Пайвандҳои дастрасӣ

5 сармоягузоре, ки дар Тоҷикистон муваффақ нашуданд


Олег Дерипаска

Бизнеси байналмилалӣ ба бозори Тоҷикистон мисли бештари ҳамсояҳояш дар минтақа чун "бозори дар ҳоли рушд" муносибат мекунад. Ин ба маъноест, ки иқтисоди мо риски хеле зиёди бозпас надодани сармоягузориҳоро дорад. Аммо баъзан чунин вазъият сармоягузорони хурду бузурги хориҷиро, ки нақшаи ба даст овардани фоидаи зиёд ва зуд бозпас гирфитани маблағи худро доранд, наметарсонад.

Ин вазъият сармоягузорони "иқлими сарди сармоягузорӣ" дар Тоҷикистони офтобиро нороҳат кардааст.

Ҳоло панҷ ширкат ва афродеро раддабандӣ мекунем, ки дар солҳои истиқлол ба тарҳҳои иқтисодии Тоҷикистон сармоягузорӣ карда, аммо ноком шуданд:

1. Дерипаска Hyatt-ро бурда натавонист

Олег Дерипаска, раиси ширкати "Русал", дар оғози солҳои 2000-ум қасд дошт, корхонаи алюминиюми тоҷик (ҳоло Талко)-ро харида, нирӯгоҳи Роғунро созад. Он замон ширкат ҳамчун нишонаи ҳусни ният ду бинои бузург – меҳмонхонаи нахустини панҷситорадор дар Тоҷикистон Hyatt Regency Dushanbe ва як бизнес сентрро сохт. Онҳоро ширкати «Созидание» идора мекард. Бино ба ҳисобҳо, «Русал» барои ин ду иншоот тақрибан 215 миллион доллар (Hyatt Regency Dushanbe – 150 миллион доллар ва «Созидание» - 65 миллион доллар) харҷ кардааст. Бо гузашти тақрибан ду сол маълум шуд, ки роҳи ҳукумати Тоҷикистон ва олигархи рус дар масъалаи Роғун ва Талко фарқ мекунад.

Дмитрий Медведев
Дмитрий Медведев

Дар ҳоле ки баҳси тарафҳо дар додгоҳҳои байналмилалӣ бо нархҳои афсонавӣ ҷараён дошт, ин ду иншоот мисли инки чизе нашудааст, кор мекарданд. Соли 2014 маълум шуд, ки Талко баҳси додгоҳиро ба ширкати русӣ бохтааст ва танҳо пас аз он моликияти Олег Дерипаска дар Душанбе ҳам бо мушкил рӯ ба рӯ шуд.

Кумитаи андози Тоҷикистон ин иншоотро барои напардохтани 70 миллион доллар андоз муттаҳам кард ва аз рӯи он ба Додгоҳи олии иқтисодӣ шикоят бурд. Дар ин баҳс Кумитаи андоз дастболо гардид.

Баъдан, вақте Олег Дерипаска ва масъулони Талко сулҳ карданд, ба хулосае омаданд, ки ин ду бино ба ҷониби Тоҷикистон фурӯхта шавад. Аммо ҷараёни додугирифт ва нархи он паси парда монд. Манбае, ки нахост номаш бурда шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар натиҷаи ин додугирифт Русал бахши зиёди сармояҳояшро дар Душанбе аз даст дод.

2. "Газпром Интернешнл": Орзу на ҳама вақт амалӣ мешавад

Ба дунболи ваъдаи Дмитрий Медведев дар соли 2008-ум, ки он замон ба ҳайси раиси ҷумҳури Русия ба Душанбе омада буд, ин ширкати рақами аввал масъулияти таъмини ҷумҳурӣ бо гази худиро бар ӯҳда гирифт.

Hyatt Regency Dushanbe
Hyatt Regency Dushanbe

Ҳанӯз дар замони Шӯравии собиқ гуфта шуда буд, ки дар Тоҷикистон конҳои бузурги газ маҳфузанд ва ҳаҷми онҳо ба 850 миллиард метри мукааб мерасанд. Ширкати «Газпром Интерншнл» барои ҷустуҷӯи газ дар чанд кон иҷоза дарёфт кард, аммо натавонист ба конҳои воқеъ дар ҳудуди Бохтари вилояти Хатлон даст ёбад.

Корҳои иктишофии «Газпром Интернешнл» бо истифода аз фанновариҳои ҷадид чанд сол идома кард. Ширкат то чуқурии 7 километр рафт, аммо ба ҷуз аз ҳаҷми ками маводи аввалияи саноатӣ чизи дигаре наёфт. «Газпром Интернешнл» барои идомаи корҳои иктишофӣ аз ҳукумати Тоҷикистон дархости имтиёз кард, вале чизе нагирифт. Баъдан эълон кард, ки муҷаввизашро супурда кишварро тарк мекунад. Дар вебсайти расмии ширкат гуфта шудааст, ки онҳо барои корҳои иктишофӣ дар Тоҷикистон тақрибан аз 110 то 120 миллион доллар харҷ кардаанд.

Бояд гуфт, дар ин муддат ду ширкати нафтии Total (фаронсавӣ) ва CNPC (чинӣ) ҳам эълон карданд, ки муҷаввизи худро барои корҳои иктишофӣ дар вилояти Хатлон месупоранд.

3. Собиқ андозсупорандаи беҳтарин

Ширкати мобилии Tcell солҳои тӯлонӣ яке аз ширкатҳои муваффақ на танҳо дар бозори мухобиротии Тоҷикистон, балки дар тамоми минтақа ба шумор мерафт. Ин ширкат ду дафъа аз тарафи Кумитаи андози Тоҷикистон андозсупорандаи беҳтарини ҷумҳурӣ эътироф шуда буд.

Ширкати Tcell яке аз камтарин намунаи сармоягузории мустақими Ғарб ба иқтисоди маҳаллист. Соҳибони саҳмияҳои Tcell ширкати шведии Telia ва Бунёди Оқохон оид ба иқтисод ва рушд ҳастанд.

Соли 2013, баъди онки таҳқиқот дар Швейтсария маълум кард ширкати Телиа дар муомилоти олуда ба фасод дар Узбакистон иштирок дошт ва ба пардохти 1,4 миллиард доллар муваззаф шуд, кораш ба мушкил печид. Маъмурияти нав қарор кард, ки ширкат аз бозори кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил берун биояд. Аммо натавонист, Тоҷикистонро тарк кунад.

Соли 2016, вақте Telia барои саҳмияҳои худ соҳиб ёфт ва он ҳам Бунёди Оқохон буд, ҳукумати Тоҷикистон ин муомиларо ба бунбаст бурд. Дар ин давра Кумитаи андози Тоҷикистон алайҳи ҳамаи ширкатҳои мухобиротӣ барои фирор аз пардохти молиёт шикоят бурд ва «Тселл» ба пардохти 20 миллион доллар муваззаф шуд.

4. Сели сармояҳо ба семент

Доираҳои тиҷоратӣ соли 2017 матлаби нашрияи South China Morning Post дар бораи рискҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд. Дар ин матлаб аз чанд муомилаи номуваффақи сармоягузорони чинӣ, аз ҷумла Ҷӯ Байлин мисол оварда шудааст.

Ба навиштаи нашрия, Ҷӯ Байлин соли 2014 барои сохтмони корхонаи тавлиди сементи “Тоҷ-Чайна” дар шаҳри Ваҳдат 25 миллион доллар сармоягузорӣ карда, барои ҳалли баъзе масоил бо мақомот ба худ коршарики тоҷик гирифтааст. Баъди як сол ширкат таҳти бренди «Ёқут» маҳсулоташро ба бозор баровард. Сармоягузори чинӣ аз идораи корхона маҳрум карда шуд. Ба қавли ин тоҷири чинӣ, муноқишаи миёни онҳо таҳти фишори мақомоти интизомии Тоҷикистон хотима ёфт.

Байлин дар суҳбат ба хабарнигори нашрия иддао кардааст, ки моҳи сентябри соли гузашта мақомоти тоҷик аз сармоягузорони чинӣ талаб кардаанд, ба шартҳои саҳмдорони тоҷик ризо шаванд. Байлин дар ниҳоят ба иҷораи корхонааш бо нархи 454 ҳазор доллар ризо шудааст, вале гуфтааст, коршарикони тоҷик ҳамагӣ сеяки ин маблағро ба ӯ мефиристанд. Аммо мақомоти тоҷик ин иддаоро рад карда, баръакс, ӯро муттаҳам мекунанд, ки ба кишвар таҷҳизоти куҳнаро ворид намуд.

5. Фирташ

Дмитрий Фирташ, тоҷири маъруф, ки ҷилави фурӯши гази Туркманистон дар Украинаро дар даст дошт, соли 2000-ум чанде аз корхонаҳои кимиёвӣ дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла Тоҷиказот дар шаҳри Сарбанди Тоҷикистнро харидорӣ кард. 75 дарсади саҳмияҳои Тоҷиказот дар дасти ӯ, 20 дарсадаш дар ихтиёри ҳукумат ва 5 дарсадаш дар ихтиёри писари вазири собиқи саноати Тоҷикистон Зайд Саидов боқӣ монд.

Соли 2014 мақомоти тоҷик ин ширкатро миллӣ карданд. Ширкати Фирташ – Group of DF – баъди 12 соли хусусигардонии ин корхона барои нақзи меъёрҳои хусусигардонӣ, аз ҷумла фурӯши баъзе моликияти корхона бидуни ҳамоҳангӣ бо ҳукумат ва инчунин напардохтани 2 миллион доллар андоз муттаҳам шуд.

Дмитрий Фирташ
Дмитрий Фирташ

Ин баҳс ба ифтитоҳи парвандаи алайҳи Фирташ аз тарафи ФБР-и Амрико ва боздошти ӯ дар Австрия рост омад. Австрия ӯро таслим накард, аммо Фирташ натавонист тақрибан се сол аз он кишвар берун биравад.

Гуфта мешавад, ин олигархи украинӣ дар Тоҷикистон 15-20 миллион долларашро «гум кардааст». Дар муқобили дороиҳои Фирташ, ки 1,5 миллиард доллар ҳисоб мешавад, ин пули кам аст, аммо далел ин аст, ки ӯ ҳам корхонаи «Тоҷиказот»-ро аз даст дод ва ҳам пулеро, ки барои хусусгардонии он ба буҷет пардохта буд, бозпас нагирифт.

Ин вазъият сармоягузорони "иқлими сарди сармоягузорӣ" дар Тоҷикистони офтобиро нороҳат кардааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG