Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон ҳар киловати барқро ба Узбекистон 2-сентӣ мефурӯшад. ВИДЕО


Пас аз 9 соли таваққуф интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон ба Узбекистон шуруъ шуд. Мақомоти ширкати “Барқи тоҷик” гуфтанд, ки тибқи қарордод Тоҷикистон дар фасли тобистон ба кишвари ҳамсоя то 1,5 миллиард киловат соат нерӯи барқро бо арзиши 2-сентӣ (ҳар киловат) мефурӯшад.

"Интиқоли барқ имрӯз сурат гирифт"

Магар, хуб нест, ки ба ҷойи партоби холии об бо истифода аз ин захира нерӯи барқ тавлид карда, ба кишвари ҳамсоя фурӯшем? 1,5 миллиард киловат соат нерӯи барқ ҳудуди 30 миллион доллар мешавад.

Маҳмадумар Асозода, муовини аввали раиси “Барқи тоҷик”, рӯзи 3-юми апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, интиқоли нерӯи барқ ба Узбекистон ҳамин рӯз оғоз мешавад. “Рӯзи гузашта ҷониби Тоҷикистон нерӯи барқро танҳо то зеристгоҳи “Гулча” дар вилояти Сурхондарё анҷом дода буд. Ҷониби Узбекистон имрӯз корҳои боқимонда дар хатти интиқоли нерӯи барқро анҷом дода, содироти барқ аз Тоҷикистон ба Узбекистон пурра сурат мегирад”, - афзуд ӯ.

Навори видеоӣ дар инҷост:

Муовини раиси "Барқи тоҷик": Ҳар киловат барқро ба Узбекистон 2-сентӣ мефурӯшем
лутфан мунтазир бошед

No media source currently available

0:00 0:03:48 0:00

Тоҷикистон ба Қазоқистон ҳам барқ медиҳад?

Маҳмадумар Асозода дар идома гуфт, ки Тоҷикистон имкон пайдо кард тавассути хатҳои интиқоли нерӯи барқи Узбекистон барқи худро ба Қазоқистон низ содирот намояд. Дар посух ба ин суол, ки оё интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон танҳо тавассути хатҳои интиқолӣ аз ноҳияи Турсунзода сурат мегирад ё не, Асозода гуфт, “тавассути хатҳои интиқоли нерӯи барқ дар вилояти Суғд ва Хатлон низ ба кишвари ҳамсоя нерӯи барқ содир карда мешавад”.

Тоҷикистон ҳамасола ҳудуди 19 миллиард киловат соат нерӯи барқ тавлид мекунад. Маҳмадумар Асозода гуфт, бо фароҳам шудани шароити содироти нерӯи барқ ба Узбекистон, соли ҷорӣ имкони бе тавлиди нерӯи барқ партоб шудани оби обанборҳои бузурги Тоҷикистон комилан аз байн бурда мешавад.

"Бо Бишкек созишнома набуд..."

Маҳмадумар Асозода
Маҳмадумар Асозода

"Имсол Тоҷикистон барои фурӯши нерӯи барқ бо Қирғизистон шартнома имзо накарда буд. Афғонистон дар фасли тобистон бояд то 300 мегаватт дар як моҳ нерӯи барқ содир мекардем. Аммо ба далели тахриби зерсутунҳои хатти интиқоли нерӯи барқ дар қаламрави Афғонистон содироти он ба ин кишвари ҳамсоя қатъ шудааст. Ҷониби Афғонистон ваъда медиҳад, ки дар зудтарин фурсат хатти воридоти нерӯи барқ аз Тоҷикистонро бозсозӣ мекунад”, - афзуд Маҳмадумар Асозода.

Баҳром Сироҷов, раиси собиқи ширкати “Барқи тоҷик”, рӯзи 3-юми апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар шароити феълӣ фурӯши нерӯи барқ ба Узбекистон бо нархи 2-сентӣ барои Тоҷикистон фоидаовар аст.

Суду зиёни Тоҷикистон аз фурӯши барқ ба Узбекистон чист?

Ба иттилои Сироҷов, “мақомоти Тошканд ба хотири ҳамгироӣ бо Тоҷикистон нархи ҳар як ҳазор кубометр гази табииро бар ивази 120 доллар мефурӯшад ва Душанбе ҳам водор шуд, ки нерӯи барқро ба ин кишвари ҳамсоя арзонтар бидиҳад. Гузашта аз ин, феълан сатҳи обанбори нерӯгоҳи Норак аз солҳои гузашта 9 метр баландтар аст. Магар, хуб нест, ки ба ҷойи партоби холии об бо истифода аз ин захира нерӯи барқ тавлид карда, ба кишвари ҳамсоя бифурӯшем? 1,5 миллиард киловатт соати нерӯи барқ ҳудуди 30 миллион доллар мешавад.”

Ғуломиддин Сайфиддинов
Ғуломиддин Сайфиддинов

Аммо Ғуломиддин Сайфиддинов, собиқадори арсаи энергетикаи Тоҷикистон ва аз мунтақидони раҳбарияти феълии ширкати “Барқи тоҷик”, бар ин назар аст, ки “нархи нерӯи барқи содиротии Тоҷикистон ба Узбекистон бояд дастикам 5 маротиба бештар бошад. Ҳоло дар Тоҷикистон аҳолӣ барои ҳар як киловатт соат нерӯи барқ ҳудуди 17 дирам ё ду сент пардохт мекунад. Магар мо бояд бо айни ҳамин нарх барқро ба кишвари ҳамсоя ҳам фурӯшем?”

Вакили порлумон чӣ мегӯяд?

Баъзе дигар аз ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ мегӯянд, азсаргириии интиқоли нерӯи барқ ба Узбекистон мисли ҳар оғози дигар дар ҳамкориҳо бо ин кишвар пеш аз ҳама ба хотири ояндаи хуби сиёсии кишварҳо равона шудааст. Додуругифти ду ҳамсоя баъди 25 соли маҳдудият ва бастагии дарҳо тоза шурӯъ шудааст ва Тоҷикистон ҳам бояд пешниҳодҳое ба манфиати ҳамсоя дошта бошад.

Олим Бобоев, узви Маҷлиси намояндагон ва раҳбари Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ҳам аз онҳоест, ки аз шурӯи интиқоли нирӯи барқ ба Узбекистон тавсиф мекунад. Ӯ гуфт, нерӯи барқ аз ҷумлаи моли тавлидотӣ дар Тоҷикистон аст, ки метавонад ба ин кишвари ҳамсоя содир шавад. Бобоев гуфт, содироти барқ ба Тоҷикистон ҳам фоидаи молӣ меоварад ва ҳам дар ивазаш бозорҳои кишвар бо маҳсулоте ғанӣ мешаванд, ки дар Узбекистон бо истифода аз ин нерӯи барқ тавлид шудаанд.

"Роҳ наздик аст ва нарх ҳам - арзонтар"

Олим Бобоев
Олим Бобоев

Дар посух ба ин савол, ки оё нархи фурӯши нерӯи барқи Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя арзон нест, Олим Бобоев гуфт: “Қимати нерӯи барқи содиротӣ ба масофаи интиқол марбут аст. Яъне, агар кишвар дар масофаи дур қарор дошта бошад, хароҷоти интиқолаш бештар мешавад ва арзишаш ҳам гаронтар хоҳад буд. Бо дарназардошти ҳамсояи наздик будани Узбекистон, фикр мекунам, 2-сентӣ барои ҳар як киловат соат нерӯи барқ барои Тоҷикистон мувофиқ аст”.

Ёдовар мешавем, табодули нерӯи барқ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон моҳи ноябри соли 2009 дар пайи сардии робитаҳои миёни Тошканд ва Душанбе қатъ шуда буд. Аммо дар ду соли охир, баъд аз вафоти Ислом Каримов, президенти собиқи Узбекистон ва ба сари қудрат расидани Шавкат Мирзиёев робитаҳо дубора ба тадриҷ барқарор мешаванд. Дар соли гузашта ду кишвар миёни ҳам ба маблағи беш аз 200 миллион доллар тиҷорат кардаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG