаминҷо гӯр карда шудааст. Мо аз ин кишварҳои ҳамсоя ва ҳам аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кардем, ки дар амри бехатар гардонӣ ва бо хок пӯшонидани партовгоҳ кӯмаки фаннӣ расонанд. Як дастгоҳи техникӣ барои пӯшонидани партовгоҳ аз 500 ҳазор то 1 миллион доллар арзиш дорад",-гуфт ҷаноби Латифов.
Партовгоҳи Табошар ба фарқ аз 8 партовгоҳҳои дигар дар вилояти Суғд дар мавзеи баландтеппа қарор дошта ва маводи радиоактив бо вазидани шамол хоку чанги олуда ба атроф паҳн мешавад. Рустоҳои "Табошари кӯҳна" ва "Сомонӣ" бо аҳолии беш аз 2 ҳазор нафар дар наздикии ин партовгоҳ қарор доранд.
Дар гузашта партовҳои радиоактивии корхонаҳои истеҳсоли ураниумро аз аксари кишварҳои собиқ Иттифоқи Шӯравӣ ба Тоҷикистон оварда ва дар инҷо зери хок мекарданд. Дар Тоҷикистон беш аз 10 партовгоҳи хурду бузурги маводи радиоактив вуҷуд дорад. Аз соли 1992 ба ин тараф ба ҷуз партовгоҳи Табошар ва Деҳмой дар шимоли кишвар, дигар партовгоҳҳо то андозае бехатар гардонда шуда, болои онҳо бо хок пӯшонда шудаст.
Кишварҳои минтақа барои безарар кардани гӯрҳои радиоактивӣ тавони фанниву молӣ надорад, аз ин рӯ чашм ба сӯи Русия, меросбари Шӯравии собиқ дӯхтаанд. Сафорати Русия дар Тоҷикистон мегӯяд, ширкати давлатии "Русатом" бо пешниҳоди нахуствазирони кишварҳои узви ЕврАзЭС як барномаи шашсолаи пӯшонидани қабати болоии партовгоҳҳои Табошари Тоҷикистон ва партовгоҳҳои Каҷи Сой ва Минқушрии Қирғизистонро таҳия намуд, ки он баъдан аз тарафи Шӯрои ЕврАзЭС тасвиб шуд.
Мувофиқи ин барномаи 6-сола қабати болоии ин партовгоҳҳо бо баландии 2 ва 3 метр хок пӯшонда хоҳанд шуд. Маблағи татбиқи барнома ҳудуди 40 миллион доллари амрико, баробар ба 1 миллиарду 156 миллион рубли русӣ хоҳад буд, ки 75 дарсади он танҳо аз буҷаи Русия пардохта мешавад. Як масъули Оҷонсии бехатарии ҳастаиву радиоактивии назди Академияи улуми Тоҷикистон, Абдуҷаббор Саломов, мегӯяд, барномаи "Русатом"имкон медиҳад, ки партовгоҳҳои Табошар комилан бехатар гардонда шавад: "Хоҳем, нахоҳем, бояд ин партовгоҳҳо безарар гардонда шаванд. Оҷонсии мо дар онҷо ҳар моҳ мониторинг анҷом медиҳад. Дар ҳоли ҳозир атрофи партовгоҳҳоро симхор мегиранд. Мардум ҳам дигар ба он мавзеъҳо рафта наметавонанд."
Аммо сокнинони Табошар мегӯянд, танҳо як қисми атрофи партовгоҳ бо симтур маҳкам карда шудааст. Бахши бузурги он ҳанӯз боз аст ва рамаи гӯсфанди мардум субҳу шом онро убур мекунанд. Исо Зокиров, раиси пешини шаҳри Табошар мегӯяд, феълан дар доираи Созмони экологии "Амалиёт барои ҳаёт" ҳамроҳ бо як барномаи САҲА (ОБСЕ) байни мардуми атрофи партовгоҳҳо мулоқоту вохӯриҳо мегузаронанд. Ба назари экологҳои Тоҷикистон партовгоҳҳо ҳамчунон барои сокинони ин минтақаҳо хатар доранд ва ҳам манбаи хатарзо барои тамоми манотиқи Осиёи Марказӣ боқӣ мемонанд.