Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон Талкоро бо Чин "тақсим" мекунад


Корхонаи алюминиюми тоҷик

Қарор аст, баъди ду соли дигар фаъолияти ширкати “Талко” қатъ шуда, дар ҷойи он корхонаи нави муштарак бо Чин барои тавлиди алюминий сохта шавад. Ба гуфтаи раҳбарияти ширкати “Талко”, барои сохтмони ин корхонаи нав 1,6 миллиард доллар зарур аст.

"Музокирот тақрибан ниҳоӣ шудааст"

Ҳоло Талко аз сабукиҳое барои истифодаи нерӯи барқи арзон бархӯрдор аст, аммо минбаъд Тоҷикистон метавонад арзиши нерӯи барқ барои ин корхонаи муштаракро боло барад. Пас, он вақт вазъи тавлиди алюминий чӣ хоҳад шуд?

Игор Сатторов, роҳбари департаменти таҳлил ва робита бо ҷомеаи ширкати "Талко", рӯзи 1-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, феълан бо дастури раҳбарони баландпояи Тоҷикистон ва Чин музокирот барои таҳияи қарордоди ниҳоӣ идома дорад. “Интизор меравад, дар зудтарин фурсат мақомоти ин ҳуҷҷатро имзо кунанд”, - афзуд ӯ.

Ба қавли роҳбари департаменти таҳлил ва робита бо ҷомеаи ширкати “Талко”, тибқи тавофуқоти аввалия сохтмони корхонаи нав дар маҳалли корхонаи ҳозираи алюминбарории Тоҷикистон бунёд хоҳад шуд. “Корхонаи нави муштарак дар тӯли 1 солу 8 моҳ бояд бунёд шавад. Баъд аз анҷоми сохтмони коргоҳи нав корхонаи “Талко” комилан аз байн меравад. Ҳоло наметавонам бигӯям, ки саҳми ҷониби Тоҷикистон ва Чин дар ин корхонаи муштарак чӣ маблағе хоҳад буд. Зеро ин сирри тиҷоратӣ маҳсуб меёбад”, - шарҳ дод ӯ.

Дар як сол - беш аз 500 ҳазор тонна алюминий

Игор Сатторов
Игор Сатторов

Игор Сатторов дар идомаи сӯҳбат афзуд, бунёди коргоҳи нави тавлиди алюминий барои иқтисоди Тоҷикистон фоидовар хоҳад буд. Зеро, ба қавли ин намояндаи ширкати “Талко”, фанновариҳои ҷадиди сохти чинӣ имкон медиҳанд бо сарфи миқдори ками нерӯи барқ тавлиди алюминий афзоиш дода шавад. Дар назди ин корхона, қарор аст, коргоҳҳои дигари тавлиди маҳсулоти алюминӣ таъсис шавад.

“Талко” корхонаи муштаракро бо ширкати чинии “Yunnan” бунёд хоҳад кард, ки аз собиқаи бузурги тавлиди алюминий дар кишвари худ бархӯрдор аст.

Игор Сатторов гуфт, "дар баробари сарфаи нерӯи барқ, истеҳсоли ин навъи фулузот афзоиш ёфта, корхонаи муштарак метавонад дар як сол беш аз 500 ҳазор тонна алюминий тавлид кунад. То ҳол исми корхонаи нави муштарак дар ҳоли баррасӣ аст ва, фикр мекунам, баъд аз имзои созишномаи ниҳоӣ ин мавзӯъ дақиқ хоҳад шуд”.

Ду тарафи як масъала

Шералӣ Кабиров, раиси Шӯрои мудирони ширкати "Талко" аз ҷониби Тоҷикистон чанд созишномаро бо ширкатҳои чинӣ ба имзо расонд. Моҳи сентябри 2017
Шералӣ Кабиров, раиси Шӯрои мудирони ширкати "Талко" аз ҷониби Тоҷикистон чанд созишномаро бо ширкатҳои чинӣ ба имзо расонд. Моҳи сентябри 2017

Нур Сафаров, таҳлилгари масоили иқтисодӣ, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ то ҷое аз тасмими "Талко" тавсиф кард, вале гуфт, “фаъолияти ин корхона дар дарозмуддат метавонад бо мушкилот рӯбарӯ шавад.”

Ӯ бар ин назар аст, ки “ҳоло Талко аз сабукиҳое барои истифодаи нерӯи барқи арзон бархӯрдор аст, аммо минбаъд Тоҷикистон метавонад арзиши нерӯи барқ барои ин корхонаи муштаракро боло барад. Пас, он вақт вазъи тавлиди алюминий чӣ хоҳад шуд? Аз тарафи дигар, Чин дар ҷаҳон миқдори зиёди корхонаҳои тавлиди алюминий сохтааст ва дар бозори ҷаҳонӣ арзиши алюминийро назорат мекунад. Тоҷикистон танҳо бо ширкати "Талко" тавони рақобат бо Чин дар бозори ҷаҳонии алюминийро надорад. Гузашта аз ин, Чин фанновариҳои ҷадидашро ба Тоҷикистон меоварад, ки дар ниҳоят ба коҳиши арзиши алюминий сабаб мешавад. Дар маҷмӯъ, ин омилҳо ба суди иқтисоди Тоҷикистон ҳоҳад буд.”

Пешниҳоди фурӯши Талко

Ширкати “Талко”, собиқ ТадАЗ (корхонаи алюмингудозии Тоҷикистон), дар миёнаҳои солҳои 60-ум сохта шуда, ширкати миллист.

Чанд чол пеш дар саҳифаҳои матбуот ин андеша ба миён гузошта шуда буд, ки “Талко” ба буҷети давлат андози чандон бузурге пардохт намекунад ва беҳтар аст фурӯхта шавад. Аммо он замон мақомоти Талко гуфтанд, корхонаи алюминиюм дар канори нерӯгоҳҳои Роғун ва Норак аз аҳамияти миллӣ бархӯрдор аст ва ҷузъи ифтихори миллист, ки ба фурӯш гузошта нахоҳад шуд.

"Талко"-- бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон солона даҳҳо ҳазор тонна алюминийи хом - як моли муҳими моли содиротии кишварро истеҳсол мекунад. Ин ширкат дар пайи поинравии нархи алюминий дар бозори ҷаҳонӣ дар чанд соли охир, дучори мушкили молӣ шудааст.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG