Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъолияти 19 корхонаи бузурги Тоҷикистон баҳсҳо дар бораи хусусисозии онро дубора матраҳ кард ва агар бархе мухолифи фурӯши онҳо бошанд, коршиносони дигар роҳи беҳбуди вазъи ин корхонаҳоро дар хусусигардонии онҳо мебинанд.

Корхонаи алюминбарории “Талко” дар соли гузашта танҳо 103 ҳазор тонна ин фулузи гаронбаҳоро тавлид кардааст, ки нисбати як соли қабл ҳудуди 70 ҳазор тонна камтар мебошад. Гулрӯ Ҷабборзода, муовини вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон 22-юми январ дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки коҳиши мизони тавлидоти “Талко” тӯли 5 соли ахир мушоҳида мешавад ва сабаби аслиаш мутобиқ набудан ба талаботи бозор будааст.

Ахиран коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ дар як гузориши худ изҳор доштанд, ки вазъи феълии иқтисодӣ водор месозад то ҳукумати Тоҷикистон корхонаҳои давлатии дар ихтиёр доштаашро хусусӣ созад.

Вай афзуд: “Дар бозори ҷаҳонӣ талабот ба алюминийи навъи А7 зиёд аст, аммо “Талко” ба далели фарсуда будани таҷҳизоташ солҳои ахир наметавонад ин навъи алюминийро тавлид кунад. Ба ин далел, маҷбур аст алюминийи сифатан пасттарро бо арзиши то 500 доллар камтар аз нархҳои ҷаҳонӣ фурӯшад. Бо дарназардошти гаронии ашёи хоми воридотӣ, ин корхона фаъолияти зараровар дорад”.

Хонум Ҷабборзода афзуд, ки дар феҳрасти корхонаҳои бузурги давлатӣ 19 муассисае вуҷуд дорад, ки фаъолияти онҳо судовар нест. Ба унвони мисол, ин масъули Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон аз ширкати “Тоҷик Эйр”, “Тоҷиксемент”, “Барқи тоҷик”, “Тоҷиксуғурта”, Корхонаҳои обу корези шаҳри Душанбе ва Хуҷанд ва боз чанд муассисаи дигаре ном бурд, ки ҳарчанд моли давлатӣ дониста мешаванд, вале фаъолияти зараровар доранд.

Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи иқтисод ва будҷаи Маҷлиси намояндагон.
Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи иқтисод ва будҷаи Маҷлиси намояндагон.

Коршиносон мегӯянд, ки баҳси манфиатнокии корхонаҳои истеҳсолии мисли "Талко" дар гузашта ҳам бархоста буд ва нав нест. Ба андешаи иқтисодшиносони ҳукумат, Тоҷикистон пеш аз тағйири мақоми ин ширкат бояд тамоми паҳлӯҳои онро омӯзад. Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи иқтисод ва будҷаи Маҷлиси намояндагон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар шарҳи ин мавзӯъ гуфт, ки ҳукуматро зарур аст барои тавсеаи фаъолияти ин корхонаҳо сармоягузорӣ кунад. Вай бар ин назар аст, ки ин корхонаҳои бузурги саноатӣ аз лиҳози таъмини суботи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон барои давлати кишвар аҳамияти муҳим доранд.

Ҷаноби Раҳимзода гуфт: “Ба унвони мисол, агар ширкати “Талко”-ро бигирем, дар атрофи ин корхона шаҳри бузурги Турсунзода бунёд шудааст ва бештаре аз сокинонаш машғули кор дар ин коргоҳ ҳастанд. Ҳоло ин ширкат бо кӯмаки сармоягузорони чинӣ фаъолияти худро таҷдид мекунад ва умедворем “Талко” дубора судовар мешавад. Дар мавриди ширкати ҳавоии “Тоҷик Эйр” низ ҳукумат фаъолияти онро бояд бозбинӣ кунад. Зеро ин ширкати миллии ҳавоӣ аст ва ҳифзи он вазифаи ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Дар маҷмӯъ, давлатро зарур аст фаъолияти бештаре аз корхонаҳои давлатиро дар ин шароити душвор сармоягузорӣ кунад”.

Ин дар ҳолест, ки ахиран коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ дар як гузориши худ изҳор доштанд, ки вазъи феълии иқтисодӣ водор месозад то ҳукумати Тоҷикистон корхонаҳои давлатии дар ихтиёр доштаашро хусусӣ созад. Аммо, бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ки ин корхонаҳо низ метавонад таҷрибаи талхи корхонаҳои хусусишуда дар солҳои 1990-ро такрор кунанд. Яъне, таҷҳизоту моликияти он ба яғмо рафта, маҳалли онҳо маъмулан ба фурӯшгоҳҳо ё бозорҳо табдил шаванд.

Абдуманнон Шералиев, коршиноси тоҷик.
Абдуманнон Шералиев, коршиноси тоҷик.

Аммо Абдуманнон Шералиев, коршиноси тоҷики муқими яке аз кишварҳои хориҷӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ мегӯяд, ки хусусисозии ин корхонаҳо танҳо роҳи наҷоти ин муассисаҳои зараровар мебошад. Вай мӯътақид аст, ки дар қарни 21 вазъият аз даҳаи солҳои 1990 ба куллӣ фарқ мекунад ва хатари комилан аз байн рафтани ин коргоҳҳо дигар таҳдид намекунад.

Абдуманнон Шералиев гуфт: “Ҳоло дар Тоҷикистон доираҳои соҳибкороне ҳастанд, ки тавони харидорӣ ва раҳбарии корхонаҳои бузурги саноатиро дар ихтиёр доранд. Дуруст аст, ки дар солҳои гузашта дар кишвар фасодкорӣ доман зада буд ва ҳатто корхонаҳои хусусӣ аз ин вабо эмин намонда буданд. Аммо ҳоло вазъият дигар аст ва тоҷирон бар ивази маблағи масрафкардаи харидории ин корхонаҳо талош мекунанд тавлидоти замонавие роҳандозӣ кунанд. Зеро суди аз фурӯши моликияти ин корхонаҳо ба даст омада, муввақатӣ аст. Тоҷирон мехоҳанд барои дарозмуддат фоида дошта бошанд”.

Зимнан, ширкати “Талко”, собиқ ТадАЗ (корхонаи алюмингудозии Тоҷикистон) дар миёнаҳои солҳои 60-и асри гузашта сохта шудааст. Баҳси суду зиёни усули толлинг ва бо қиммати имтиёзнок дарёфт кардани нерӯи барқ тайи солҳои ахир ба мавзӯи доғе дар ҷомеаи Тоҷикистон табдил шудааст.

Он замон дар саҳифаҳои матбуот ин андеша ба миён гузошта шуда буд, ки “Талко” ба будҷаи давлат андози чандон бузурге пардохт намекунад ва беҳтар аст фурӯхта шавад. Аммо ба гуфтаи раҳбарони “Талко” дар сурати бозсозиии таҷҳизоти тавлиди алюминий дар “Талко” масрафи нерӯи барқ ду маротиба камтар хоҳад.

Алюминий дар баробари нахи пахта аз маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Феълан як тонна алюминий дар биржаи металҳои рангаи Лондон бо қимати беш аз 2 ҳазор доллар хариду фурӯш мешавад ва яке аз ширкатҳои аслии воридкунандаи арзи хориҷӣ ба Тоҷикистон дониста мешавад.

Ширкати давлатии “Тоҷик Эйр” бошад расман 5 ҳавопаймо дорад. Ин ширкати давлатӣ борҳо гуфтааст, ки фаъолияти солонаашро бо зиён ҷамъбаст мекунад. Ахиран раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз мақомоти зирабти кишвар даъват кард, ки барои беҳбуди вазъи молии ин ширкат барномаеро таҳия кунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG